«Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» оғоз шуд

№51 (4791) 24.04.2024

Ин чорабинӣ аз 22 то 27- уми апрели соли 2024 идома меёбад. Дар робита ба ин дар Вазорати ­тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз бо иштироки мутахассисони соҳа ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар солимии аҳолӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки имсол 50-солагии барномаи иммунизатсия дар сатҳи глобалӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли 1974 татбиқи барномаи иммунизатсия бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнину фавти аҳолӣ оварда мерасонд, оғоз гардида буд.

Имрӯзҳо ҳар як давлати ҷаҳон барномаи миллии иммунопрофилактикаи худро дорад, ки дар рафти амалигардонии он чорабиниҳо баҳри солимию дарозумрии аҳолӣ доир мегарданд.

- Ваксинаҳо моро муҳофизат мекунанд ва ҳар як шахси иммунизатсияшуда дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ дорад, — гуфт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Абдухолиқ Амирзода зимни суҳбати гирди миз.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»