Ҳамгироӣ

«100 ғоя барои ИДМ» — лоиҳаи байналмилалии ҷавонон

№69 (3863) 05.06.2018

Кохир РасулзодаЯкуми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҳамоиш мулоқоти роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, сипас дар  бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кор шурӯъ намуд.

Ҳамчуноне Қоҳир Расулзода дар брифинг бахшида ба натиҷаҳои ҷаласа иброз дошт, ҳамоиш дар рӯҳияи конструктивӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ  сурат гирифта, ҳайатҳо масъалаҳои  муҳими  байналмилалӣ ва  минтақавиро дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори умед карданд, ки он ба таҳким ва  густариши ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат хоҳад намуд.

- Авзои  имрӯзаи ҷаҳон водор менамояд ҳамкориро ба  нафъ рушд бахшем ва дар ҳама самт робитаро густариш бахшида, муборизаро бо  равандҳои номатлуб тақвият  бахшем, — гуфт Қоҳир Расулзода.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа рушди технологияҳои  инноватсионӣ дар соҳаи электроэнергетика маҳсуб меёфт ва   татбиқи нақшаи чорабиниҳои онро дар минтақа, муҳим шумориданд. Иштирокчиён, ҳамчунин созишномаро дар бобати муносибат бо  партовҳои электроэнергетикӣ баррасӣ карда, ба тасвиб расониданд.

Лоиҳаи байналмилалии ҷавонон — «100 ғоя барои ИДМ» низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буд, ки мавриди баррасӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифта, низомномаи он тасдиқ гардид. Дар доираи он ҳар ду сол озмун баргузор шуда, 10 мавзӯи рушди ИДМ-ро дар соҳаҳои  иқтисодиёту иҷтимоиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти минтақавӣ фаро хоҳад гирифт.

Раиси кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей  Лебедев миннатдории ҳайатҳои  иштирокчии ҷаласаро ба мизбонон барои  меҳмоннавозӣ ва пазироии самимона изҳор намуда, аз ҷумла гуфт, ки чорабинӣ яке аз тадбирҳои  муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсат дар ИДМ маҳсуб ёфта, хеле сермаҳсул буд. Ҳамдигарфаҳмии комил рӯҳияи хоси ҷаласаи онрӯза буд ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  кори пурмаҳсули он мусоидат намуд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»