Бозгашт ба мавзӯъ

Иқдоми раиятпарваронаи Пешвои миллат бетаъхир самар овард

№104 (4524) 22.08.2022

2052496Тавре ҳамватанонамон иттилоъ доранд, моҳи ноябри соли 2019 ­Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ»-ро имзо карда буданд, ки моҳиятан идомаи мантиқии сиёсати раиятпарварона маҳсуб мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки то қабули қарор шахсони воқеӣ ҳуқуқи машғул гардидан ба чунин тарзи фаъолиятро, ки миёни мардум чун заршӯӣ маъмул аст, надоштанд. Қабули қарори мазкур аз сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи гунонуни мамлакат маншаъ гирифтааст, зеро дар ҷараёни сафарҳо мардум аз Роҳбари мамлакат дар ин хусус хоҳиш карда буданд.

 Натиҷаҳои ин иқдомро мо зимни нишасти матбуотӣ 18 июли соли ҷорӣ аз вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода пурсон шудем. Бино ба гуфти ӯ, аз замони қабули қарори зикршуда қариб 7000 нафар иҷозатномаи дахлдорро ба даст оварданд. Ба саволи корманди рӯзнома дар бобати ҳаҷми тиллои истихроҷшуда вазир минҷумла гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ашхоси мавриди назар ба нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо таъсисдодаи хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чор кило тилло фурӯхтанд. Ба андешаи масъулин, яке аз сабабҳои асосии бемайлон зиёд шудани сафи нафарони ба ин кор машғул ба сода будани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ рабт дорад.

 Тавре вазири молия шарҳ дод, шахси воқеӣ аризаро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мақомоти молияи маҳаллӣ пешниҳод менамояд ва ҳуҷҷатҳои аризадиҳанда аз ҷониби мақомоти ­молияи маҳаллӣ дар муҳлати пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мешавад. Баъд аз тасдиқ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти молияи маҳаллии дахлдор ба аризадиҳанда дастрас мегардад.

 Вобаста ба ҳуқуқҳои дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зикр шуд, ки ӯ ҳуқуқ дорад, ки истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро бо истифода аз асбобҳои дастӣ, техникаи иқтидори муҳаррикаш на зиёда аз 50 қувваи асп ва дастгоҳҳои хурди тиллошӯӣ, бо иқтидори истеҳсолии на зиёда аз 5м3/соат иҷро ва маҳсули бадастомадаро барои харидорӣ ба нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо расман амалкунанда ва корхонаҳои саноатие, ки дорои иҷозатномаи коркарди маъданро доранд (ба истиснои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо) пешниҳод намояд.

 Табиист, ки дар баробари ҳуқуқ, барои дорандаи чунин ҳуҷҷат як силсила уҳдадорӣ муқаррар гардидааст, ки риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба технологияи пешбурди корҳо вобаста ба истифодаи қаъри замин ва бехатарии саноатӣ, барқарор намудани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки ҳангоми истифодаи қаъри замин хароб шудаанд, дар минтақаҳои сарҳадӣ танҳо дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан аз ҳамон ҷумлаанд.

 Барои бештар огоҳ шудани шаҳрвандон аз моҳияти ин иқдом аз масъулини Вазорати молия пурсидем, ки минтақаҳои барои фаъолият мувофиқ аз ҷониби кадом сохтор муайян ва ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда чиҳо ворид гардидаанд? Масъулин посух доданд, ки қитъаҳои водӣ ва шохобҳои дарёҳои ҷумҳурӣ ва сангрезаҳои доманакӯҳҳои дар шаҳру ноҳияҳо мавҷудбуда, ки дар онҳо канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ истихроҷ карда мешаванд, аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

 Донистан муҳим аст, ки ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки истихроҷи онҳо бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат дода мешавад, металлҳои қиматбаҳо ва ранга — тилло, нуқра, платина, қалъагӣ, волфрам, титан, минералҳои унсурҳои нодирзаминӣ, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо — гурӯҳи корундёқути сурх ва ёқути кабуд, хризолит, топаз, азрақ, лаъл ва квартс дохил мешаванд.

 Ашхоси чунин тасмимдошта бояд донанд, ки барои қитъаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ талаб карда намешавад. Ҳамчунин, мадди назар бояд дошт, ки ҳангоми истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ истифодаи маводи кимиёвӣ манъ аст.

 Талаботи дигаре, ки шаҳрвандони дорои чунин фаъолият бояд риоя кунанд, фурӯхтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда ба хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо таъсисдодаи хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар сурати дар шакли хаттӣ рад кардани харид аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, маҳсулоти истихроҷшуда бояд ба дигар нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо таъсисёфта пешниҳод гардад.

 Шаҳрвандон бояд дарк кунанд, ки пинҳон кардани маҳсулоти истихроҷшуда, инчунин, риоя накардани қоидаву талаботи бехатарӣ дар пешбурди кор, асос барои бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шуда метавонад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»