Дар хусуси риоя накардани меъёрҳои забони тоҷикӣ ҳангоми таҳияи адабиёти таълимӣ ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қаблан сару садое ба гӯш намерасид. Солҳои охир аҳён-аҳён аз тарафи омӯзгорону хонандагон, ҳатто падару модарон, дар бораи мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ нигаронӣ зоҳир мешавад, ки наметавон онро нодида гирифт.
Чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100- уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии омӯзгорони фаъоли ноҳия ва падару модарон бо кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он раиси кумита Гавҳарбону Шарофзода иштирок дошт. Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносии кумита Мавҷигул Давлатова «Оид ба риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар мавриди таҳияи адабиёти таълимӣ» суханронӣ кард.
Пай бурдан душвор набуд, ки омӯзгорон чунин чорабиниро дер боз интизор буданд. Онҳо нисбат ба муаллифон, мазмуну мундариҷаи китобҳо ва танзиму тақсими мавзӯъҳои дарсӣ фикру андешаҳои ҷолиб изҳор доштанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар таснифи мавзӯъҳо душворбаёнӣ ҷой дошта, ба синну соли хонанда мувофиқат намекунад, забони матнҳои аз тарафи муаллифон интихобшуда, омӯзгоронро нороҳату хонандагонро ноҳинҷор месозад. Китобҳои дарсӣ сарсарӣ таҳрир шуда, аз мадди назари мутахассисони таҷрибадор дур мондаанд.
- Адабиёти таълимиро кӣ душворфаҳм мекунад? – ин суол мақсади аҳли нишастро ифода мекард.
Нозигул Латифова – муаллимаи фанни таърихи литсейи рақами 55- уми ноҳия чунин изҳор дошт: — Дар нашри китобҳои таълимӣ бояд алтернатива мавҷуд бошад, то ин ки омӯзгор тавонад беҳтарин китобро интихоб кунад ва он ба нақшаи корӣ мувофиқат намояд. Мавзӯъҳои тавсияшуда калонанд, соатҳои ҷудошуда кам. Дар 15 дақиқа омӯзгор қудрат надорад мавзӯъро ба хонанда нақл кунад. Дар китоби таърих бештар ба хроникаи салтанат рондани шоҳон аҳамият дода шудааст, вале дар бораи шоҳигарии онҳо далел нест.
Дар хусуси ҷанги шаҳрвандӣ низ дар китоб маълумот нест. Аксари китобҳои таърих рӯбардоранд. Забони навишти муаллифи китоби таърих Яқубшо Юсуфов бисёр дилгиркунанда аст. Дар бораи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик танҳо якуним саҳифа маълумот дар китоб ҷой дода шудааст ва кӣ будани ӯро хонанда пурра фаҳмида наметавонад.
Гузашта аз ин, баъзе ҷумлаҳои китобҳо калон буда, баъзан як сархати калонро фаро мегиранд. Ҳамаи ин нуқсонҳо дар китобҳои таълимӣ зарурати чунин вохӯриҳоро ба миён овард.
Иштирокчиёни мулоқот, ҳамчунин изҳор доштанд, ки забони китобҳои асри нуҳ фаҳмо асту дар истифодаи китобҳои асри бисту як мо аз луғат истифода мебарем. Хуб мешуд, ки муаллифони китобҳои дарсӣ ақаллан як бор ашъори устод Рӯдакиро мехонданд.
Чизи ҷолибе, ки аҳли нишаст онро дастгирӣ намуданд, андешаҳои омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 63 Мирзораҷаб Нозимов буд. Ӯ аз луғат ва истилоҳҳои тарҷумашуда дар соҳаи физика изҳори нигаронӣ кард. Номбурда таъкид кард, ки ниёз ба тарҷумаи истилоҳҳои байналмилалӣ надорем. Тарҷума таълими физикаро душвор карда, маънои истилоҳҳоро пурра ифода карда наметавонад. Танҳо истилоҳеро тарҷума бояд кард, ки дар гузашта мафҳуми ифодакунандаи мушаххас доштанд. Истилоҳҳое, ки мафҳумҳои ифодакунанда дар забони тоҷикӣ надоранд, беҳтар аст дар шакли тайёр истифода шаванд.
Ин фикр боиси дастгирии аҳли нишаст гардид.
Хуб мебуд, тарҳи ин чорабинӣ барвақттар кашида, дар он хонандагони фаъол низ иштирок карда, оид ба ҳусну қубҳи адабиёти таълимӣ далелҳои мушаххас меоварданд, ки ба донишандӯзию муҳокимарониҳои онҳо бетаъсир намемонд.
Омӯзгорон дар поёни мулоқот хоҳиш карданд, ки эроду пешниҳодоти ироагардида ба инобат гирифта, баҳри ислоҳи онҳо чораҳои мушаххас андешида шавад.
Гавҳарбону Шарофзода онҳоро бовар кунонид, ки «Кумита гапи дар коғаз мемондагӣ надорад».
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»