Анъанаҳои наврӯзии Ванҷи пурганҷ

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

Аз гузаштаи дур дар хусуси бо чӣ андоза ва чӣ гуна қиёс кардани фарорасии баҳору Наврӯз дар диёри Ванҷ низ қисса, афсона ва ривояти зиёд ба ёдгорӣ мондааст. Даме ки нахустин бархӯри путк ба сандон мерасид, мардуми деҳа мефаҳмиданд, ки баҳор омадааст ва ба иди Наврӯз омодагӣ бояд гирифт.

Дар рӯзгорони қадим мардуми деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ ва дигар бошандагони деҳаҳои наздикии Қалъаи Рохарв ҳисоби гузашти чиллаи зимистонро аниқ намедонистанд.

Дар мавзеи Саворбанди ин деҳа аз аҳди куҳан сангест, ки онро Кару Гунг ном мебаранд. Баъди даргузашти рӯзу шабони сарди зимистон, ҳамин ки аввалин маротиба ба тори ин санг шуоҳои офтоб  мерасид, аҳолии деҳа дафу доира, чангу рубоб ба даст мегирифтанд ва шодмонӣ мекарданд, ки фасли сармо охир шудаасту айёми дамидани сабзаҳо ва гулшукуф расида ва оғози ҷашнҳои наврӯзӣ он қадар дур нест.

Ин тақвими соддалавҳона ҳоло ҳам фаромӯш нашудааст ва бошандагони деҳаҳои Гишхун, Убари даргов, Скад падидаҳои нахустини хуршедро дар болои санги Кару Гунг фоли навбаҳору айёми наврӯзӣ медонанд.

Қисса мекунанд, ки ҳунармандони нотакрор чунин одате доштаанд, ки тирамоҳу зимистон боре ҳам най наменавохтанд. Бо гузашти чиллаи зимистон найи дар матои оҳарӣ печонидаро ба даст гирифта, ба як баландии деҳа баромада, ба чорсӯи водии Язгулом садои форам ва гӯшнавози найи худро танинандоз мекарданд.

Бо шунидани садои мафтункунандаи най мардуми водии Язгулом хуб мефаҳмиданд, ки айёми сармо гузашта ва фасли баҳори нозанин фаро расидааст. Ҳамагон аз Мотравн сар карда, то деҳаҳои баландкӯҳи Жамагу Зайч, тараддуди баҳор ва Наврӯзро медиданд.

Дар бораи рӯзгори рангини паҳлавонони диёри Бадахшон, аз он ҷумла Ванҷ аз даврони куҳан то ба замони мо қисса ва ривояти бисёр расидааст. Алалхусус дар бораи Имат -паҳлавони номдор, ки аз овони бачагӣ то пирӣ гӯштин мегирифтааст, ҳикоятҳо ва нақлҳои зиёд миёни мардум ҳоло ҳам ба гӯш мерасанд.

Гарчанде Наврӯз иди қадима ва ганҷинае аз суннатҳои дилпзири деринаи мо, тоҷикон, бошад ҳам, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба худ шукӯҳу шаҳомати хос гирифт ва бо таклифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  он мақоми ҷаҳонӣ ё худ байналмилалӣ пайдо кард. Мо аз ин фахр дорем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯзи оламафрӯз гашт.

Ба қавли Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Наврӯзи куҳан имрӯз аз баракати айёми истиқлолият, раванди демократикунонӣ, афзудани худшиносии миллӣ умри тоза ёфтааст ва бо навои таронаи дилпазир ҳампои рӯзгори нав дар Тоҷикистони зебоманзари мо сайр дорад.»

Дар бархе аз деҳаҳои Язгулом дар мавриди зикр кардани «Граваш» (Офтоб дар мард) баъди поку тоза кардани рӯйи деворҳои дохили хона аз гарду чанг бо гили махсус («хизм»), ки аз пуштакӯҳ меоварданд, сафед карда, дар рӯи онҳо бо гили сурхранг («рушт шат») ҳар гуна суратҳо, ки тасаввуроти асотирии онҳоро ифода мекарданд, нақш мебастанд. Поку тоза кардани макони истиқоматӣ, ба ақидаи онҳо, тимсоли шодмонӣ ва истиқболи баҳор аст.

Дар Язгулом, чун дар Бартанг, «Офтоб дар мард»-ро дар мавриди аввал дар давоми як шабонарӯз – аз нимаи дуюми хурд қайд мекарданд. Дар нимаи дуюми рӯзи аввал барои хӯроки шом анвои рӯзи дуюм мардони хона бо таомҳои маросимӣ назди шахсони муътабару хешони қариб ва ҳамсояҳо барои ба ҷо овардани расми «салом»-у «эҳтиром» мерафтанд. Шаб баъди анҷоми пухтупаз кадбону «буйвухъ»-ро лаби аловхона даргиронда, аҳли хона рӯи дастархон (занҳо алоҳида) гирд меомаданд ва баъди хӯрдани таоми маросимӣ марди солхӯрдаи хонадон дуо хонда, шукронаи он мекард, ки чиллаи зимистонро паси сар карда, фасли гарморо боз сарҷамъ истиқбол гирифтанд. Мардум ин шабу рӯзро ибтидои зиндашавии табиат низ маҳсуб медонанд, зеро дар он лаҳзаҳо, ба гуфти онҳо, хирс («йурх»)-у суғур («хъкуф»)- у мор («лҳгуфтс»), ки дар давоми рӯзҳои чиллаи зимистон дар ғору лонаҳояшон ғарқи хоби гарон будаанд, бедор мешаванд ва дар ҳамин маврид «Расму гарди хона баровардан»-ро хеле  муҳим ҳисоб мекунанд.

Дар аксари ҷойҳо ҷорӯбҳо (ҳам «пиёда» ва ҳам «савораҷорӯб»)-ро ба воситаи равзанаи рӯйи бом ва баъдҳо онҳоро аз он ҷо гирифта, дур аз назари одамон мепартофтанд. Дар Язгулом ду дона ҷорӯб («рафтс») -ро яке  барои поку тоза кардани шифту фарши хона ва дигаре барои сафед кардани деворҳои хона ва рӯйи деворҳо кашидани ҳар гуна нақшу нигор, истифода мекарданд. Ҷорӯби якумро баъди поку тоза кардани  хона аз равзана ба бом мепартофтанд. Вай гӯё касалӣ, зиндагии тоқатфарсои чиллаи зимистон, рӯҳҳои нопок ва бадиро фаро гирифтааст.  Ба ақидаи онҳо қувваҳои бадӣ ба воситаи равзана дохили хона мешаванд ва онҳо бояд бо ҳамин роҳ аз хона берун шаванд. Баъди тамоман фарсуда шуданаш ҷорӯби якумро аз бом гирифта, ба ҷои аз назар дур мепартоянд.

Ҷорӯби дуюмро барои истифодаи минбаъда нигоҳ медоштанд, вай безарар дониста мешуд, чаро ки вай фақат ба гили тоза расидааст.

Баъди рӯбучини хона хоктӯдаро дар як  зарфи фарсуда андохта, ба ҷое бурда, дар чуқурие гӯр мекарданд, ки пои одамон ба он ҷо намерасид. Хокрӯбаро гӯр карда, зуд аз пайроҳаи дигар ба хона бармегаштанд, то ки қувваҳои бадие, ки бо хокрӯба гӯр кардаанд, аз пасашон барнагарданд. Чунин амалу бовар ба тамоми мардуми ин вилоят хос мебошад.

Возеҳ ба назар мерасад, ки оини «Офтоб дар мард» ба яке аз ҷашнҳои мубораки аҷдодонамон – Ҷашни Сада равобити қавӣ дорад. Ин нуқта аз дубайтии зерини шоири тавонои асрҳои X-XI форсу тоҷик Манучеҳрӣ ҳам рӯшану гӯё дарк мешавад:

Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор,

Кардааст ройи тохтану қасди корзор.

В-инак, бимондааст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.

Мардум ин оини шогуниро ба хотири пайки баҳор, ки онро бо ибораи «бачагии баҳор» ҳам ёдовар мешуданд, ба умеду орзуҳои хушии  рӯзгор дар Соли нав қайд менамуданд. Аз ҳамин рӯз мардум ба рӯфтани барфи болои бомҳо сар мекарданд, ба сохтану таъмир кардани асбобҳои шудгор, поку тоза кардани тухмӣ барои кишти зироат ҷиддӣ машғул мешуданд. Аз ҳамин рӯз шуруъ гардида, дар рӯзҳои мусоид дар рӯйи оғилхонаҳо аз гиёҳе, ки онро баъзе «ситрахм», баъзе «буйвъхохъ» ё «йоб» мегуфтанд, бӯй андохта, баровардани пору ва ба сари замини кишт кашондани онро салоҳ медонистанд. Бачаҳо дар рӯзҳои офтобӣ рӯйи бомҳо баромада, ба бозиҳои гуногун машғул мегаштанд.

Нафаси гарми Наврӯз- ба Ванҷ, нисбати дигар ноҳияҳои Бадахшон, тезтар меояд. Наврӯз гӯё шаҳдухтарест, ки Ванҷро пай зада, сайри идонаи худро дар баландиҳои Бадахшон анҷом медиҳад. Сайри Наврӯз бошад, дучанд зебо, фараҳафзо ва шукӯҳманд мешавад.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ,

«Садои мардум»