Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар иштирокчӣ ва маъюби ҷанг ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо карда шуд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои қадршиносии корнамоии иштирокчиён ва маъюбони ин ҷанг аз пойтахт ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ ба иштирокчиён ва маъюбон кумакҳои моддию молиявӣ мерасонанд.
Кумаки яквақтаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанг дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 9-уми майи имсол аз ғалаба бар фашизм 79 сол пур мешавад. Ғалабае, ки дар таъмини он зиёда аз 300 ҳазор ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷикистонӣ саҳм доранд ва 92 ҳазор нафарашон аз майдони ҷанг барнагаштанд. Дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бештар аз 50 ҳазор ҳамватанони мо ба гирифтани ордену медалҳои ҷангӣ ва 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардидаанд.
Солҳои набард бар фашизм дар ақибгоҳ асосан занону кӯдакон ва пиронсолон фаъолият доштанд. Дар ин давра ба Хазинаи мудофиа зиёда аз 1 миллиард сӯм ва 40 ҳазор пуд ғалла ворид гардидааст. Мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои шахсии ҷамънамудаашон колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» ва эскадрилияи тайёраҳои ҳарбии «Тоҷикистони Шуравӣ» ташкил намуда, ба ҷабҳаҳо 151 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123,8 ҳазор пӯсти гӯсфанд, 93,4 ҳазор кг пашм ва зиёда аз 25 ҳазор метр матоъ фиристоданд.
Дар он солҳо як қатор корхонаҳо аз қисми ғарбии Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла аз Феодосия, Симферопол, Полтава, Москва ва ғайра, ба Тоҷикистон кӯчонда, истеҳсоли аслиҳа, тир, либоси аскарӣ, матои парашют ба роҳ монда шуда буд. Соли 1941-ум 50 фоизи коргаронро занҳо ташкил медоданд ва соли 1945 саҳми онҳо ба 70% расида буд. Дар солҳои 1941-1945 саноати бофандагӣ 179 ҳазор тонна нахи пахта, 770 тонна нахи пилла, 7,7 миллион метр матои абрешимӣ истеҳсол намуд. Ба ҷабҳа аз ақибгоҳ ҳазорҳо тонна гӯшт, пашм, мева ва ғайра фиристода шудааст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ 25 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, 23 оилаи дар ҷанг бесаробонмонда, 170 нафар заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг ҳаёт ба сар мебаранд.
Иштирокчиёни ин ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар қайди дармонгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо буда, ба таври доимӣ ба онҳо хизмати тиббии ройгон расонда мешавад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»