Аз ҳаёти ҷамоатҳои деҳот

Ҷамоати беҳтарин

№44 (3029) 09.04.2013

Ҷамоати деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи дастовардҳо ва натиҷаҳои меҳнатӣ,  амалҳои ободониву созандагӣ дар байни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия беҳтарин дониста шуд.  Раиси ҷамоати деҳоти номбурда Норхӯҷа Дадохӯҷаев ин дастовардро самараи таҷлили ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат меҳисобад, зеро Қасри таърихии Арбоб дар ҳудуди деҳоти мазкур воқеъ аст ва мардуми он бевосита шоҳиди баргузории ин иҷлосияи таърихӣ ҳастанд. Идомаи суҳбати мо бо Норхӯҷа Дадохӯҷаев чунин сурат гирифт:

-Вазъи соҳаҳои асосии ҳудуди деҳот-кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Ҷамоати деҳоти «Унҷӣ» фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба роҳ монда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузорад.

Дар ҳудуди деҳот мардум асосан бо кишоварзӣ машғул мебошанд. Соли гузашта дар миқёси деҳоти мо маҳсулоти ғаллагӣ ба миқдори 1271 тонна, пахта 1550 тонна, сабзавот 5600 тонна, мевагӣ 550 тонна,  шир 34 тонна, гӯшт 78 тонна, пашм 17 тонна ва пилла 13,6 тонна истеҳсол гардид.

Таваҷҷуҳ ба  маорифу тандурустӣ сол аз сол бештар мегардад. Айни замон дар деҳоти мо ҳафт мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназия, як хонаи наврасон, як хонаи маданият ва     се китобхона фаъолият дорад. Шумораи хонандагони мактабҳо 8604 нафарро ташкил медиҳад, ки ба онҳо 599 нафар омӯзгорони пуртаҷриба дарси ҳаёт, зиндагӣ, оини ватандӯстӣ, одобу ахлоқу худшиносӣ меомӯзонанд. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27  сохтмони бинои иловагӣ барои 240 нафар хонанда идома дорад.

Дар ҳудуди деҳот боз ҳашт муассисаи табобатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 180 нафар кормандони соҳаи тиб  ба мардум хизмат мерасонанд. Бо вуҷуди нарасидани кадрҳои болаёқат, табибони ҳозиқ баҳри солимии ҷомеа хизмати шоиста мекунанд.

- Яке аз масъалаҳои муҳим қабул ва баррасии муроҷиати сокинон, дастгирии ниёзмандон мебошад. Дар ин самт чӣ   корҳо ба фарҷом расидаанд?

- Давоми соли гузашта ба ҷамоати деҳот 9431 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд. Мардум асосан оид ба масъалаҳои таъмин гаштан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, оби нӯшокӣ, баҳси оилавӣ ва манзил, барасмиятдарории манзили истиқоматӣ, гирифтани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва таваллуд муроҷиат менамоянд.

Яке аз масъалаҳои асосии муроҷиати мардуми деҳот  нарасидани замини наздиҳавлигӣ буд. Хушбахтона, бо дастгирии Президенти мамлакат ин масъала ҳалли худро пайдо намуд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳия ба 1339 оилаи эҳтиёҷманд замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва то ин дам 955 оила бо он таъмин гардид. Алҳол боз барои 384 оила  қарор оид ба тақсими қитъаи замин ба тасвиб расидааст.

Мо барои дастгирии ашхоси ниёзманд низ чораҳо андешида истодаем. Чунончӣ, соли 2012-ум ба 122 нафар ашхоси ниёзманд-  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони  башардӯст, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои саробонгумкарда, шахсони яккаву танҳо, маъюбу пиронсол, камбизоату ятим бо дастгирии шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва соҳибкорон кӯмак расонида шуд. Алҳол 1585 нафар аз оилаҳои камбизоат бо ҷубронпулии газу барқ фаро гирифта шудаанд.

Бо қарори раиси ноҳия 22 оилаи камбизоати деҳоти мо ба мағозаҳо, чойхонаҳо ва тӯйхонаҳои ҳудуди деҳот вобаста шудаанд ва дар ҳар иду айём ба онҳо кӯмак расонида мешавад. Дар самти дастгирии оилаҳои камбизоат корхонаҳои «Ғаллаи Суғд», «ПМК №115», ҶММ «Тиниал», хоҷагии ба номи С.Ӯрунхоҷаев ва дигар шахсони хайрхоҳ саҳми босазо мегузоранд.

- Расму оин ва дигар маросимҳои мардумӣ чӣ гуна риоя мегардад?

- Аъзои комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоат ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сари вақт чораҷӯйӣ менамоянд. Давоми сол  дар деҳоти «Унҷӣ» 644 тӯю маърака баргузор гардидааст, аз ҷумла: 252 адад хатнасур, 392 адад тӯйи домодию арӯсӣ.

Соли гузашта танҳо як адад қонуншиканӣ дар ин самт ошкор гардида, маводи он ба Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол карда шуд.

Ҳамчунин оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста  тадбирҳо амалӣ мегарданд. Бо фаъолон ва бо ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ   оид ба қонунвайронкуниҳо, бахусус пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ  хуб ба роҳ монда шудааст.

- Дар деҳоти шумо кумитаҳои маҳаллаҳо фаъолият дорад?

- Албатта. Маҳз бо ташаббуси неки кумитаҳои маҳаллаҳо соли 2012 баҳри сазовор пешвоз гирифтани 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ободонию созандагӣ ба субут расиданд.

Тоза ва чароғон кардани роҳу кӯчаҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, таъмири хонаҳои кӯчаҳои Ленин, Ӯрунхоҷаев, Мастура Авезова ва Унҷӣ ба сомон расид. Бахусус мардум аз он ҷиҳат рӯҳбаланд ҳастанд, ки дар ҳудуди деҳот Қасри Арбоб  воқеъ аст ва он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав ободу зебо гардид. Дар шафати Қасри Арбоб чойхонаи боҳашамати миллӣ қомат афрохт. Кӯчаи ба номи С. Ӯрунхоҷаев бо масофаи чор км мумфарш ва чароғон шуд.

Ҳамчунин бо иқдоми аҳолии деҳаи Матаиб як километр роҳи деҳа мумфарш  шуд, ки маблағи сарфшуда барои ин кор зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ мебошад. Барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ низ корҳо ба сомон расонида шудааст. Чунончӣ, барои маҳаллаи ба номи Лоиқ Шералӣ, кӯчаҳои ба номи С.Ӯрунхоҷаев, Р.Набиев, М.Осимӣ ва Фирдавсӣ ба масоҳати беш аз се километр хати оби ошомиданӣ кашида шуд.

Дар маҳаллаи «Оқтеппа» сохтмони маркази савдо, чойхона ва толори варзишӣ давом дорад.  Инчунин дар шоҳроҳи «Хуҷанд- Ғафуров» ба истифода додани нуқтаи таъминоти сӯзишворӣ, мағозаи фурӯши молҳои саноатӣ ва нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

 

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»