Қадрдонии варзишгарони парчамбардор аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ

№126 (4709) 20.10.2023

Кадрдони19-уми октябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ҷоизадорони Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу — 2022-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу — 2022 ва баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии варзишгарон ба Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев калиди хонаи сеҳуҷрадор, ба Темур Раҳимов калиди хонаи дуҳуҷрадор ва ба Беҳрӯз Хоҷазода, Миҷгона Самадова, Ҳақназар Назаров ва Хайрандеш Муродзода калиди хонаи якҳуҷрадорро дар пойтахт тақдим намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият орзу намуда, таъкид карданд, ки ҷавонони бонангу номус муаррифгар ва номбардори Ватани хеш ба шумор рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат қарор доранд.

Мавриди тазаккур аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу — 2022 медали тилло гирифтаанд — 150 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра — 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ — 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу — 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид. Дар он варзишгарони 45 давлати қораи Осиё иштирок карда, дастаи мунтахаби Тоҷикис­тон дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш қувваозмоӣ намуданд.

Дар корномаи варзишгарони тоҷик аз ин сабқат 7 медал сабт гардидааст, ки аз ин ду тилло — Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) ва Давлат Болтаев (бокс), як нуқра — Темур Раҳимов (ҷудо) ва чор биринҷӣ — Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (кураш) ва Миҷгона Самадова (бокс) мебошанд.

АМИТ «Ховар»