Баъди шунидани хабари фоҷиабори аз ҷониби ҷинояткорони ҳайвонсиришт 29-уми июли соли 2018 дар роҳи деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара бо автомашина пахш кардани гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ, ки дар натиҷа чор нафар ҳалок гардида, ду нафар бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ шуданд, аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ин амали ноҷавонмардонаю нангини террористиро сахт маҳкум менамоянд.
Собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона изҳор медоранд, ки сиёсати сулҳофару созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар атрофи Сарвари оқилу хирадманд, сиёсатмадори беҳамтои арсаи ҷаҳонӣ, Роҳбари дӯстдоштаи тамоми тоҷикони ҷаҳон боз ҳам зичтар муттаҳид мешаванд.
Ин маънӣ дар маҷлиси раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31-уми июли соли 2018 баргузор гардид, аз ҷониби аъзо, раисону кормандони масъули ташкилоти собиқадорон низ садо дод. Онҳо амали зишту нангини душманону хоинони миллатро сахт маҳкум намуда, зикр карданд, ки бадбинони давлату миллати тоҷик аз таҳкими сулҳу субот пешрафту инкишофи босуръати соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳлука афтода, бо амалҳои ғайриинсонӣ дар сатҳи байналмилалӣ обрӯйи давлатро паст кардан мехоҳанд. Вале, тири душманону бадхоҳон хок хӯрд. Мардуми Тоҷикистон дигар ба доми хоинони миллат намеафтад, балки таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулу ваҳдат, фидокоронаву собитқадамона меҳнат карда, Ватанро зина ба зина ба қуллаҳои баланди рушду инкишоф мерасонад.
Р. ҚУДРАТОВ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
* * *
Аъзои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳи ифротгаро ва хиёнаткорро дар ноҳияи Данғара, ки ба нооромии ҷомеаи Тоҷикистон ва паст намудани обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст, сахт маҳкум менамоянд.
Тазаккур бояд дод, ки ваҳдати мардуми Тоҷикистон, ки бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бо нобакориҳо халал намеёбад.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон абадист ва он омили асосии ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти кишвар мебошад.
Ислом Шафеиён, раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
* * *
Мо — коммунистони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ташкилкунандагони куштори сайёҳонро сахт маҳкум мекунем.
Ин амали ғайриинсонӣ мардуми сулҳпарвари ҷаҳонро ба ташвиш овард. Ташкилкунандагону иҷрокунандагони он душманони халқи тоҷик ва тоҷикистониён, хоинони Ватан мебошанд. Кушта ва ярадор шудани сайёҳони хориҷӣ аз тарафи аъзои ташкилоти террористӣ — Ҳизби наҳзати исломӣ ғазабу нафрати мардуми кишварро ба бор овард. Онҳо бо ин амали хоинона обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ зери суол бурданианд. Дониста бошанд, ки ҳаргиз ба мақсад намерасанд.
Сафар Эркаев, котиби кумитаи ҲКТ дар шаҳри Хуҷанд