Ҳафтаи гузашта бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода IV-умин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо – ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад» баргузор шуд.
Дар ибтидо назди бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумита Аҳтам Абдуллозода донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҷавонон табрик гуфта, зикр кард, ки бо гуфтору рафтор фарҳанги мардуми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд ва ба як қатор донишҷӯён барои дониши хубу аъло, ахлоқи намунавӣ ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар сипоснома тақдим намуд.
Сипас, донишҷӯён барои иштирок дар IV-умин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон озими шаҳри Турсунзода шуданд. Ҷавонони шаҳри Турсунзода меҳмононро бо гулу гулдаста ва суруду мусиқӣ пешвоз гирифтанд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, 75 нафар донишҷӯйи фаъоли дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва 150 нафар ҷавони фаъоли шаҳри Турсунзода иштирок карданд. Миёни донишҷӯён ва намояндагони вазорату кумитаҳо мубодилаи афкор ва суҳбати самимӣ сурат гирифт. Дар фарҷом Муроҷиатномаи ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта қабул шуд.
Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни анҷуман Хона-музейи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро дар деҳаи Қаратоғ тамошо карданд.
Анӯшервон Пӯлодов, ки дар Ҷумҳурии Олтойи Федератсияи Россия таҳсил мекунад, таассуроташро аз Хона — музейи Мирзо Турсунзода чунин баён кард:
- Барои мо — донишҷӯён омадан ба чунин ҷойҳо ва шиносоӣ бо мероси гузашта аҳамияти калон дорад, махсусан, имсол, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Шахсан ман бори аввал ба ин ҷо омадам. Мо — ҷавонон бояд таърихи гузаштаву имрӯзаи миллатро донем, то ояндаро беҳтару хубтар сохта тавонем.
Бояд тазаккур дод, ки Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта 2 марти соли 2014 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байниҳамдигарии донишҷӯён таъсис дода шудааст. Зиёда аз 3000 нафар ҷавони тоҷик, ки дар 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Миср, Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Полша, Олмон, Британияи Кабир, Нидерландия, Малайзия, Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил мекунанд, аъзои фаъоли он мебошанд.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»