Посух ба ҳарзагӯиҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТТЭ ҲНИ
Дар ҳоле ки ҷанги хонумонсӯз чанде аз кишварҳоро фаро гирифтааст, муҷиби бадбахтии мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта — ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад, ки ҷанги навро ба сари миллат дигарбора бор кунад.
Мақоли «Битарс аз касе, ки наметарсад аз Худо»-ро пурра ба М. Кабирӣ метавон нисбат дод, зеро чун пайрави шайтон барояш дину оин, мазҳаб, миллату Ватан, ҳаёти инсонҳои бегуноҳ арзиш надорад. Ба хотири расидан ба мақсадҳои ифлос аз разолат рӯ намегардонад, чунки дигар роҳ, илоҷ надорад. Сарпечӣ аз фармони хоҷаҳо барояш маънои маргро дорад. Ин дунёву он дунёяшро кайҳо ба савдо задаанд.
Дар ҳама давру замон мунофиқоне чун Кабирӣ аз номҳои мубораки Худованд, дину имон, миллату Ватан ба манфиат суиистифода мекарданд. Густохию шаккокӣ магар аз ин беш мешавад, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар арафаи интихобот ҳизби ҷинояткор ва зомини хуни ҳазорон бегуноҳро «Ҳизби Худо» эълон намудаву ба он овоз доданро тақозо намуданд? Магар ин беҳурматӣ нисбат ба Худо ва зиёдаравӣ аз тарафи онҳо нест? Аҷаб нест, ки рӯзе М. Кабирӣ ман раиси «Ҳизби Худо» гуфта, даъвои пайғамбарӣ ҳам кунад ва худро миёнрави Худову бандагон муаррифӣ кардани ӯ ҳам ҳамин маъноро дорад. Агар не, дар сайёра аз миёни миллиард инсон дигар одам ёфт нашуд, ки М. Кабириро интихоб мекунанд ё ҳизби ӯро қабул? Аз ин баъд Кабирӣ сафсатаро ба онҳое гӯяд, ки ӯро намешиносанд.
Умри дурӯғро кӯтоҳ гуфтаанд. Чизе аз чашми заррабину ҷавҳаршиноси халқ пинҳон намемонад Бояд гуфт, ки мурод аз ин ҳама талвоса на хӯрдани ғами миллату меҳан, дину мазҳаб, балки ба хотири қудрат асту бас.
М. Кабирӣ баринҳо ба ҷуз манфиати шахсӣ, дигар хоҳиш, тавони анҷом додани одитарин кори хайрро надоранд. Ҳатто дар умрашон ягон кори хайрро анҷом надодаанд. Дороияш ҳам музди хиёнату ҷиноятҳояш мебошанд. Вагарна, он ҳама молу сарват, бозору иншоот, мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ барои худу фарзандон, сафарҳои беҳисоб ба Эрону дигар мамолики манфиатдор, зиндагию маишат дар кишварҳои хориҷиро аз куҷо соҳиб гардид? Наход ҳизбе, ки чизе истеҳсол намекунад, то ба ин дараҷа доро ва раиси он миллионҳо доллар даромад дошта бошад? Ҳатто дар сурати ба миллион нафар расидани аъзо ҳам ҷамъоварии маблағ ҳеҷ имкон надорад. Ба ҷои сафсата гуфтан мебояд ба ин саволҳо бо нишон додани сарчашмаи даромад посух гуфт. Шахсе, ки аз касею чизе дилпур нест, ҷуръати ба кишварҳои бегона сафар карданро намекунад, ба шарте ки агар гадои берӯй набошад. Ин ҳама ба Кабирии чун малахак чаққон, чун рӯбоҳ айёр ва чун бӯқаламун тағйирёбанда мушкил надорад. Магар ҷазое сахттар барои одам аз радди ҷомеа, оқи мардуму сарзамин гаштан ҳаст? Инро оне қоил аст, ки ба мавҷудияти Худо бовар дорад, фақат на Кабирӣ.
Аз мулоқот бо Пешвои маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Конфронси исломӣ нишон доданӣ шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бо нуфуси 9 миллион бо Президент, ки дар душвортарин шароит дар кишвар корҳоеро сомон дод, ки дар ҳафтод соли шӯравӣ орзу ҳам карда наметавонистем, дар муқоиса бо ӯ ҳеҷанд. Паст задани миллату Ватан дар назди бегонаҳо, аз минбарҳои ҷаҳонӣ магар нишонаи мусалмонист? Ин, албатта, ба пиндори хоми ӯст. Баръакс, симои аслии худро кушода дод, ки ба миллату давлат муҳаббату садоқат надорад, бегона аст. Касе, ки ба миллату Ватан хиёнат мекунад, ба бегонаҳо ҳам вафо карда наметавонад. Ватандорӣ аз гӯшаи имон аст. Беватан, хоину оқи миллату ватангардида, ҳаргиз соҳибимону ҳомии дину мазҳаб буда наметавонад. Вақте ки бе хиҷолат аз баҳри падару модар, миллату Ватан, дину мазҳаб гузашта метавонад, ду-се инсони содаи ба ӯ боварнамуда барояш арзише надоранд. Ин ҳамаро «дӯстон»-и хориҷии М. Кабирӣ хуб медонанд, вале барои онҳо зархариду муттаҳаме муваққатан даркор аст. Аз ҳамин ҷост, ки барояш тамоми шароиту имкониятро фароҳам овардаанд.
Аз як тараф, М. Кабирӣ қатъан даст доштани худу ҳизбашро дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва табаддулоти сентябри соли 2015-и ҳоҷӣ Ҳалим, ҳамкорияшро бо ташкилоту ҳизбҳои дигари иртиҷоии хориҷӣ рад намуда, аз тарафи дигар, нафаҳмида худро фош менамояд. Аслан, гирем, он андешаю пешниҳодоте, ки дар суханрониҳояш меорад, маҳсули зеҳнию ақлонии ӯ набуда, аз барномаҳои тайёри ҳаматарафа тарҳрезигардидаи доираҳои муайяни иртиҷоӣ гирифта шудаанд. Аз дурӯғи бисёр гуфтан роҳгум задаасту намедонад, ки чиҳо мегӯяд. Ин маризи бузургманишӣ гуфтаҳояшро инкор мекунад ва алоқамандии сад дар садашро дар ҳама ҷиноят тасдиқ менамояд.
Айман Завоҳирӣ, роҳбари ташкилоти байналмилалии террористии Ал-Қоида (зодаи Миср) моҳи сентябри соли 2011 дар иртибот ба «Баҳори араб» изҳорот дода буд, ки мо: «Мо ҷонибдори Баҳори Араб ҳастем, ки бо худ исломи нобро меоварад». Роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ зимни мусоҳиба дар телевизиони «ал-Ҷазира»-и давлати Қатар (29 сентябри соли 2012) дар барномаи «Бидуни сарҳад», бо Аҳмад Мансур пуштибонӣ аз инқилоби «Баҳори араб» ва ҳамзамон, миллату Ватанбезор ва бозичаи дасти дигарон буданро изҳор дошт. Таъкид намуд, ки ҲНИТ-ро Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар заминаи ақидаҳои «Ихвон-ул-муслимин» ташкил додааст. Кабирие, ки замоне аз сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ норозӣ буд, онро ситоиш кард, ки дар даврони Аморати Бухоро ва Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Осиёи Миёна аҳлона зиндагӣ менамуданд. Ҳоло сиёсати панҷ ҷумҳурии соҳибистиқлоли Осиёи Миёна бар ғояҳои миллӣ асос ёфтаанд, ки барои ҳамзистии минбаъда монеаи ҷиддист ва бояд онҳоро бо роҳи инқилоб исломӣ кард. Аз афташ, М. Кабирии ҷоҳталаб бо ҷонибдорӣ аз ташкили хилофат орзуи ё амир ё халифа шуданро ба сар мепарварад, чунки роҳбари ташкилот будан дигар ӯро қонеъ намекунад. Нороҳат аст, ки дар Қирғизистон, Украина ва Гурҷистон инқилоб шуд, вале классикӣ набуд. Зеро ба сари қудрат боз онҳое омаданд, ки дар ҳукуматҳои пештара мансаберо ишғол мекарданд. Яъне, дили кабириҳо об нахӯрд. Инқилоби ҳақиқӣ он аст, ки президент иваз гардида, ҳукуматаш ҳам барканор карда шавад, тавре дар мамлакатҳои арабӣ рух дод. Мамлакатҳо хароб, сокинон кушта гарданд. Ба андешаи ӯ, дилхоҳ касе, ки сари қудрат меояд, диктатор, бадхоҳи миллат асту танҳо ӯ фаришта. Хунталабона Тоҷикистонро ҳам дар ҳоли Ироқу Афғонистон, Покистону Лубнон ва амсоли онҳо дидан мехоҳад.
М. Кабирӣ аз сарнагунии режими Ҳусни Муборак, Бен Алӣ ва Қаззофӣ ва ба хоку хун оғушта гардидани Либиё, Тунис ва Миср изҳори хушнудӣ менамояд ва онҳоро диктатор ном мебарад. Далеле наёфта, боз ҳам сафсатаҳои куҳнаро такрор намуда, манъи рӯмолбандӣ ва ба масҷид рафтани занонро дар Тоҷикистон мисол меорад. Бо ёдоварӣ аз ҳодисаи Андиҷони Ӯзбекистон мардумро тарсу номида, малул аст, ки инқилоб намекунанду хуни якдигарро намерезанд ва насли ҷавонро «шердил» карданӣ мешавад. Вале аз фарзандони худ дар мавриди иштирок дар «ҷиҳод»-ҳо эҳтиёт менамояд. Имтиёзҳое, ки дар ин дунё барои он дунё ба дигарон ваъда менамояд, ба фарзандони худаш лозим набошанд?
Бобоҷони Қаюмзод, узви фаъол ва масъули сиёсати хориҷии ТТЭ ҲНИ, қаблан дар Туркия ва ҳоло дар Лаҳистон паноҳ бурда, бо супориши М. Кабирӣ апрели соли 2017 дар шаҳри Истанбул бо Холид Машъал, собиқ роҳбари Дафтари сиёсии ҲАМОС, (ташкилоти фаластинии аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ террористӣ эътирофшуда ва аз тарафи Эрон дастгириёбанда) вохӯрӣ гузаронида, нақшаи фаъолияти тахрибкоронаро ҳамоҳанг намуданд.
Соли 2012 М. Кабирӣ ба Миср сафар намуда, бо Муҳаммад Мурсӣ дар Қасри Иттиҳодия вохӯрӣ анҷом дода, аз гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин»-и Миср «ишораи сабз» гирифта, ваъдаи дастгирии пурра ва ҳизбро дарёфт намуд. Аммо қазову қадар барояш муҳлате аз он беш надод ва «Инқилоби ислоҳӣ» 30 июни соли 2013 оташи умедҳоро фурӯ бурд.
Маҳмадшариф Ҳимматзода, лидери аввалини ҲНИ ҳангоми ташриф ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун роҳбари ҳизбуллоҳи тоҷик муаррифӣ мешуд. Дар болои нишони ҲНИ ва дар дохили китоб бо забони арабӣ «Ало инна Ҳизбуллоҳ ҳум-ул-муфлиҳун» (Огоҳ бошед ҳизби Худо растагоранд/Огоҳ бошед фақат ёварони Худо (ҳизби Худо) ба ҳадафи худ даст меёбанд) аз ояти 22 сураи Муҷодалаи «Қуръон», шиори Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷой дода шудааст.
Ҳизби исломии Малайзия яке аз шохаҳои «Ихвон-ул-муслимин» ба ҳисоб меравад. Он низ аз ҳисоби Муҳаммад Мурсӣ дастгирӣ меёфт. 21-24 июли соли 2017 дар конфронси байналмилалии «Ваҳдати уммат» (дар Малайзия) баргузоршуда роҳбари ҲНИ М. Кабирӣ ҳузур дошт. Ба конфронс ҳамзамон намояндаи «ҲАМОС» Усома Ҳамдан, инчунин рӯҳонии фирории ҳиндӣ Зокир Абдулкарим Наик даъватӣ буданд. Охирӣ ҳам аз майи соли 2017 дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад.
М. Кабирӣ чун бӯқаламун ё худ ҳаштпо ҳамеша тағйири рангу мавқеъ мекунад. 20 марти соли 2017 тариқи сомонаи ТТЭ ҲНИ «Nahzat.org» бо паёми наврӯзӣ мардуми Тоҷикистонро табрик намуд, вале соли 2018 аз табрикот бо ҷурми гӯё ҷашни маҷусон будани Наврӯз даст кашид.
Имрӯзҳо бошад, баъди инқилоби рангаи Арманистон бадлафзию бадниятӣ карда, «пешгӯӣ» менамояд, ки дар кишварҳои орому рушдёбандаи Қазоқистон ва Тоҷикистон зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ сар мезанад. Вале аз мақолҳои одии мардумӣ фаромӯш кардааст, ки яке аз онҳо чунин аст: «Ба гуфтаи курмуш борон намеборад». Ғайр аз ин, дам ба дам ба расонаи наздик ба хадамоти ҷосусию иғвоангези эронии «Тасним-нюз» мусоҳибаҳои тумтароқи тӯлонӣ дода (ахираш 20-уми июни соли 2018), мардумро ба ҷанги дуюми шаҳрвандӣ таҳрик мекунад. Бехабар аз он ки мардум ҳамаҷониба сиёсати имрӯзаи Давлату Ҳукумату Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, аз ҷангу дасиса безор аст.
Айбҷӯӣ хоси заифон ва услуби мақбули Кабирист. Бо «сӯзу гудоз» аз камбудии ҷомеаи тоҷик сухан меронад, наҳ мезанад. Шояд мепиндорад, ки танҳо ӯст, ки ҳеҷ хатою иштибоҳ надорад, авлиёст. Дар ҳалли камбудию мушкилоти ҷойдошта бошад, мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат ба маслиҳатҳои кабириҳо ниёз надорад.
Ба қавли шоираи эронӣ Жӯлидаи Нишопурӣ:
Ҳар кӣ бо теғи забон теғи ситам тез кунад,
Ҳосилаш насли худ аз реша барандохтан аст.
«Садои мардум»