ҲАҚҚИ ҲАЛОЛАМРО НАМЕДИҲАНДУ ХОНААМРО ДИГАРОН СОҲИБӢ КАРДАНД

№72 (3552) 04.06.2016

Чанд сол мешавад, ки барои гирифтани ҳаққи ҳалоли хеш сарсону саргардон гаштаам. Солҳои зиёд дар муассисаҳои гуногун ронанда будам. 16-уми феврали соли 1979 вақти кор, яъне таъмири автомашина, дар МНА №27-и ноҳияи Москва (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) коробкаи автомашинаи боркаши ЗИЛ-130 ба болоям афтод. Дар натиҷа, маъюби гурӯҳи II шудам.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 1108 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарар вобаста ба паст гардидани қобилияти меҳнатӣ ё марги ҷабрдида бояд ҳар моҳ пардохт шавад.

Дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Фархор аз 22 июни соли 1984, аз ҳисоби Муассисаи нақлиёти автомобилии №27-и ноҳияи Москва ҷуброни зарар аз 16 феврали соли 1979 то соли 1992 ба маблағи 2884 сӯми шӯравӣ ба фоидаи ман рӯёнида шуд. Сипас, бо каме тағйирот дар асоси ҳалномаи суди ин ноҳия аз 31 марти соли 1992 то соли 1995 товони зарарро ҷуброн намуданд. Соли 2013 бошад, 10637 сомонӣ гирифтам. Маблағи боқимонда, ки аз соли 1995 то соли 2007 бояд ба ман пардохт мешуд, то ҳол нашудааст.

Бо тавсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва прокуратураи шаҳри Душанбе қарор шуд, ки ҳармоҳа ҷуброни зарар ба андозаи 112 сомонӣ тариқи зам намудани он ба нафақаи ман тавассути Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шавад. Вале то ба ҳол ғайр аз 200 сомонии нафақаам ҷубронпулии мавриди назарро нагирифтаам.

Бо сабаби бад будани саломатиам аз моҳи январ то августи соли 2012 дар беморхонаҳои Қарияи Болои пойтахт ва Мачитони шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудам. Вақте ба хонаам, ба деҳаи Сафар Гадоии деҳоти «Панҷрӯд» ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ баргаштам, дар хонаам шахсони бегона зиндагӣ доранд. Аз онҳо хоҳиш намудам, ки хонаро холӣ кунанд. Аммо яке аз онҳо, ки Ҳасан ном дорад, бо таҳдид маро аз хонаам берун намуд.

Ман ба шаҳри Душанбе омада, аз бойгониҳо ҳуҷҷатҳоеро, ки соҳибмулк буданамро тасдиқ мекарданд, бо худ гирифтам. Оид ба худсариҳои Ҳасан ва модараш Ниёзова Шамъигул борҳо ба мақомоти дахлдор хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат намудам. Аммо то ҳол аз тарафи мақомоти қудратӣ нисбати Ш. Ниёзова ва писараш ягон чора андешида нашудааст. Баръакс «соҳибони нав»-и хонаам 600 дарахти сояафкану 43 дарахти мевадорро решакан карданд. Чанд маротиба бо шариконашон ба ман сӯиқасд ташкил намуданд.

Аз рафтори кормандони ҷамоат ва мақомоти қудратии ноҳия чунин бармеояд, ки онҳо ғосибони манзили маро пуштибонӣ мекунанд.

Ман ба Шӯрои адлия, Вазорати адлия, раиси вилояти Хатлон Д.Гулмуҳаммадзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳаёт Одинаев ва дигар мақомот муроҷиат намудам. Маро дар ҳама ҷо хуб мефаҳманд, вале ҳуҷҷатҳоро барои баррасӣ боз ба ноҳия мефиристанд. Дар натиҷа, мушкил ҳалношуда боқӣ мемонад.

Чаро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ин масъала бетафовутӣ зоҳир мекунанд? Ман аз касе чизе талаб надорам. Фақат мехоҳам, ки ҳаққи ҳалоли хеш ва хонаамро соҳиб шавам.

Мурод Дониев, сокини деҳоти «Панҷрӯд»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ