19 октябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.
Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳрро оид ба таҳлили воқеии натиҷаи нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2015 аз нигоҳи интиқодӣ ҷалб намуда, гуфт, ки дастовардҳои соҳавӣ бо вуҷуди таскиндиҳанда буданашон ҳанӯз ҳам ҷавобгӯйи потенсиали мавҷудаи аҳли ҷамоатчигии пойтахт нестанд ва ин масъала беш аз ҳарвақта аз ҳамагон масъулияти баландро тақозо менамояд.
Муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳо ва Сарраёсати молияву Раёсати андози шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати ду ҳафта дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидории дар марзи шаҳр фаъолияткунанда доир ба иҷрои нақшаҳои мутазаккира дар самти ҷамъоварии андози иҷтимоии соҳаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз истифодаи нодурусти 1111 гектар заминҳои бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 386 аз 7 апрели соли 2003 аз истифодаи ноҳияи Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воридгардида, аз вазъи муросонопазири истифодашавию нигоҳдории 2381 гектар қитъаи замини ҳудудҳои тибқи Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 382 аз 30 декабри соли 1983 барои васеъкунии ҳудуди қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии шаҳри Душанбе пешбинигардида, ки барои истифодабарии муваққатӣ, бе ҳуқуқи сохтмонҳои капиталӣ ва шинонидани дарахтони дарозумр ба ноҳияҳои атрофи пойтахт вобаста карда шудааст, изҳори нигаронӣ намуд.
Дар робита ба ин, афзуд, ки мутаассифона, дар заминҳои зикршуда ғайриқонунӣ ва бе дарназардошти талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва розигии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби раисони ноҳияҳои муваққатан заминистифодабаранда — Рӯдакӣ ва Варзоб ғайри таъинот истифодашавии заминҳо роҳандозӣ шудааст, ки оқибатҳои нохуби ҳуқуқӣ доранд.
Баҳри ислоҳи вазъи ҷойдошта ва пешгирӣ аз қонунпоймолкуниҳо дар ҷаласа қарор дода шуд, ки масъулин ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи шаҳри Душанбе, ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубҳои расмӣ ирсол намоянд.
Инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳоро ба хуб нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъи нигаҳдошту парвариши чорвои хурду калон аз ҷониби сокинон, безараргардонии сагҳои дайду баҳри амнияти шаҳрвандон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз касалиҳои ҳорӣ, ғановати бозори истеъмолӣ ва иҷрои нақшаҳои захираи маҳсулот дар бозорҳои коммуналӣ, амалисозии барномаҳои марбут ба шаҳр оид ба дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хизматрасонию ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани интизоми меҳнат дар ташкилоту идораҳо, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ шаҳр ба мавсими зимистонгузаронӣ ва фаъолияти меъёрии фаввораҳо дар шаҳр ҷалб намуда, ба мутасаддиён дастурҳои мушаххас дод.
Ш. САИДОВ