Қабули 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба занон

№118-119 (4701-4702) 03.10.2023

УМЕДАКумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон замони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфта, фаъолияташ ба масоили бонувон, ҳалли мушкили рӯзгори онҳо, оилаву оиладорӣ ва баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа равона гардидааст. Оид ба саҳми бонувон дар рушди ҷомеаи навин хабарнигори рузнома бо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Умеда Абдуллозода суҳбат доир намуданд.

- Дар тӯли сию ду соли истиқлолияти давлатӣ мақому мавқеи бонувони мамлакат дар ҷомеа то чӣ андоза тағйир ёфт?

- Аз аввали солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис ёфт, ки ҳадаф аз он устувор намудани мавқеи занон дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба оила ва занон, таъмини иштироки фаъоли занон дар идоракунии давлатӣ, ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифтани занон, дастгирии онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасонии баланди тиббӣ ба занону кӯдакон мебошад.

Дар идомаи ин иқдом, бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3-юми декабри соли 1999 ба имзо расид, ки онро метавон санади тақдирсоз арзёбӣ намуд. Баъд аз ба тасвиб расидани санади мазкур бонувони лаёқатманду донишманд ба корҳои давлатӣ, вазифаҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб гардиданд. Ҳоло дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз муовинони роҳбарони аввал занон таъин мегарданд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» ба татбиқи сиёсати гендерӣ ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон заминаи устувори ҳуқуқӣ гузоштанд.

Дар се соли охир бо супориши Сарвари давлат ба мақсади беҳбуд бахшидани ҳаёти занон дар соҳаҳои маорифу тандурус­тӣ, касбомӯзӣ, соҳибкорӣ, барои расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030», яъне то ба 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, ду санади муҳим — «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» қабул гардид. Умуман, дар самти мазкур зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расид.

- Метавон гуфт, ки қабули қарору қонун ва санадҳои ­меъёрии зикршуда боиси беҳбудии кору рӯзгори бонувони ҷумҳурӣ гардид?

- Албатта, истиқлолияти давлатӣ ба бонувон имкон фароҳам овард, то ба тамоми зинаҳои таҳсилот ва кор дар соҳаҳои гуногун дастрасии комил дошта бошанд ва дар идоракунии давлат иштирок намоянд. Натиҷаи роҳандозӣ гардидани тадбирҳои судманд ва татбиқи санадҳои меъё­рию ҳуқуқӣ мебошад, ки сол аз сол фаъолияти занон дар ҳамаи соҳаҳо баръало мушоҳида гардида, ба қавли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «… ҳоло соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд».

Имрӯз бонувон ба ҳайси муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, сафири фавқулода, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузаш­та мутаносибан 118 ва 49 нафар зиёд аст.

Аз 63 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 16 нафар бонувонанд. Ҳашт нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд.

Ҳоло занон дар соҳаҳои маориф беш аз 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 68, фарҳанг — 51, бонкдорӣ — 38,5 ва илм 27 фоизро ташкил медиҳад.

Таҳсили духтарон дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, хоса дар зинаи таҳсилоти касбӣ, мушкилии ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Ба хотири ҷалби бештари духтарон ба касбомӯзӣ бо ташаббуси Пешвои миллат Квотаи президентӣ таъсис ёфт. Тибқи таҳлилҳо, ҳоло идомаи таҳсили духтарон аз 19 фоизи солҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба 80 фоиз баробар гардидааст.

То имрӯз 12 ҳазор духтар тибқи Квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат­ро хатм намуда, саҳми хешро дар пешрафти ҷомеа гузошта истодаанд. Соли 2008 дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила Муассисаи давлатии «Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои истиқомати 100 нафар духтарони ятим ва нимятим таъсис дода шуд.

Ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва рушди соҳибкории хурду миёна, таъмини занон бо ҷои кор ва барои онҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Месазад зикр намуд, ки аз соли 2006 то имрӯз теъдоди грантҳои президентӣ ба 80 адад (ҳар кадом аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ) расид. Барои дастгирии занони соҳибкор аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба 467 ҳазору 392 нафар зан 2 млн. 217 ҳазору 510 сомонӣ қарз дода шудааст. Мувофиқи маълумот, дар ҷумҳурӣ 89 273 зан фаъолияти соҳибкорӣ дошта, 37 ҳазору 674 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

- Ҳалли мушкилоти бонувон дар маҳалҳо ба фаъолияти сох­торҳои минтақавии кумита низ вобаста мебошад. Шуъбаҳои кор бо занон ва оила аз уҳдаи ин вазифа баромада метавонанд?

- Албатта, дар тӯли солҳои соҳиб­истиқлолӣ ҳамаи сохторҳои кумита бо такя ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигари давлатӣ дар ҳалли мушкилоти бонувон таҷриба андӯхта, мутахассисони ботаҷрибаю масъулиятшиносро низ тарбия намудаанд. Масъулин мекӯшанд аз ҳар мушкилу ­норасоии бонувон сари вақт огаҳӣ пайдо намуда, дар ҳалли онҳо мусоидат намоянд. Илова бар ин, раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила сиёсати гендериро дар сатҳи маҳал тат­биқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро амалӣ созанд.

Аз ҷониби онҳо бо мақсади ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҷалби духтарон барои гирифтани маълумоти олӣ, пойдории оилаҳо, рушди соҳибкории занон ва бартараф намудани ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ баргузор мешавад, аммо ин маънии онро надорад, ки ҳоло дар ҳаёти бонувон мушкилӣ вуҷуд надорад. Дар ин самт баъзе мушкилоте мавҷуд аст, ки барои ҳалли он на танҳо кумита ва шуъбаҳои он дар маҳалҳо, балки ҷомеа ва сохторҳои дигар низ бояд мусоидат намоянд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»