Абдулбасир Сабуров: «Ягон муроҷиат ба Маҷлиси намояндагон беҷавоб намемонад

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_4428Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон кор бо муроҷиати шаҳрвандон мебошад, ки соли сипаришуда дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Мусоҳибаи хабарнигорамон бо мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбасир Сабуров дар ҳамин боб аст.

- Соли сипаришуда дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор бо муроҷиати шаҳрвандон чӣ гуна сурат гирифт?

- Азбаски ҳуқуқи конститутсионӣ ба муроҷиат ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, воситаи таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрванд дар идоракунии корҳои давлатӣ, амалишавӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои онҳо, робитаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва яке аз шаклҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он муносибатро ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, чун ҳамеша, соли 2017 низ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», моддаҳои 10, 16 ва 17 Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин боби 9 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд.

Қобили зикр аст, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» доираи муроҷиатҳо васеъ гардид. Дар маҷмӯъ, соли сипаришуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 695 муроҷиати хаттӣ ворид ва 3820 нафар шаҳрванд аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Аз ҷумла, 886 нафарро роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, 2934 нафарро аъзои кумитаю комиссияҳо ва 869 нафарро шахсан раисони кумитаҳо ба ҳузур пазируфтанд.

- Ҷуғрофияи муроҷиатҳо чӣ гуна аст ва шаҳрвандон асосан бо кадом масъалаҳо муроҷиат менамоянд?

- Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 232 муроҷиати хаттӣ ва 1284 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳри Душанбе, 142 муроҷиати хаттӣ ва 707 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Суғд, 170 муроҷиати хаттӣ ва 836 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилоя­ти Хатлон, 30 муроҷиати хаттӣ ва 152 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 118 муроҷиати хаттӣ ва 762 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, 3 муроҷиати хаттӣ ва 79 муроҷиати шифоҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ дорад, ки асосан тақсимот ва истифодаи босамари замин, таъминоти аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ, фаъолияти идораҳои коммуналӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кори соҳаи нақлиёт, хоҷагии роҳ, тарбияи ҷавонон ва таъминоти иҷтимоии аҳолиро дар бар мегиранд.

Аксари муроҷиатҳои шаҳрвандон аз рӯи тобеияти идоравӣ барои баррасӣ ва андешидани чораҳои  зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фирис­тода шудаанд.

Аз муроҷиатҳои хаттии баррасигардида 526 адад таҳти назорат қарор доштанд, ки талаботи қонунии 383 нафар пурра ва 59 нафар қисман қонеъ карда шуд. Айни ҳол 69 муроҷиат зери назорати роҳбарияти Маҷлиси намоян­дагон қарор дорад. Аз сабаби надоштани асосҳои комили ҳуқуқӣ муроҷиати 10 нафар қонеъ гардонида нашуд.

- Баҳри самаранокии бештари кор бо муроҷиатҳо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Барои беҳбуд бахшидан ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сафарҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ба шаҳру ноҳия­ҳои ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонанд. Чунончӣ, роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон соли 2017 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  сафар карда, арзу шикояти шаҳрвандонро шунида, бо вазъи хоҷагиҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳо ва ғайра бевосита шинос шуда, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо масъулини мақомоти дахлдор масъалагузорӣ намуданд.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъолон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҷеъ ба сиёсати имрӯзаи давлат, аз ҷумла Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳо доир карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои хизматӣ мутасаддиёни вазорату ташкилоти дахлдорро низ ба ҳалли муроҷиати шаҳрвандон ҷалб менамоянд. Масалан, аризаи истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ Аминзода Мазбудхоҷа дар хусуси аз нав барқарор кардани ӯ ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, ки ба унвони вакил Н. Оқилзода ворид гардида буд, дар ҳамкорӣ бо ректори муассисаи мазкур ҳалли худро пайдо намуд. Ё аризаи истиқоматкунандаи деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон оид ба норозӣ будан бо қарори суди марҳилаи  назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони вакил Э. Насриддинзода ворид шуд, барои моҳиятан баррасӣ кардан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол ва хоҳиши муроҷиаткунанда қисман қонеъ гардид.

- Ҳолатҳои норозӣ будани муроҷиаткунандагон аз ҷавобҳои шахсони мансабдор низ вуҷуд доранд?

- Бале. Норозӣ будани муроҷиаткунандагон аз қарору хулосаҳои қабулкардаи баъзе аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ гоҳо ба чашм мерасад, ки боиси такроран воридшавии муроҷиат­ҳо мегардад.

Ин ҳолат аз пурра истифода нашудани ваколату имкониятҳои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо гувоҳӣ медиҳад.

Умуман, дар Маҷлиси намояндагон ба муроҷиати шаҳрвандон, ки аз падидаҳои муҳимтарини ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад, ҷиддӣ муносибат менамоянд. Аз ин ҷост, ки ҳеҷ як муроҷиат бе ҷавоби саҳеҳу асоснок намемонад.

Н. НИЗОМӣ,

«Садои мардум»