- Вусъати корҳои созандагию ободкорӣ дар ноҳия бевосита аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи чанд иншооти иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатӣ иштирок ва бо мардуми ноҳия суҳбату вохӯриҳои самимӣ доир намуданд, — гуфт раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло ва идома дод:
- Маълум аст, ки рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо ҷузъи таркибии Стратегияи миллии рушд маҳсуб меёбад. Дар доираи татбиқи самараноку саривақтии он ва барномаҳои давлатӣ, ки омили асосии баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аст, симои ноҳияи Хуросон куллан тағйир ёфт. Биноҳои навсохт, иншооти таъиноти иҷтимоидошта, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо бозгӯйи ободу зебо гаштани ин гӯшаи диёрамон мебошанд.
Дар асоси супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардид, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад. Нақшаи генералии ноҳия низ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Дар робита ба корҳои ободонию созандагӣ Сафарзода Раҳматулло Хайрулло чунин иброз дошт:
- Дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия иншооти замонавии таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиик бинои нави қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур бо маблағгузории соҳибкор Амонулло Асадуллоев бунёд гардида, панҷ ҳуҷраи корӣ, ду толор ва чор пешайвони барҳаво дорад. Қасри фарҳанг дар мавзеи наздик ба гулгашти зебо, чойхона ва шоҳроҳи асосии Душанбе — Қӯрғонтеппа ҷойгир аст.
Дар ин маҳалла, ҳамчунин меҳмонхона бо маркази хизматрасонии маишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз се ошёна иборат буда, дар он шароити созгори истиқомат барои меҳмонон ва хизматрасонии гуногун барои аҳолӣ фароҳам оварда шудааст. Иншооти навбунёд аз 6 толор, 4 маркази савдо, тарабхона, ду ошхона ва ғайра иборат буда, дар он 36 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиик, ҳамчунин бинои нави бахши Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва як маркази нави таълимию касбомӯзӣ ба истифода дода шуд.
Он аз ду ошёна иборат буда, аз ҳисоби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар як солу се моҳ сохта шудааст ва аз чор маркази хизматрасонии бонкӣ, се нуқтаи интиқоли маблағ ва мубодилаи асъор иборат буда, ба беш аз 7 ҳазор нафар хизмат менамояд.
Дар ноҳия, ҳамчунин Маркази нави таълимии касбомӯзӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он аз бинои асосии дуошёна ва бинои ёрирасони якошёна иборат буда, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд бунёд гардид.
Дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти «Ғаллаобод» бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуд, ки аз ду ошёна иборат мебошад ва барои 500 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Инчунин, як мактаби дигар барои 500 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ифтитоҳи силсилаи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳия идомаи тадбирҳои ободонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, оянда ба беҳдошти сатҳи зиндагии боз ҳам хубтари сокинони ноҳия, фароҳамсозии ҷойҳои кории нав, муосиркунонии шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани хоҳишмандон аз ҳисоби аҳолии бекор мусоидат хоҳад кард.
Бо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконияти рушди бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фароҳам мешавад. Ҳоло татбиқи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураҳои ҷамоавӣ», лоиҳаи «Бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ» ва ғайра идома дорад.
Ба соҳаи кишоварзӣ дар раванди ислоҳот ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодии кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии мустақим дорад. Ин буд, ки соли ҷорӣ кишоварзон тавассути имконияту захираҳои дохилӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 295 млн. 847 ҳазору 500 сомонӣ расид, ки 105,5 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар хоҷагиҳои ноҳия 18580 тонна ғалладона, 3789 тонна картошка, 13471 тонна сабзавот, 5038 тонна полезӣ ва 1260 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ шуд.
Ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар соли 2016 дар ноҳия бунёди 60 гектар боғ ба нақша гирифта шуд. То ин давра дар майдони 134 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки баробари 200 фоизи нақша мебошад. Иқлими ноҳия, бахусус минтақаи Фахробод, барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ мусоид аст. Танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия беш аз 1400 гектар боғи нав бунёд шуд. Вобаста ба зиёд гаштани истеҳсоли меваю ангур корхонаҳои коркард ва сардхонаҳо сохта мешаванд.
Нишондодҳои соҳаи чорводории ноҳия низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд аст. Ҳоло саршумори чорвои калон ба 2583, моли майда 9232, паранда ба 3600 сар расидааст.
Корхонаҳои саноатии ноҳия бо секторҳои хусусӣ 43 млн. 728 ҳазору 700 сомонӣ, аз ҷумла 5887 тонна орд, 400,6 тонна равғани растанӣ ва 641,1 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол карданд.
Ноҳия дорои 48 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти асосӣ, чор кӯдакистон, литсей, муассисаи таҳсилоти иловагӣ аст, ки дар онҳо 23 473 нафар хонанда, аз он ҷумла 11 222 нафар духтар таълиму тарбия мегиранд.
Толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ сазовори 5 медали тилло, 5 медали нуқра ва 31 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар соли таҳсили 2016-2017- ум 1332 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ — техникӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат дохил шудаанд.
Дар ноҳия хонаи маданияти марказӣ, чор хонаи маданияти деҳотӣ, китобхонаи марказӣ, 12 китобхонаи деҳотӣ, осорхонаи таърихӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатии марказӣ ва ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» фаъолият мекунанд.
Шумораи варзишгоҳҳо ба се адад расидааст. Варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 7 медали тилло, 7 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
- Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар пешравию шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саҳм мегузорем, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Сафарзода Раҳматулло Хайрулло.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»