Мақолаи «Ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ба низом медарояд, агар…», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 12 апрели соли 2016, №48 чоп гардидааст, дар ҷаласаи васеи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин, мақолаи мазкур бо иштироки кормандони шуъбаи назорати техникии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар маҷлиси кормандони Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус- 1» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои наандешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хатсайри №18 ҷойдошта, яъне риоя накардани реҷаи ҳаракат ва одоби муошират бо шаҳрвандон, бо либосҳои ғайрирасмӣ ва бо симои зоҳирии номутобиқ баромадан ба хатсайрҳо, ки боиси норозигии шаҳрвандон гаштааст, нисбат ба масъулини корхона чораҳои интизомӣ андешида шуданд.
Масъулини Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус — 1» вазифадор шуданд, ки ҳар рӯз дар хатсайри №18 аз 10 то 15 адад автобусро сафарбар намуда, фаъолияти онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти хурди мусофиркаши ба истилоҳ, «таксиҳои сесомона» ва ҷорӣ намудани тартибу низом дар хиёбони Рӯдакӣ, дар асоси супоришҳои раиси шаҳри Душанбе, ки дар ҷаласаҳои корӣ ва назоратӣ 28 март ва 4 апрели соли 2016 баён доштанд, аз тарафи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ нақшаи чорабиниҳои иловагӣ ба тасвиб расонида, гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои махсуси мақсаднок ва назоратӣ ҳар рӯз аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, аз 29 март то 23 апрели соли 2016 аз ҷониби ҳайати шахсии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 2373 ҳодисаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 1045 далели бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашӣ машғул шудани ронандагон, 161 далели бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, 96 далели истифодабарии телефони мобилӣ зимни идоракунии воситаи нақлиёт ва 924 ҳолати дигари қоидавайрокуниҳои вобаста ба фаъолияти мусофиркашонӣ ошкор гардид. Нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти ба истилоҳ, «таксиҳои сесомона», ки бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудаанд, тибқи талаботи моддаи 81 — и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба судҳои маҳалли зисташон ирсол карда шудааст.
Дар таъмини тартибу низом, бартараф намудани монеаҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва пешгирии тамбашавӣ дар роҳҳо, аз автомашинаҳои махсуси таҳвилӣ — эвакуаторӣ низ самаранок истифода бурда мешавад. Дар ин давра, аз 29 март то 23 апрели соли 2016 тавассути автомашинаҳои махсуси эвакуаторӣ 251 воситаи нақлиёте, ки дар хати дуюми ҳаракат, дар сари гардишҳо, чорроҳаҳо, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои муайяншуда бе назорат гузошта шуда, ба дигар мошинҳо ва ҳаракат дар роҳҳо, бахусус ба ҳаракати троллейбусу автобусҳо монеа эҷод мекарданд, ба таваққуфгоҳ бурда шуданд. Баъд аз ҳозир шудани соҳибони ин нақлиёт нисбат ба онҳо чораҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, аз ҳуқуқвайронкунандагон 34 442 сомонӣ, аз ҷумла 25 602 сомонӣ барои хизматрасонии эвакуаторӣ ва 8840 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ ситонида шудааст.
Иҷрои саривақтии қарорҳои раиси шаҳри Душанбе яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, барои ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии онҳо ба аҳолии пойтахт чораҳои мушаххас андешида хоҳад шуд.
Р. МИРЗОМУРОДОВ,
сардор, полковники милитсия