Ҳалли мушкилоти деҳот, хусусан деҳоти кӯҳистон, яке аз масъалаҳои рӯз аст. То кадом андоза ҳал шудани ин мушкилот аз ҳунару истеъдоди роҳбарони мақомоти маҳаллӣ вобаста аст.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, раиси Ҷамоати деҳоти «Зонг»-и ноҳияи Ишкошим Гулнора Тайғуншоева аз ҷумлаи роҳбарони муваффақ аст. Мо аз эшон хоҳиш намудем, ки аз бурду бохти деҳоте, ки таҳти сарвариаш қарор дорад, андешаҳояшро баён намояд.
- Дар интихоботи соли 2010 маротибаи дуюм вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ интихоб шудам. Бо дарки масъулият пайваста бо мардум вохӯрӣ гузаронида, ба интихобкунандагон оид ба масъалаҳое, ки дар иҷлосияҳои вакилони халқи вилоят таҳти таҳлилу санҷиш қарор мегиранд, ҳама вақт ҳисобот медиҳам. Тамоми корҳои вазифавии худамро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», фармону дастурҳои Президенти мамлакат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаам. Раиси ҷамоат вазифадор аст, ки ҳамарӯза аз ҳоли мардум, вазъияти деҳот, соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иттилооти амиқу дақиқ дошта бошад.
Дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят баромад карда, фикру дархости интихобкунандагонамро баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешниҳод менамоям. Аз ҷумла имконияту мушкилиҳои иҷтимоии деҳотро омӯхта, Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷамоати деҳоти «Зонг»-ро пешниҳод намудам. Он дар асоси Қарори раиси ВМКБ аз 9 апрели соли 2008 таҳти № 75 «Дар бораи нақша – чорабиниҳо оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷамоати деҳоти «Зонг»-и ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2008 — 2012», ки аз 23 банд иборат буд, зери назорати қатъии раиси вилоят Қодири Қосим гирифта шуд.
Қисми зиёди бандҳои ин чорабинӣ мутобиқи ин нақша – чорабиниҳо ҳалли худашонро ёфтанд. Сохтмони бинои нави мактаби замонавӣ дар деҳаҳои дурдасттарини Ратм ва Малбар, кашидани хати барқи баландшиддат дар масофаи 5 км ба деҳаи Ратм, 15 км ба мавзеи Малбар, шинондани трансформатор бо тавоноии 100 киловатт ба маблағи 148 ҳазор сомонӣ ба охир расид, ки имрӯз дар хизмати мардум қарор доранд.
Ҳоло мардуми деҳот аз тамошои барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» баҳравар гаштаанд. Мушкилоти алоқаи телефонӣ низ пурра ҳал шуд. Баъди ирсол намудани мактуб ба директори генералии ширкати «Индиго Тоҷикистон» Мансурҷон Ҳамидов муяссар гардид, ки на танҳо сокинони деҳоти «Зонг», балки деҳоти «Вранг» ва «Птуп» низ аз хизмати ин ширкат бархӯрдор гарданд.
Омӯзишу банақшагирӣ ва барпо намудани корхонаи коркарди санги мармар дар деҳаи Лангар идома дорад.
Солҳои 2000-ум 85 фоизи мардум камбизоат буданд, имрӯз камбизоатӣ то ба 39 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ҳудуди деҳот 960 телефони мобилӣ, 129 мошинҳои сабукрав, 16 мошинҳои боркаш, 7 комбайнҳои ғаллакӯбӣ, 8 трактори тамғаҳои гуногун мавҷуд аст. 28 нафар соҳибкорони хурду миёна бо патенту шаҳодатнома фаъолият доранд ва 4 мағозаи ҷамъияти матлубот, ки ба иҷора дода шудаанд, молҳои мавриди ниёзи мардумро таъмин месозанд.
Муроҷиатномаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар моро вазифадор менамояд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода барем.
Солҳои охир дар деҳоти мо зиёда аз 20 гектар боғ бунёд шуд. Бо харҷи 36900 сомонӣ маблағҳои муҳоҷирони меҳнатии деҳаи Лангар, ки дар Федератсияи Россия кор мекунанд, дар ин деҳа боғи фарҳангу фароғат сохта шуда истодааст.
Ба хотири ободонию созандагӣ ҳашарҳо гузаронида, таъмиру азнавсозии чашмаҳои гарму шифобахшро, ки шумораи онҳо дар дар ҳудуди деҳот нуҳ адад мебошад, идома дода истодаем. Онҳо ҳамарӯза дар хизмати мардум қарор доранд. Яке аз онҳо аз ҷониби Барномаи МСДСП ба маблағи 17000 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва кор дар он идома дорад.
Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 масъалаи ҷалб намудани занон ба корҳои роҳбарӣ дар маркази диққати мо қарор дорад. Имрӯз як нафар зан раиси Ҷамоати деҳот ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, як нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, як нафар раиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, чор нафар ҷонишинони директорони мактабҳо, се нафар мудирони бунгоҳҳои тиббӣ мебошанд. Аз 25 нафар вакили Ҷамоати деҳот 12 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Мувофиқи Барномаи давлатии ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ бо маблағгузории Ташкилоти «Фокус»-и Амрико барои пешгирии хавфи обхезии дарёи кӯҳии Кихнчрав масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ ҳалли худро ёфт.
Ҳоло дар ҳудуди деҳот се корхонаи коркарди чӯб, ду корхонаи кафшергарӣ фаъолият доранд. Дар оянда оид ба ташкил намудани корхонаҳои хурди ҳунарӣ ва хизмати маишӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ аз ҳама гуна имконият ва маблағгузориҳо истифода хоҳем бурд.
Чун сарчашмаи ҳамаи пешравиҳо саломатии инсон аст, мо кӯшиш дорем, ки фаъолиятамонро дар ин самт беҳтар намоем. Ҳоло дар хизмати мардум як маркази саломатӣ, панҷ бунгоҳи тиббӣ бо фарогирии 25 нафар корманд фаъолият мекунанд. Бо ибтикори раиси ВМКБ Қодири Қосим як бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Зугванд, як маркази саломатӣ дар деҳаи Зонг сохта, барои деҳаи Ратм воҳиди корӣ ҷудо карда шуд.
Айни замон мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ҷиҳати кашидани хати баландшиддати 35 — киловатта аз Вранг то Лангар, васл намудани ҳисобкунакҳои барқӣ ба хоҷагиҳои деҳот, ки ба истифодаи оқилона ва пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқ мусоидат мекунанд, саъй карда истодаем.
Таҳияи Ш.ШоҲҚосимов,
«Садои мардум»