Имрӯз низ ашхосе пайдо мешаванд, ки мехоҳанд теша ба решаи ормону орзуҳои ҳазорсолаи ниёгон бизананд, давлати ободу миллати фархундаеро бадном кунанд. Дар ин росто, хостам чанд ҳарферо ба гӯши ҷавонони баору номус, ки ба умқи маънии вожаи «Ватан» сарфаҳм мераванд, бирасонам.
Мо — ҷавонони тарбияи замони шӯравирогирифта аз марзи кишвари худ дуртар нарафта, аз бетаҷрибагӣ чизеро дарк накардем. Ҳар нафаре, ки ба минбар мебаромаду сухан мегуфт, бароямон ҳарфи наву дуруст буд. Ҳатто зиёиён низ ба иштибоҳ роҳ доданд. Дар бораи давлатмардони вақт низ ҳаминро гуфта метавонем. Фоҷиаи бузург болои миллат омад. Хазина холӣ шуду шаҳру деҳаҳо хароб. Ҳазорҳо нафар қурбони ҷаҳолат шуданд. Хонаи тоҷик месӯхту модари тоҷик ашк мерехт, аммо бегонагон ба оташи алангагирифта равған мерехтанд, машъали оташ ба гардунҳо мерасид.
Шукрона, ки боз ақли солим ғолиб омад. Бо ҳидояти Худованд ҷавонмарди ватандӯст сари кор омад. Миллати парокандаро ба ҳам оварду чун чароғи раҳнамо мардумро ба сӯйи ояндаи пур аз саодат мебарад ва тасмим гирифтааст, ки барои ояндагон як давлати комилан миллӣ мерос гузорад. Ин ҷавонмарди фарзона Президенти имрӯзаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.
Тоҷикон бо ҳидояти Сарвари давлат ва андарзҳои оқилонаву муассири ӯ ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд, дасти ҳамдигар гирифтанду пайи анҷоми корҳои созандагӣ гардиданд. Аммо аз ин дарси ибратомӯз, пур аз лаҳзаҳои дардзо на ҳамаи мо сабақ гирифтаем. Таърих оинаи рӯзгори мост. Мо бояд ҳар лаҳза рӯзҳои гузаштаи худ ва ҳафт пуштамонро пеши рӯ биёварем. Агар ҷавони аз гузашта бехабарро бубинем, бо як забони омиёна ба ӯ дарс бигӯем ва ӯро танҳо ба созандагию ободкорӣ, худшиносию ватандӯстӣ ҳидоят намоем. Коре кунем, ки дигарбора ҷавонони саодатманди кишвар роҳ гум накунанд ва пушти ашхоси харобкору гирифтори тахайюлоти зараровар нараванд.
Давлати озоди мо дар маркази шаҳру навоҳӣ барои ҷавононе, ки мехоҳанд аз илми фиқҳ огоҳии комил дошта бошанд, даҳҳо макотиби хурду калон кушодааст. Яъне, мо ба таълими устодони бегона муҳтоҷ нестем. Набояд ба мазоҳиби гуногун, ки хилофи иродаи аҷдоди мост, пайравӣ кунем. Магар онҳое, ки дар мамолики дигар ва аз устодони бегона таълим гирифтаанд, имрӯз барои ободии кишвар ва рушду нумӯи он кореро анҷом медиҳанд? Ба ҳаёти баъзе мамолики бо ном исломӣ менигарему дар қалб дарди тоқатфарсоеро эҳсос мекунем, зеро ҳар соат даҳҳо пиру барно, атфоли бегуноҳ пайи даргириҳои бемаънӣ олами зеборо тарк мегӯянд, шаҳрҳои обод хароб мешаванд. Аз чунин харобкорон магар барои мусалмонон манфиате мерасад?
Ашхоси аҳримансират ҷавонони дунёнадидаву аз шебу фарози зиндагӣ бехабарро гӯл мезананд. Ба гумроҳию олами ҷиноӣ раҳнамоӣ мекунанд. Мо бояд ба ҳар восита пеши роҳи чунин ашхоси миллатфурӯшу ватанфурӯшро бигирем. Нагузорем, ки фарзандони мо аз эшон пайравӣ намоянду кишвари моро бадном кунанд, зиндагии осудаи мардуми мамлакатамонро халалдор намоянд.
Имрӯз як миллати соҳибтаҷриба, талхию шириниро чашида ва дар кураи ҳаёт обутоб ёфтаем. Фарзандони мо низ бояд парвардаи ҳамин мактаб бошанд. Гузаштаи на чандон дур барои ҳар яки мо оинаи ибрат бошад. Ҳамон тавре ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудаанд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Д. ТАЛАБЗОДА,«Садои мардум»