Аз 23 апрели соли равон бо ибтикори Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мамлакат «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» (ҲАИ) ҷараён дорад, ки барои баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия равона шудааст.
ҲАИ бори аввал соли 2005 доир гардида, ба ташаббуси бузурги соҳаи тандурустӣ табдил ёфт. Дар робита ба ин, 23 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода гуфт, ки ҳар сол ин ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ менамояд. Ӯ, ҳамчунин, илова кард, ки дар сурати шахсони ниёздоштаро ба иммунизатсия таъмин намудан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ имконнопазир мегардад. Номбурда аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар масъалаи харидории ваксинаҳо ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки агар соли 2016 ба ин мақсад 9 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, дар ду соли охир ин нишондиҳанда ба 11 миллион сомонӣ расид. Саида Умарзода зарурати ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдаконро таъкид намуда, гуфт, ки имрӯз тамоми шароит дар ин самт мавҷуд аст, зеро дар дармонгоҳ ва бунгоҳҳои тиббӣ утоқи алоҳида барои гузаронидани иммунизатсия мавҷуд аст. Муҳимтар аз ҳама, иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
Дар нишаст, ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи нуфузи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»