Роҳбарияти Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия тасмим доранд, ки дар яке аз ҷаласаҳо асосгузор ва молики шабакаи иҷтимоии Фейсбук Марк Цукербергро даъват намоянд. Раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко масъулини Кумита оид ба энергетика ва савдоро муваззаф кардааст, ки татбиқи ин иқдомро таъмин намоянд. Дар ин бора хабарнигори Агентии иттилоотии «РИА Новости» иттилоъ дода, афзудааст, ки ин тасмим ба яке аз самтҳои муҳим — рақамикунонии иқтисодиёт рабт дорад.
Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии байналмилалӣ дар шаҳри Санкт — Петербург ин масъаларо самти афзалиятнок эътироф намуд.
Даъват намудани молики Фейсбук ба парлумонҳо таҷрибаи нав набуда, чанде қабл Цукерберг дар Конгресси ИМА ва парлумони Иттиҳоди Аврупо низ даъват ва моҳиятан бозпурсӣ шуд. «Муколама»-и вакилони конгресс бо номбурда зиёда аз панҷ соат давом карда, дар ин муддат ӯ ба саволҳои сершумори ба ин шабакаи иҷтимоӣ рабтдошта посух дод. Дар парлумони Иттиҳоди Аврупо Цукерберг зиёда аз ду соат «меҳмон» шуд.
Гуфтан бамаврид аст, ки аввалин маротиба Цукербергро вакилони парлумони Британияи Кабир барои «суҳбат» даъват карда буданд. Он замон номбурда ин дархостро рад карда, пешниҳод намуд, ки яке аз муовинонро равон мекунад. Ин нописандии асосгузори Фейсбук хашми вакилони англисро ба бор оварда, боис гардид, ки нақшаи зикршуда лағв гардад.
Цукерберг яке аз шахсони сарватмандтарини сайёра маҳсуб шуда, айни замон 67,5 миллиард доллари ИМА сармоя дорад. Маҷаллаи бонуфузи «Блумберг» моҳи апрели соли равон навишта буд, ки баъди суханронӣ дар Конгресси Амрико капитализатсияи Фейсбук 21 миллиард доллари ИМА ва сармояи Цукерберг 4,3 миллиард доллари амрикоӣ зиёд гардид.
Таҳияи Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»