Дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, ҳадаф ва стратегияву барномаҳои қабулшуда таҳлилу баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад. Дар ин замина, Пешвои миллат аз вакилони парламент, роҳбарони вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварданд, ки барои пешрафти Ватан сарҷамъу муттаҳид бошанд, то якҷо Тоҷикистони азизро ба сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.
Як нуктаи бисёр ҷолиб он аст, ки Пешвои миллат на танҳо роҳи дурусти фаъолиятро муайян месозанду масъулону шаҳрвандонро вазифадор менамоянд, балки худашон баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои созанда иқдом мегиранд. Чунончӣ, вобаста ба чанд андешаю пешниҳодоте, ки дар Паём ироа гардид, аллакай амру фармонҳои Президент ба тасвиб расиданд ва баҳри амалӣ гаштани онҳо замина фароҳам омад.
Аз ҷумла, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 феврали соли 2020, №АП-1347 шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» марҳила ба марҳила нашр ва аз номи Роҳбари давлат то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа мешавад. Ин имкон медиҳад, ки аҳолии Тоҷикистон дар бораи аҷдоду гузаштагон маълумоти бештар пайдо намоянд.
Иқдоми дигари Пешвои миллат, ки ба маърифатнокии аҳли ҷомеа равона гардидааст, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки соли гузашта бомуваффақият гузаронида шуд. Дар Паёми соли 2019 Президент чунин таъкид карданд: «… ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон, аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ, чораҷӯйӣ карда шавад». Инак, 5 феврали соли ҷорӣ таҳти №АП — 1339 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба имзо расид.
Тавре маълум аст, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон зиёд аст ва дар ин бобат мунтазам аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Далели равшани ин иқдоми Ҷаноби Олӣ дар бораи эълони солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мебошад, ки ба хотири ҳар чӣ беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас пеш гирифта шудааст.
Дар баробари амалишавии нақшаҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ дар дохили кишвар Тоҷикистон дар ҳалли масоили муҳими глобалӣ низ саҳми муносиб мегузорад. Мисоли равшани он дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомоти Пешвои миллати тоҷик дар самти дастрасӣ ба оби тоза ва истифодаи захираҳои он мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, амалҳои авҷгирифтаи террористӣ, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст.
Тавре Президент таъкид карданд: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».
Биноан, шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дониста шуд. Сарвари давлат дар ин робита гуфтанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, ба такмил ниёз дорад. Бинобар ин, ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дастури пурарзишест, ки роҳро ба сӯи ояндаи боз ҳам шукуфону дурахшон равшан месозад. Фақат аҳли ҷомеаи кишварро зарур аст, ки ҳар кадом дар шукуфоии Ватан саҳми бевосита гузорад. Сарвари давлат ҳам таъкид карданд, ки «Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем».
Бустон УМАРОВ, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, подполковники адлия