ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА АМАЛИШАВАНДААНД

№71 (3551) 02.06.2016

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 муайян шуданд. Паём бештар моҳияти иҷтимоӣ дошта, дар он барои ҳалли ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Ин омил имкон медиҳад, ки сатҳи иҷтимоии аҳолӣ баланд шуда, ҳадафҳои давлат амалӣ гарданд.

Амалишавии ҳадафҳои давлат дар ҳама соҳа ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, дар Паёми имсола аз ҷониби Сарвари давлат таъкид шуд, ки соли 2015 бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ рушди иқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба шаш фоиз баробар шуд. Сатҳи таваррум панҷ фоизро ташкил карда, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор рафта, нисбат ба солҳои пешин, хусусан дар деҳот, таъмини неруи барқ беҳтар шуд. Дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 270 неругоҳи барқи обии хурду миёна бунёд ёфт. Рушди ҳеҷ соҳа, аз ҷумла рушди соҳаи саноат, бе истеҳсоли неруи барқ имконнопазир аст. Кишвари мустақили мо бо вуҷуди мушкилоти молиявию иқтисодӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Аз рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз 2000 километр роҳи мошингард таҷдиду бунёд гардида, 31 километр нақб ва 340 пули нав сохта шуд.

Инчунин, дар Паём омадааст: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Ҳаводиси ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як узви ҷомеа, бахусус ҷавонон, бофарҳанг, ватандӯсту ватанпарвар, боодобу нексиришт ба камол расанд. Бояд ҳама чун як тан, алайҳи ин тамоюлҳои хатарзо муборизаи беамон барем.

«Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд», — омадааст дар Паёми Сарвари давлат.

Пешгирии амалҳои террористӣ, ифротгаройӣ ва амалҳои номатлуб таҳкими заминаҳои ҳуқуқиро тақозо дорад. Доир ба ин масъала пешниҳоди Сарвари давлат муҳим ва саривақтист: «Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои бо ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо мекунад».

Вобаста ба ин, барои амалҳои ҷиноятӣ қонунгузорӣ ҷазои сахт пешбинӣ кардааст. Зуҳуроти сиёсӣ ва воқеаҳои фоҷиабори олам, ки имрӯз дар шаклҳои терроризм ва экстремизм дунёро ба даҳшат овардаанд, боиси харобии олам ва қатлу ғорати одамони бегуноҳ мегарданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон таъкид дош­танд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шук­ронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».

Биноан, дар кору пайкори мо бояд ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худшиносӣ доимо мадди назар бошад.

 Маҳмадшариф ШАРИФОВ,

муовини мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон