Мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо аз мушкилоти рӯз ба шумор меравад. Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳар сол дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ дар ҷаҳон 1, 35 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд, ки аз ин 84 ҳазор нафар ба қитъаи Аврупо рост меояд.
Афзоиши теъдоди қурбониёни садамаҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳо аз 6 то 12 майи соли равон бо ташаббуси СММ дар ҷаҳон Панҷумин ҳафтаи глобалии бехатарии ҳаракат дар роҳҳо баргузор шуд. Дар доираи он маъракаҳои иттилоотӣ доир гардида, масъулон ба аҳолӣ манфиати риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ, истифода бурдани тоскулоҳ, тасмаҳои бехатарӣ, хавфнок будани автомобилронӣ дар ҳолати сархушӣ, хатари риоя накардани маҳдудияти суръат дар роҳро фаҳмониданд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар сол дар мамлакат ба ҳисоби миёна 450 нафар дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба ҳалокат расида, беш аз якуним ҳазор нафар маҷруҳ мешаванд. Давоми даҳ соли охир дар роҳҳои автомобилгарди кишвар зиёда аз 14000 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо 4499 нафар ба ҳалокат расида, 16449 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Тоҷикистон аз ҷиҳати фавт аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба 100000 нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро мегирад. Қариб 50 дарсади ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба пахш кардани пиёдагардон вобаста буда, сеяки онро баромадан ба самти муқобил ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе 4343 адад қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор гардидааст. Аз ҷумла, дар ин муддат як ҳодисаи идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 134 ҳодисаи баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда, 147 ҳодисаи истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ва 30 ҳодисаи итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо ба қайд гирифта шуд.
Дар баробари ронандагон пиёдагардонро низ зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд. Баъзе аз онҳо аз ҷойи дилхоҳ роҳро убур мекунанд. Ё ин ки то фурӯзоншавии чароғак 6 — 8 сония боқӣ монда бошад ҳам, шитобкорона азми аз роҳ гузаштан менамоянд. Чунин рафтори пиёдагардон ронандагонро саросема намуда, боиси рух додани садама мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»