Як ахбори хурди расмӣ, ки дар арафаи 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» дарҷ гардид, боис шуд, ки қалам ба даст гирем. Дар он зикр гардида буд, ки рӯзноманигор, корманди рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» Ҳадиятуллоҳ Тӯйчизода дар рӯзҳои баргузории Иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мухбири парлумонӣ фаъолият доштааст.
Мо хуб медонем, ки он рӯзҳо вазъияти ҷумҳурӣ хеле муташанниҷ буду вобаста ба сурати ҳол мавқеи на танҳо одамон, балки ҳизбу ҳаракатҳо, тағйир меёфт. Лек дар ҳама ҳолат рафти воқеаҳоро «Ҳақиқати Ленинобод» холисонаю ҳақиқатнигорона инъикос намуда, дастгиру муттакои ҳокимияти қонунӣ буд. Навиштаҳо чун ҳидоятгари омма ба оромиву осоиштагӣ, фирефта нагаштан ба ҳар гуна иғво ва овозаҳои беасос хизмат мекард.
Бо пешниҳоди сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» Файзуллохӯҷа Атохӯҷаев журналистон Ҳасан Шариф, Ғайрат Ҳаким, Ғафур Назрулло, Исроил Рабизод, Ҳадиятуллоҳи Тӯйчизода чун мухбирони парлумонӣ пазируфта шуданд. Онҳо бобати сари вақт дастрас гардонидани рӯйдодҳо ғайратмандона меҳнат мекарданд.
Бобати дар як равияи устувор инъикос гаштани қарору дастурҳои иҷлосия саҳми Ҳадиятуллоҳи Тӯйчизода кам набуд. Тавре худ изҳор менамояд, ӯ ба ояндаи неки кишвар боварии қавӣ дошт ва аз ҳамин нуқтаи назар мулоҳиза меронд.
Асное, ки инсони боҳиммату боғайрат, дурандешу ҷасур Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ақидааш боз ҳам устувор гашт. Дарк кард, ки вазифаи муҳимтарини вай дар ин давраи тақдирсоз даъвати мардум ба меҳнати ҳалолу софдилона ва муттаҳидӣ дар атрофи Ҳукумати навташкили қонунӣ аст.
Ҳадиятуллоҳ Тӯйчизода хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, як умр бо қалам сарукор дорад. Навиштаҳояш фарогири мавзуъҳои гуногун ва писанди хонандагон гаштаанд. Эҳтироми ӯ алалхусус дар зодгоҳаш-ноҳияи Ашт баланд будааст…
Зарурате пеш омаду чанд сол қабл озими ноҳияи Ашт гардидем. Ҳам дар деҳот ва ҳам дар марказ бо шахсони зиёд ҳамсуҳбат шудем. Ҳатман аз онҳо мепурсидем: «Ҳадиятуллоҳ Тӯйчизодаро мешиносед?»
Посух қариб якхел буд: «Ҳа, мешиносем, навиштаҳояшонро мехонем».
Худованд бар бандае, ки дӯсташ медорад, бештар дарду ғам медиҳад, мегӯянд. Бо тақозои тақдир Ҳадиятуллоҳ муддати зиёд бемори бистарӣ шуд ва дар ниҳояти кор аз як пой маҳрум гашт, вале дилшикаста нагашт. Ҳамоно дӯстдори Ватан буду лаҳзае қаламро аз худ дур намесохту дар тарбияи худшиносию худогоҳии насли наврас саҳм мегузошт. Барои тақвияти ин гуфта мисол меорем.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил, ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон, иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Соли 2002 силсилаи маводҳои Ҳадиятуллоҳ оид ба аҳамияти бузурги Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаҳои «Ҳақиқати Ленинобод»-ро оро доданд. Ӯ, ки иштирокдори бевоситаи иҷлосия ва то андозае инъикосгари рафти воқеаҳо буд, тавонист чанде аз саҳифаҳои он рӯзҳоро боз ҳам равшантар созад.
Комиссияи босалоҳият ба фаъолияти ӯ холисона баҳогузорӣ намуд. Ҳамин тавр маҳсули эҷоди Ҳадиятуллоҳ яке аз беҳтаринҳо дар вилоят ҳисобида шуд ва рӯзноманигор барандаи мукофоти иттифоқи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ гардид.
Он лаҳзаҳо ӯ ба суоли яке аз рӯзноманигорон чунин посух гардонида буд:
-Ҳанӯз ҳам моҳияти бузурги иҷлосияро мардум пурра дарк накардаанд. Мо, кормандони воситаҳои ахбори омма, вазифадорем ба ин рӯйдод таври ҳамешагӣ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Суҳбат бо вакилон, инъикоси дастовардҳои истиқлолият бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бояд дар мадди аввали фаъолият бошад. Шукр, ки иштирокдорони иҷлосия дар интихоб хато накарданд, инсонеро ба роҳбарӣ пешниҳод намуданд, ки дорои беҳтарин фазилатҳо буд ва тавонист ба парокандагии миллати тоҷик хотима гузошта, ҷумҳурии моро машҳури ҷаҳон гардонад, ба ҳусни диёр ҳусни навин, ба зиндагии мардум нуру сафо бахшад.
-Ҳарчанд синнаш ба нафақа расида бошад ҳам, Ҳадиятуллоҳи Тӯйчизода содиқи касбу ниятҳои неки хеш аст. Дастовардҳои тоза ба тозае, ки туфайли сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, талошҳои паёпайи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба даст меоянд, ӯро бетараф намегузоранд. Бо сабки ба худ хос, забони шево навигариҳои ҷолиб, ташаббусҳои наҷибро рӯйи қоғаз меорад. Мехоҳад заррае ҳам бошад, бобати ободтар шудани диёр, баландтар гардидани маърифати мардум, босамару мақсаднок будани кори таълиму тарбия саҳм гирад.
Болтахӯҷа САИДШОЕВ,
Абдулафиз ДОМУЛЛОЕВ,
шаҳри Исфара