Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад. Банда аз матолиби дар мавзӯи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тамомияти марзӣ, худшиносии миллӣ ва дигар масоили марбут ба ин муқаддасот қариб пурра огоҳам. Равшан аст, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.
Замоне буд одамон тавассути камону тир ва танку тӯп бо ҳам мубориза мебурданд. Айни замон ҷойгоҳи онҳоро идеология ба таври чашмрас танг намудааст. Аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад.
Боиси таассуф аст, ки дар кишвар саҳми воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ мувофиқи матлаб нест. Он сабабҳои худро дорад ва ҳавасманд набудани мақомоти марбута дар самти пешниҳоди далелу арқом ва ироаи нуқтаи назар аз мушкили калидӣ ба ҳисоб меравад. Борҳо шудааст,ки ҷиҳати тақвияти матолиб вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои марбута муроҷиат намуда, аз онҳо хомӯшӣ, гурез аз пешниҳоди далелу арқом ва ироаи нуктаи назарашонро «подош» гирифтааму халос. Ҳол он ки мусоидат ба журналист дар нашри матолиб вазифаи ҷонии онҳост.
Аз ин рӯ, таъсиси ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» (зинаи магистратура) аз ҷониби роҳбарияти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат аст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки масъулини донишкада моҳияти тавсеа бахшидани корҳои идеологиро хуб дарк намудаву аз манфиати он огоҳанд.
Ректори донишкада Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ дар шарҳи ибтикори мазкур минҷумла гуфт, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2015 ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи ихтисоси 98.01.01- «Амнияти иттилоотӣ» (зинаи магистратура) иҷозат дода шуд.
Ҳадафи асосӣ татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра маҳсуб мешавад.
Мутахассисони аз рӯи ихтисос омодашаванда дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот саҳмгузор хоҳанд буд. Амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад,
- Бо дарназардошти муҳимияти масъала 7 ноябри соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир гардид. Дар асоси он, Барномаи таъмини амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 тасдиқ гардид. Хушбахтона, барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам дар инъикоси таҳаввулоти дар ҷомеа баамалоянда шароити мусоид фароҳам омадааст. Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд. Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» 14 марти соли 1992 қабул шуд. Худи ҳамон сол ва дар солҳои 1996, 1999, 2002 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, такмил доданд. Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад. Бо дарки ин зарурат ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи журналистӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул шуд ва он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардид. Биноан, метавон гуфт, озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад, — мегӯяд Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ.
Соли равон аввалин хатмкунандагони ихтисоси амнияти иттилоотӣ, ки 23 нафаранд, ба фаъолият оғоз намуданд.
Онҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ кардаанд.
- Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хоса онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки иттилоърасонҳо неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо — сулҳу ваҳдат равона менамоянд, — иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»