Ё муносибати дуюмдараҷа ба масоили экологӣ пайомади ногувор дорад
Пешвои миллат — баифоқаорандаи вазъи экологии сайёра
Дар хотир дорем, ки соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба дастрасӣ надоштани аз се як ҳиссаи аҳолии рӯйи замин ба оби нӯшокӣ ҷалб карда буданд. Аз ҳамон сол бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ин самт Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид якчанд барнома қабул намуд, ки ба беҳтар намудани таъмини аҳолии кураи замин бо оби нӯшиданӣ нигаронида шудаанд.
Илова бар ин, кишвар дар самти пешгирии афзоиши партовҳои гулхонаӣ, андешидани чораҳо барои коҳиш додани раванди гармшавии иқлим низ собитқадам аст. Бо ибтикори Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкорӣ намуд. Ин дар ҳолест ки ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад.
Дар яке аз суханрониҳояшон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, таъкид карда буданд, ки: «Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст».
Нигаронии Пешвои миллат ба он рабт дорад, ки ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боис ба афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти иқтисоди миллӣ ва расидани хисорот мегардад.
Хеле пештар, дар замоне ки аксарият мушкилоти экологиро ҷиддӣ қабул намекарданд, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгӯйӣ карда буданд, ки: «Ҳолати кунунии муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ ба сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад».
Месазад ёдовар шавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то ба ҳол барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он назаранд, ки: «Ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва ташаккули шароити мусоиди табодули энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳо метавонад ба пастшавии сатҳи партови газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат намояд».
Бешубҳа, ибтикороти созандаи Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муштарак барои нигаҳдории иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор беназир ва муҳиму саривақтианд.
Баҳри Арал. Оби он аз куҷо мешорад?
Чанде пеш аз ҷониби як қатор ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ, Форуми глобалии ландшафтҳо, Донишгоҳи Қазоқистону Олмон (DKU), инчунин Plug and Play (P&P) «Озмуни байналмилалии технологияҳои пешрафта баҳри барқарор намудани заминҳо дар минтақаи баҳри Арал», эълон шуд.
Дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, минҷумла зикр шудааст, ки «то соли 1960 аз лиҳози андоза баҳри Арал чорумин дар ҷаҳон дониста мешуд. Аммо бар асари истифодаи қариб 30-солаи захоири обии он барои парвариши зироати кишоварзии сероб, аз қабили пахта ва шолӣ, он қариб нест шудааст. Ин ба оқибатҳои фалокатбор барои муҳити зист ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ боис гардида, инчунин ба сатҳи некуаҳволӣ ва вазъи солимии миллионҳо нафар мардуми маскуни ин минтақа таъсири манфӣ расонид».
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тоза ба умқи моҳияти фоҷиаи Арал ғутавар шудааст. Ҳол он ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле пештар ба боздоштани таназзули минбаъдаи муҳити зист дар ҳавзаи баҳри Арал таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карда буданд, ки «ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва заминҳои кишт ва таъмини устувории муҳити зист амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд».
Садҳо далел мавҷуд аст, ки хушкшавии Арал ба ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, чорводорӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ таъсир мерасонад. Ташкилотҳои дар боло зикршуда бар ин назаранд, ки озмуни эълоншуда барои пешгирии пайомадҳои ногувор ва қабули қарорҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.
Мутаассифона, дастандаркорони озмун дар таҳлили сабабҳои пайдоиши мушкил ба таҳриф роҳ дода, нигоштаанд, ки «кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ қаблан чандин маротиба изҳор доштанд, ки хатари асосӣ барои баҳри Арал дар ҷузъ ва барои экологияи минтақа дар умум, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб мебошад».
Ҳол он ки чунин нест. Фалокати баҳри Арал, тавре натиҷаҳои тадқиқоти мутахассисон нишон медиҳанд, бевосита ба азхудкунии васеи заминҳои нав дар минтақа (аз 2,8 миллион гектар дар ибтидои асри ХХ то 9 миллион гектар дар охири садсола) ва ба истифодаи технологияҳои қафомондаи обёрӣ, ки боиси то 60 фоиз бебозгашт талаф ёфтани об мегардад, вобаста мебошад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар ин хусус дар Протоколи Комиссияи ташхисии Шӯрои техникии Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд ҳанӯз соли 1968 сухан рафтааст.
Ба ин масъала хеле ҷиддӣ бояд муносибат кард, зеро хушкшавии баҳри Арал барои 48 миллион нафар аҳолие, ки дар ҳавзаи он зиндагӣ менамоянд, даҳшат маҳсуб меёбад. Кишварҳои дар соҳили он ҷойгирбуда бояд масъулияти бештарро баҳри аз байн бурдани мушкилӣ ба зимма гиранд.
Бо дарназардошти он ки 40 фоизи қаламрав ва 30 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар атрофи ҳавзаи баҳри Арал ҷойгир аст, зарур ва ногузир мебошад, ки кишвар ба ин раванд шомил гардад.
Гидроэнергетика, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз»
Соҳаи гидроэнергетика, ки 20 фоизи таъминоти ҷаҳонии қувваи барқро ташкил медиҳад, манбаи муҳими барқароршавандаи энергия ба шумор меравад. Ин рақам дар Тоҷикистон ба 98 фоиз мерасад. Коршиносони соҳа муайян намудаанд, ки дар мавриди пурра истифода намудан аз имкониятҳои мавҷуда, кишвар аз лиҳози истифодаи қиёсии захираҳои гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳар километри мураббаъ ҷойи якум ва аз ҷиҳати истеҳсоли он ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, минҷумла зикр карданд, ки: «Кишвари мо ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад».
Айни замон дар ҷаҳон 45 ҳазор неругоҳи саддӣ бо баландии аз 15 метр зиёд мавҷуд аст, ки барои таъмини сокинони сайёра бо барқ, об, обёрии заминҳо ва муҳофизат ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарёҳо хизмат мекунанд.
Қисмати зиёди неругоҳҳо дар қитъаҳои Осиё ва Америкаи Шимолӣ сохта шудаанд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой 22 ҳазор, ИМА — 6,6, Ҳиндустон — 4,3 ва Ҷумҳурии Япония 2,7 ҳазор неругоҳ мавриди истифода қарор доранд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, то соли 2000 аз ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон 30 фоизаш истифода мешуду халос.
Ҳоло дар ҳама неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон наздики 2,650 трлн.кВт соат барқ истеҳсол карда мешавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар миёни 18 мамлакат, ки дорои иқтидори гидроэнегетикии аз 115 млн.кВт соат то 1,920 млрд.кВт соат дар як сол ҳастанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми шашум қарор дорад.
Бузургтарин неругоҳҳои амалкунанда бо иқтидори млн.кВт — Ипайту (Бразилия — Парагвай) — 12,6, Такуру (Бразилия) — 8,2, Гренд Кули (ИМА)- 6,5, Саяно — Шушенск — 6,4, Красноярский (Федератсияи Россия) — 6, Черчилл-Форс — 5,4, Ла Гранде (Канада) — 5,3 ва НБО-и «Норак» бо иқтидори — 2,8 маҳсуб меёбанд.
Айни замон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёди неругоҳи иқтидораш баробар ба 18,2 млн. кВт бо номи «Се дара» ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3,6 млн. кВт идома доранд.
Агар истифодаи захираи гидроэнергетикиро дар кишварҳои олам дар қиболи ҳаҷми умумии он мавриди қиёс қарор диҳем, пас ин нишондиҳанда дар ИМА ва Канада 65 фоиз, Япония — 90, Италия, Франсия ва Швейтсария — 98, Ҷумҳурии Федеративии Германия — 86, Финландия — 74, Федератсияи Россия 26 фоизро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 фоиз.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ истифодаи неруи барқ ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол аз 6000 то 27000 кВт соат, дар давлатҳои қитъаи Осиё (Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой) аз 390 то 820 кВт/ соат ва қитъаи Африка (Бенин ва Малавӣ) аз 50 то 100 кВт соатро ташкил медиҳад. Аммо дар олам 2 миллиард нафар аз истифодаи барқ маҳруманд.
Агар ин равандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳем, маълум мешавад, ки то соли 1991 ҳар сол зиёда аз 17,5 млрд.кВт соат неруи барқ истеҳсол мешуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ тахминан 3500 кВт/ соат рост меомад. Бино ба маълумоти расида аз ШСХК «Барқи Тоҷик», солҳои соҳибистиқлолӣ ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб намуда, айни замон 20 млрд.кВт аст.
Доир ба афзалияти неругоҳҳои хурд бояд гуфт, ки дар баробари дигар бартариҳо, муҳлати сохтмони онҳо нисбатан кӯтоҳ буда, дар мавзеъҳои наздик ба истифодабарандагон сохта мешаванд ва ба муҳити атроф зарар намерасонанд. Кишвар минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмир, навсозӣ ва сохтмони неругоҳҳои обиро идома дода, барои рушди шабакаҳои интиқоли барқ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам ба мақсади пайвастан бо дигар кишварҳои минтақа чора меандешад.
Сарбандҳои бо сангу шағал ва сафедхок сохташуда боэътимоду ба шароити маҳал муносибанд
Таҳқиқ вобаста ба ин масъала, ки аз ҷониби олимони олмонӣ бо фармоиши ҶСШК «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд гузаронида шудааст, устувории сарбанди бо сангу шағал ва сафедхок сохташавандаро собит намуд.
Истифодаи қариб 43-солаи бомуваффақияти сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар масофаи на чандон дур аз НБО «Роғун» ҷойгир аст, далели ин гуфта мебошад. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки октябри соли 2009 Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург ба сарбанди 300-метраи Неругоҳи барқи обии «Норак» нишони махсус ва сертификати сифатро ҳамчун «дастоварди олии афкори муҳандисӣ» сазовор донист.
Табиист, ки ин таҷрибаи нодир бо истифода аз технологияҳои нав дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ истифода хоҳад шуд, ки лоиҳаи сарбанди он барои минтақаи сохтмони эҳтимоли заминҷунбиаш на зиёда аз 9 балл мувофиқ гардонида шудааст. Бояд зикр намуд, ки тӯли таърих дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 10-балла ва дар маҳалли сохтмони неругоҳ бошад, заминларзаи зиёда аз 6 — балла, ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамсояҳоро бе об нахоҳем гузошт
Дар ин хусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир борҳо, аз ҷумла, дар иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмаи умумии СММ, Саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар анҷуманҳои байналмилалӣ изҳори ақида карда буданд.
Инсондӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба анъанаҳои ҳамсоядорӣ аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҳаддест, ки 8 сол пеш зимни ирсоли Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт».
Шоистаи зикр аст, ки дар фасли тобистони камоби соли 2000 бо хоҳиши кишвари ҳамсоя ҷониби Тоҷикистон ду маротиба даҳрӯзӣ аз обанбори Норак дар ҳаҷми ҳазор метри мураббаъ дар як сония обро ҷорӣ намуд. Бар замми ин, бо ибрози ҳусни нияти ҳамсоягии нек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи кӯли Сарез барои таъмини доимии аҳолии минтақа ва дар навбати аввал Ӯзбекистон, бо оби тозаи нӯшокӣ ташаббус карданд.
Экология ва кишоварзӣ
Дар шароити кунунӣ, ки инсоният дар қатори дигар таҳдидҳои глобалӣ ба мушкили таъмини озуқаворӣ дучор омадааст, моҳияти ҳифз ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардидааст. Табиист, ки дар ин раванд мушкилоти экологӣ ба вазъи соҳаи кишоварзӣ таъсири бевосита дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ 0,08 гектар замини корами обӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҳама кам мебошад.
Аз суҳбат бо мутахассисони соҳа маълум шуд, ки тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии замин пайваста имконпазир аст. Агар аз як тараф анҷом додани корҳои мелиоративӣ вазъро беҳтар гардонад, аз тарафи дигар бо сабаби риоя накардани технологияи обмонӣ, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо, аз кор мондани чоҳҳои мелиоративӣ ва як қатор сабабҳои дигар масоҳати замини ҳолати мелиоративиаш ғайриқаноатбахш меафзояд.
Онҳо изҳори нигаронӣ намуданд, ки аксар вақт барои муайян намудани ҳолати мелиоративии замини кишоварзӣ нишондодҳои дараҷаи шӯрнокии хок, маълумот бо наворгирии заминҳои шӯр, ки то соли 1986 амалӣ шудаанд, истифода мешаванд, ки онҳо дар шароити ҳозира ба талабот ҷавобгӯ намебошанд.
Аз он бояд ёдовар шавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт иқдоми зиёдеро амалӣ намудааст, ки қабулу мавриди амал қарор гирифтани якчанд барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла, «Барномаи таъмин намудани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва «Нақшаи аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз ҳамон ҷумлаанд.
«Шаҳри сабз» - идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат
Чанде пеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иқдоми қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ намуд.
Ӯ дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 23 сентябри соли равон доир гардид, аз сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал овард, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд.
- Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва дар ободонии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзаминро меомӯзем, — таъкид намуд Рустами Эмомалӣ.
Мутмаинам, ки сокинони шаҳри Душанбе, ки солҳои охир хеле фаъолона дар ободии он иштирок мекунанд, ҳатман ин иқдоми Раиси шаҳри Душанберо дастгирӣ менамоянд.
Ба ҷойи хулоса
Алъон баъзе аз давлатҳо ва гурӯҳҳои алоҳида мушкилоти экологиро ба сиёсат махлут гардонида, ба ҳимояи ноадолатонаи манфиатҳо омезиш додаанд ва ин ҷанба то андозае суиистифода ҳам мешавад. Табиист, ки дар ин ҳолат ҳаллу фасли бетаъхир ва одилонаи мушкилоти экологӣ зери суол меравад.
Биноан, давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявиро мебояд дар пайрави ба ташаббусҳои муҳиму саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳалли чунин мушкилот, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкориро беш аз пеш тақвият ва тавсеа бахшанд.
Дар ғафлат мондан вобаста ба масъалаи зикршуда ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Каме ғафлат «замина» барои ҳасрат хоҳад буд…
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»