Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳамкориҳои илмӣ вусъат меёбад

№№6(3643) 21.01.2017

АМОНЗОДА Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дигаргуниҳои ҷиддиро паси сар намуд. Таъсису такомули як қатор муассисаҳои олии таълимӣ маҳз дар ҳамин давра сурат гирифт ва низоми таълиму тарбия ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шуд. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷараёни таҳсил низоми кредитиро ба роҳ мондааст, — иброз дошт ректори донишгоҳи мазкур Илҳом Аминзода зимни нишасти матбуотӣ 13 январи соли ҷорӣ.

- Дар соли 2016, — гуфт ӯ, — ҳайати омӯзгорони донишгоҳ 5 патент оид ба ихтирооти нав ба даст овардаанд. Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии 3 омӯзгори дигар дар истеҳсолот татбиқ гардид. Дар ин давра бо 73 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва маркази таълимии хориҷи кишвар ҳамкориҳо ба роҳ монда шуданд. Соли таҳсили 2016-2017 85 омӯзгору донишҷӯи донишгоҳ дар доираи лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ аз курсҳои таҷрибаомӯзиву бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузашта, соҳиби диплому сертификатҳо гардиданд.

Аз 1-уми сентябри соли 2016 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қабули довталабонро аз рӯи 6 ихтисоси доктори PhD ба роҳ монд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони ҷавон дар давраи ҳисоботӣ таври ройгон курсҳои омӯзиши забони англисӣ, курсҳои академияи шабакавии СISCO, асосҳои кор бо технологияи иттилоотӣ ва инноватсионӣ бо ҷалби беш аз 130 нафар гузаронида шуд.

Шарофат Абдулвоҳидова  »садои мардум»