Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло дар арафаи таҷлили сиюмин солгарди он қарор дорем, бори гарони сарварии кишварро бар дӯши фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Эмомалӣ Раҳмон дар маснади намояндагӣ то ин иҷлосия вакилони ҳақиқатҷӯ ва дурӯяро шинохта буд. Сарвари давлат вакилони он даъватро бо андешаҳои аз хостаҳои мардум баамаломада ба адлу инсоф даъват мекард.
Дар натиҷа, ақли солим пирӯз гардид, вакилон шакли парлумонии роҳбарӣ ба кишварро дар он давраи ҳассос пазируфтанд. Барои он имрӯз мо бо ихлосмандии самимӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз мегӯем, ки хушбахтона, дар он вакилони мардумӣ бо раъйи мувофиқашон ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон эътимод намудаву ӯро Сарвари давлат интихоб карданд.
Мухтасар гӯем, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшида тавонистан, баргардонидани гурезаҳо аз кишварҳои хориҷӣ ва бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ ва муборизаҳои Сарвари давлат алайҳи онҳое, ки мухолифи дубора аз сар гирифтани бунёди НБО «Роғун» буданд, қаҳрамонӣ ва мардонагист. Роҳбари давлат бо дарки моҳияти масъала аз рӯзи аввал истеҳсол ва истифодаи неруи барқро дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар мадди аввал гузоштанд. Дар натиҷаи талошу кӯшишҳои роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат, таваҷҷуҳи саривақтӣ ба мушкилоти мардум буд, ки барои самаранок истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас амалӣ гаштанд. Дар ин давра, тибқи маълумоти мавҷуда, дар Тоҷикистон 274 неругоҳи хурду миёнаи барқи обӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар эъмори неругоҳҳо саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст.
Ташаббуси бузург ва таърихие, ки аз ҷониби Сарвари давлат амалӣ шуд, бунёди НБО «Роғун» мебошад. Дар доираи коршиносони байналмилалӣ, хусусан минтақа, баҳсу мунозираҳо дар атрофи хатари он ба минтақа муғризона роҳандозӣ шуда буд, вале Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекарданд, ки бунёди НБО «Роғун» барои мардуми тоҷик зарур аст. Баъзе аз намояндагони воломақом ва коршиносони соҳаи энергетикаи кишварҳои хориҷӣ онро хатарноку ба муҳити зисти минтақа зараровар маънидод мекарданд. Баъзеҳо бунёди онро боиси нарасидани об ба кишварҳои поёноб медонистанд ва ошкоро мегуфтанд, ки Тоҷикистон иқтидори сохтмони чунин иншоотро нахоҳад дошт ва кӯшишу талошҳои роҳбарияти давлат беҳуда аст.
Бо вуҷуди мушкилиҳои сиёсию иҷтимоӣ, буҳрони молиявӣ, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қароре омад, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» бояд сохта шавад. Дар мавриди аҳамияти бунёди ин неругоҳ дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон ва минтақа, дар масъалаи истифодаи захираҳои обию энергетикии кишварамон чунин изҳор намуданд: «Мардуми мо яке аз қадимтарин халқҳои ин марзу бум аст ва дар давоми асрҳо бо ҳамсояҳои худ дар оромию осоиш ва муросову мадорро зиндагӣ кардааст ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт».
Ояндаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишу фарҳанги баланд, таҷрибаи ҳаёт ва маҳорату малакаи касбӣ, талошу кӯшишҳои зиёду пайвастаи Пешвои миллат манфиатовар будани сохтмони ин неругоҳро аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ба ҷаҳониён собит намуд ва бо гузаронидани ташхиси байналмилалӣ устувории сохтмони он ниҳоят тасдиқ гардид. Маҳз ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншооти стратегии муҳими кишвар бо ҷӯшу хурӯш идома ёфт. Агар соли 2008 барои сохтмони он 2780 мутахассис ва коргар сафарбар гардида бошад, соли 2018 дар арафаи ба истифода додани агрегати якуми он теъдоди онҳо ба 21 ҳазору 268 нафар расид.
Пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби аҳолӣ ва ҳамватанони бурунмарзиамон дар хусуси саҳмгузорӣ ба эъмори Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлат ва саҳмияҳои аҳолӣ гарму ҷӯшон истиқбол гардид, зеро мардум аз камбуди барқ, хоса дар давраи зимистон ба танг омада буданд ва мефаҳмиданд, ки бунёди бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа замонати пешрафти тараққиёт, болоравии иқтисоди миллӣ, некуаҳволии халқ ва зиндагии шоистаи Ватанамон мегардад.
Бо ҳиссагузорӣ аз ҷониби халқ ва бо талошҳои Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба истифода додани агрегатҳо кор авҷи тоза гирифт. Дар бунёди иншооти бузурги аср дар паҳлуи ширкатҳои ватанӣ, ширкатҳои хориҷӣ ҳам иштирок намуда, дар раванди таҳкими иқтисодӣ ва муносибатҳои дӯстона саҳм гузошта истодаанд. Ҳоло ҳам дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар баробари 35 ширкати ватанӣ беш аз даҳ ташкилоти хориҷӣ дар кори лоиҳакашиву сохтмонӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Хулоса, идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср, ба қавли мардуми миннатпазири кишварамон, маҳз ба шарофати сиёсати ватандорӣ, худшиносӣ ва бунёдкориву ободкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд.
Самандар ИСКАНДАРОВ,
рӯзноманигор