«Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» дар Тоҷикистон

№49 (3034) 22.04.2013

Тавре аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 22-юм то 27-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар ҷумҳурӣ даври ҳаштуми «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» гузаронида мешавад.

«Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» ташаббусе мебошад, ки барои баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ва фоидабахшии иммунизатсия равона шудааст. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба зарурият ва ҳуқуқи ҳар як кӯдак барои муҳофизати ӯ аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Зимни чорабинӣ диққати махсус ба аҳолии маҳаллаҳои дурдасту душворгузар равона мешавад.

 

Х. АБДУВАҲҲОБ,

«Садои мардум»