Дар партави Паёми Президент

ҒАНОВАТИ МАЪНАВӢ ҲИДОЯТГАРИ АЪМОЛИ НЕК АСТ

№62 (3542) 14.05.2016

«Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти  шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом  иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд».

Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016

Эмин нигоҳ доштани ҷомеа, бахусус ҷавонон, аз таъсири омилҳои бегона аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат  номидааст.

Мутаассифона, ҳоло ҳувияти фарҳангии иддае аз ҷавонону наврасон зери таъсири чолишҳои ҷиддии фарҳанги бегонагон қарор дошта, қисме аз онҳо бо ин далел гирифтори хурофот гардидаанд.

Барои эмин мондан аз ин гуна таъсироти манфӣ тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан ва ваҳдати миллиро таҳким бахшидан бояд аз ҷумлаи амалу иқдомҳои доимӣ бошад.

Вақте сухан аз боби тарбияи ахлоқӣ меравад, арзишҳои дини исломро набояд сарфи назар кард. Эътироф бояд кард, ки ҳеҷ давлате миёни кишварҳои  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар гиромидошти ғояҳои дини мубини ислом ба иқдомҳои густурда даст назадааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои дини ислом тарбия кардани насли наврас ва ҷавон тадбирҳои зиёде амалӣ мекунад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо Каъбаи Мукаррамаро тавоф кардаанд, миёни кишварҳои исломӣ ва уламои дин обрӯ ва эътибори хоса доранд.

Бо забони тоҷикӣ нашр гардидани Қуръони Карим бошад, имкон фароҳам овардааст, ки мардум аз моҳият ва мартабаи ин каломи Худованд огаҳии комил дошта бошанд.

Ҳоло дар як қатор давлатҳои исломӣ муҳорибаҳои шадиди мусаллаҳона доман задааст. Ин амалҳои хунин зери шиори ҷиҳод  ба ҷо оварда мешаванд, ҳол он ки ҳар ду ҷониб ҳам аҳли  исломанд.

Дар Қуръони Маҷид омадааст: «Ва ҳар кас, ки муъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби  бузург  барои ӯ омода сохтааст» (сураи Нисо, ояти 93). Ваҳшонияте, ки ҷангиёни бо ном «Давлати исломӣ» содир мекунанд, ба таълимоти ислом ва ғояҳои он ҳеҷ мансубият надорад, зеро дар Қуръони Карим ҳамеша сулҳ, бародарӣ, дӯстӣ талқин шудааст. «Ва агар ду гурӯҳ аз муъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас миёни онҳо сулҳ кунед» (сураи Ҳуҷурот, ояти 9).

Дар ҳадиси «Саҳеҳ»- и ал- Бухорӣ омадааст: «Мусалмон ҳамонест, ки ба мусалмони дигар тавассути забон ва  дастонаш  зарар намерасонад». Арзишҳои дини мубини ислом, ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявии онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд. Мутаассифона, баъзе ҷавонон ба доми фиреб гирифтор шуда, шомили гурӯҳҳои террористӣ гардидаанд ва қисме аз онҳо ба ҳалокат расидаанд. Аҳли уламо ҳам ба он назаранд, ки таълими ахлоқӣ ва эътиқодии равияи Имоми Аъзам  хубтар роҳандозӣ  шавад, то ин ки ҷавонон аз асли  эътиқод огаҳӣ дошта бошанд.

Дар суҳбат бо яке аз рӯҳониёни муътабар — домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ низ ин нукта таъкид шуд. Ӯ чунин  мешуморад: «Пайравӣ аз мазҳаби Имоми Аъзам пеши роҳи равияҳои навпайдоро, ки сабабгори ихтилоф ва тафриқа мегарданд, метавонад  гирад. Бисёрии онҳо, дар мисоли ҷараёни Салафия, ба ҷуз низоъ ба аҳли ислом  чизе дода наметавонанд. Аз ин ҷиҳат, мардумро ба амали нек ва суботи ҷомеа бояд ҳидоят  кард. Ба қавли Расули Акрам (с): «Ман фаррақа фалайса мино», яъне ҳар касе тафриқаандозӣ мекунад, аз мо нест. Аз ин хотир, пайрави ҳақ шудан, мардумро ба роҳи нек ҳидоят карданро ҳар фард бояд дарк кунад».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки танҳо шахсони соҳибмаърифат, огоҳу худшинос ва дорои ахлоқи неку  маънавиёти баланд метавонанд ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиву ахлоқии халқи худро аз ҳама олоиш ҳифз намоянд. Мо, аҳли ҷомеаро, мебояд дар ин ҷода собитқадам бошем.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»