Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо мақсади ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир, экосистемаҳои табиии нодиру камёб (олами наботот ва ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва маданӣ), объектҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, таҳия ва амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ ва мониторинги биологӣ, танзими реҷаҳои гидрологии захираҳои обӣ, мувозинати экологӣ, рушди туризми экологӣ, туризми илмӣ — экологӣ ва истироҳатӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои устувори истифодабарии захираҳои гуногунии биологӣ ташкил шудааст. Бояд гуфт, ки зиёда аз 92 фоизи олами набототу ҳайвоноти нодир ва зиёда аз 90 фоизи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) парвариш ва инкишоф меёбанд.
Директори муассисаи зикршуда Саидзода Мадиброн Икром дар суҳбат ба мо иттилоъ дод, ки сохтори Муассисаи давлатии ҲТММ се мамнуъгоҳи табиии давлатӣ, як резервати биосферӣ, ду Парки табиӣ ва мудирияти Парки миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бар мегирад.
Муассиса оид ба ҳифзу афзунгардонии олами ҳайвоноту набототи нодир, барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ, идоракунии самарабахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад.
Мавсуф гуфт, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани назорати давлатӣ, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна ҳодисаҳои харобиовар санҷишҳо гузаронида, нисбати вайронкунандагони низоми Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чораҳо андешида мешаванд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбати вайронкунандагони қонуну қоидаҳо дар минтақаҳои зери назорати ин муассиса 254 протокол тартиб дода шудааст, ки нисбати ҳамин давра 67 протокол зиёд мебошад. Маблағи ҷарима аз ҳисоби вайронкунандагони низом 394806 сомониро ташкил медиҳад. Номбурда изҳор дошт, ки 78 ҳодисаи гаштугузори аҳолӣ ва 71 ҳолати чаронидани чорво дар ҳудуди ҲТММ ба мушоҳида расидааст, ки ба лонагузорӣ, тухмгузорӣ ва баромадани чӯҷаҳои тазарв, кабки дарӣ, мурғи ҳилол таъсири манфӣ мерасонад.
Инчунин ҳолати шусташавии зиёда аз 500 гектар заминҳои ҳамсарҳади соҳили дарёи Вахш бо мамнуъгоҳ ба амал омада, боиси решакан гардидани дарахтон, буттагиҳо ва осеб дидани муҳити сукунати ҳайвоноти нодир аз ҷумла кафтор, сусмор, тазарв, калтакалосҳои нодир, морҳои афъӣ ва кубро гардидааст.
Саидзода Мадиброн Икром афзуд, ки соли равон иҷрои мониторинги биологии олами ҳайвоноти нодир дар ҲТММ пурра амалӣ шуда, маълум гардид, ки ҳайвоноти нодир дар ҳоли афзоишанд.
- Гӯсфанди кӯҳии бухороӣ 110 сар, ҷирон 139 сар, кафтор (гиена) 56 сар, тазарв 2087 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз ду то 15 сар зиёд мебошанд,- изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Аммо саршумори дигар ҳайвоноти нодир, аз ҷумла гӯсфанди кӯҳии архар ва бабри барфӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам ба ҳисоб гирифта шудааст ва сабаби инро ҳамсуҳбатам ба боридани барфи зиёд, ғайриимкон шудани корҳои бақайдгирӣ дар баландиҳои зиёда аз 2300 метр, иваз шудани муҳити сукунати ҳайвоноти нодир рабт дод.
Номбурда гуфт, ки ҳолати афзоиши оҳуи бухороӣ дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» хуб буда, афзоиши тазарв дар минтақаи мазкур то 12 фоиз (80 сар) ба назар мерасад.
Барои афзунгардонии кабк ва тазарв дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» дар масоҳати 0,02 гектар парваришгоҳи хурд ташкил карда шуд.
-Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, давоми чанд соли охир ҳолати экологии минтақаи мазкур рӯ ба беҳбудӣ дошта, афзоиши бузи пармашох муътадил буда, бе наслҳои навзод ба 495 сар рост меояд. Ҳолати инкишофёбӣ ва афзоиши бузи пармашох дар мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» низ мусбат арзёбӣ гардид, зеро соли ҷорӣ зиёда аз 180-200 сар насли навтаваллудшудаи он ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади баровардани чӯҷаҳо ду инкубатор харидорӣ ва дар минтақаи табиатан хоси Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ҷойгир карда шудаанд.
Номбурда дар идома афзуд, ки муассиса бо мақсади дуруст ба роҳ мондани корҳои илмӣ — тадқиқотӣ, амалисозии нақшаи идоракунии ҲТММ, корҳои омӯзиширо оид ба оҳуи бухороӣ, гӯсфанди кӯҳии архар, ҷирон, тазарв ва ғайраро амалӣ намуд.
Бо мақсади интихоб ва таҳлили ҳолати олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳудуди Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» таҷҳизоти сабткунанда (фотоловушкаҳо) гузошта шуда, наворҳо ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Аз Саидзода Мадиброн Икром оид ба омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ пурсон шудем. Номбурда дар ҷавоб изҳор дошт, ки бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти нодири Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда давоми нуҳ моҳи соли равон зиёда аз 64 тонна алафҳои табиӣ (87 фоиз), 4,3 тонна хӯроки серғизо (91 фоиз), 0,8 тонна ҷав (86,5 фоиз), 4 тонна гандум ва рези гандум (85 фоиз), 4 тонна намак (80 фоиз) захира шуда, тадбирҳои биотехникӣ, аз ҷумла тоза кардани чашмаҳо, ташкили хатҳои зиддисӯхтор, ташкили паноҳгоҳҳо, тоза кардани пайроҳаҳо, таъмири роҳҳо ва ғайра амалӣ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда захираҳои бойи туристӣ мавҷуд аст ва роҳбарияти муассиса кӯшиш менамояд, ки вобаста ба ҷалби сайёҳон низ як қатор корҳоро анҷом диҳад. Ҳамсуҳбатам муътақид аст, ки дар ҳолати муаррифӣ намудани захираҳои биологии кишвар имкони зиёд оид ба рушди туризми экологӣ пайдо мешавад.
Иттилоъ гирифтем, ки дар ин давра бо панҷ ширкати туристӣ созишномаи ҳамкорӣ оид ба рушди туризм баста, зиёда аз 343 сайёҳ аз ҲТММ дидан намуданд, ки аз ин ҳисоб 11009 сомонӣ ба суратҳисоби сохторҳои тобеи муассиса ворид гардид.
Дар фарҷоми суҳбат аз номбурда оид ба мушкилоти мавҷуда пурсидем. Маълум гашт, ки мушкилоти асосии муассиса нарасидани нақлиётҳои махсуси хизматрасонӣ, фаъол набудани деворҳо — симхорҳо, набудани таҷҳизоти замонавии наворгирӣ (фотоловушка) ва ғайра мебошад. Ҳамсуҳбатам мутмаин аст, ки дар сурати рафъ гардидани мушкилоти зикршуда раванди фаъолият беш аз пеш беҳбудӣ меёбад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»