оид ба дархости шаҳрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012 №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе, 28 марти соли 2013
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ- Фирдавсова Г.,
тарафҳо:
Тураев М.М.- тарафе, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндааш – Буриев Н.Ҳ. — муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндааш — Қурбонов Ҷ.Ҷ. – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
даъватшудагон:
Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мирсайев Ҳ.С.- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Гулматшоев Р.К.- муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Юсупов Б. – cардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Умаров С.- муовини сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сафаров Х.А.- мудири шуъбаи ҳуқуқи Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муқумов Н. – мудири шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба моликияти зеҳнии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро дар асоси дархости шаҳрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қои- даҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012 №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяҳои Суди конс- титутсионӣ Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю. баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷ- ҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Тураев М.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ӯ аз 26 сентябри соли 1994 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ фаъолият намуда, 1 ноябри соли 2011 аз он ҷо бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.
5 ноябри соли 2012, яъне баъди як соли аз кор аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» рафтанаш, ӯ бо назардошти муқаррароти банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 №25 (минбаъд-Қоидаҳо), барои ба сифати намояндаи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданаш, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо ариза муроҷиат намудааст.
Сабаби баъд аз як сол ба Маркази зикршуда муроҷиат намудани ӯ аз талаботи банди 4 Қоидаҳо аз 9 июни соли 2009 № 25 бармеояд, ки тибқи он хизматчиёни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар давоми як соли аз кор озод шуданашон ҳуқуқ надоранд аз аттестатсия гузашта, ба Феҳристи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд.
Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоотӣ» 20 ноябри соли 2012 ба ӯ ҷавоб гардонидааст, ки тибқи банди 4 Қоидаҳои зикршуда:
«Шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентӣ дар давраи кор дар Идораи патентӣ ва дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентӣ, ҳуқуқ надоранд, ки аз аттестатсия гузаранд ва дар Феҳрист ҳамчун намояндагони патентӣ ба қайд гирифта шаванд. Пас аз се соли озод шуданашон аз кори Идораи патентӣ, хизматчиёне, ки на камтар аз се соли собиқаи корӣ дар сохтори Идораи патентӣ вобаста ба бақайдгирии объектҳои моликияти саноатӣ доранд, курсҳои такмили ихтисосро дар Идораи патентӣ гузашта, тариқи суҳбат аз аттестатсия мегузаранд ва дар асоси шаҳодатномаи додашуда ба муддати панҷ сол ба сифати намояндаи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳрист ба қайд гирифта мешаванд».
Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки ӯ ҳамчун шаҳрванди Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, ки таҷрибаи 18-солаи бевоситаи корӣ дар ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ дорад, аз тағйири 25 сентябри соли 2012 № 92 ба банди 4 Қоидаҳои вориднамудаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» розӣ нест. Зеро талаботи пешбининамудаи банди 4 Қоидаҳо ба шаҳрвандони дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» кор карда ва аз он ҷо аз кор рафта имконият намедиҳад, ки онҳо дар давоми се соли пас аз озод шуданашон аз аттестатсия гузашта, ба Феҳристи намояндагони патентӣ ба қайд гирифта шаванд.
Ҳамчунин барои собиқ кормандони Марказ ва ӯ барин кормандон, ки собиқаи 18 -солаи кории бақайдгирии объектҳои моликияти саноатӣ доранд, гузаштани курсҳои такмили ихтисос ва ба таври суҳбат гузаштан аз аттестатсия ва баъд ба сифати намояндаи патентӣ оғоз кардани фаъолияти меҳнатӣ, ҳамчун вайронкунии ҳуқуқҳои консти-тутсионии онҳо ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад. Чунончӣ, тибқи муқаррароти қисми дуюми моддаи 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «давлат фаъолияти озоди соҳибкориро кафолат додааст».
Ба андешаи ӯ, банди 4 Қоидаҳо ҳуқуқҳои конститутсионии ӯро ба меҳнат пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ поймол ва маҳдуд месозад, зеро тибқи муқаррароти қисмҳои зикршудаи моддаи 35 Консти- тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат ва интихоби касбу кор ҳақ дошта, дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудиятҳо манъ мебошад.
Аз ин рӯ, ӯ банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 №25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012 №92 воридкардашударо ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф меҳисобад.
Бинобар ин, Тураев М. аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 №25 ва тағйири ба он 25 сентябри соли 2012 №92 воридкардашударо ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конс-титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, зикр менамояд, ки кафолати давлатии фаъолияти озоди соҳибкорӣ муҳимтарин дастоварди сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Чунин кафолат аз шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтани иқтисодиёти Тоҷикистон, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ маншаъ гирифта, бе амалӣ намудани он бунёди ҷомеаи воқеан иҷтимоӣ ва иқтисоди бозории дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ рақобатпазир ғайриимкон мебошад.
Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ифодаи озод будани соҳибкорӣ буда, яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва муҳими иқтисодии инсон ва шаҳрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иқтисодӣ ва аз ҳама муҳимаш имконият ва василаи татбиқи ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба меҳнат маҳсуб меёбад.
Тибқи он, шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқ доранд, ки бо салоҳдиди худ, ихтиёрӣ ва бе маҳдудият ба тариқи инфиродӣ ё ба тариқи фаъолият дар ташкилоти тиҷоратӣ ба пешбурди ҳама гуна намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ки тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, машғул шаванд, мустақилона соҳаи иқтисодӣ ва намуди фаъолияташонро муайян намоянд, ки интихоби онҳо вобаста ба соҳаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ метавонад аз талаботи тахассусии муайян, малака, собиқа, таҳсилоти дахлдори касбӣ ва ғ. бархӯрдор бошад.
Давлат фаъолияти озоди соҳибкориро муҳимтарин омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва таъмини некуаҳволии халқи Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 №46 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии инкишоф, шаклу усулҳои ҳавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектҳои он ва қоидаҳои умумии ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкориро муқаррар намудааст, ки мақсади он аз амалӣ гардонидани ҳуқуқи истифодаи озодонаи қобилияту амволи худ барои фаъолияти соҳибкорӣ иборат мебошад.
Дар санади ҳуқуқии мазкур мафҳуми соҳибкорӣ ҳамчун фаъоли-яти мустақилона ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба сифати соҳибкор бақайдгирифташуда маънидод карда шуда, амалӣ намудани ҳуқуқҳои озодона истифодабарии қобилияту молу мулки худ аз ҷониби ҳар як шахс дар раванди фаъолияти соҳибкорӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти муайян кардани принсипҳои умумӣ, самтҳои афзалиятнок ва тарзҳои ҳимояву дастгирии давлатии соҳибкорӣ муқаррар карда шудааст.
Бо эътирофи он, ки фаъолияти соҳибкорӣ асоси пешрафти иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, давлат барои дастгирӣ ва ҳимояи он ҳамаҷониба манфиатдор буда, дар моддаи 22 санади меъёрии ҳуқуқии мазкур, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ номгузорӣ шудааст, аз ҷониби давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва баробарҳуқуқии иштирокчиёни фаъолияти соҳибкорӣ кафолат дода шуда, муқаррар гардидааст, ки давлат набояд монеаи фаъолияти субъекти соҳибкорӣ шавад.
Дар санади мазкур дар баробари муқаррар кардани як қатор роҳҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон, ба монанди имконияти озодона анҷом додани ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, тибқи тартиби муайяншуда ба ғайр аз намудҳои фаъолияте, ки дар асоси иҷозатнома анҷом дода мешаванд, танҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардани номгуйи корҳое (хизматрасониҳое, молҳое), ки барои соҳибкорӣ манъ ё маҳдуд шудаанд, пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар моддаи 23 Қонуни номбурда ба амал бароварда шудани дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлат дар шахси мақомоти ваколатдор тибқи салоҳияти онҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилӣ-ҳуқуқӣ, молиявию қарздиҳӣ, моддию техникии соҳибкории пешбининамудаи санади мазкур мустаҳкам гардидааст.
Тибқи меъёри ин модда, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ тавассути такмили базаи меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ барои инкишофи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шартҳои имтиёзноке, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мешуморад, дар заминаи мониторинги рейтинги байналмилалии муҳити соҳибкорӣ муайян намудани роҳҳои минбаъдаи инкишофи бахши хусусӣ дар мамлакат ва як қатор воситаҳои дигарро дар ин самт муқаррар карда, барои рушди бонизому муътадили соҳибкорӣ аз ҷониби мақо-моти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабулу иҷрои барномаҳои гуногунро пешбинӣ намудааст.
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни мазкур, мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҳуқуқ надоранд, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии субъекти ҳама намудҳои соҳибкорӣ нисбат ба шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои иловагӣ гузоранд.
Мутобиқи қисми 8 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:
- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошад;
- агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ному-вофиқ бошанд;
- агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфӣ дода шуда бошад.
Аз талаботи ин модда бармеояд, ки гузаштан аз аттестатсия барои намояндаҳои патентӣ муқаррар карда нашудааст.
Қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2000 мавриди амал қарор дода шудааст, дар баробари дигар муносибатҳои гражданӣ, муносибатҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва иштирокчиёни онро ба танзим дароварда, принсипҳои муҳими муносибатҳои гражданӣ, аз қабили номумкин будани дахолати худсаронаи ҳар кас ба корҳои хусусӣ, зарурати татбиқи бемонеаи ҳуқуқи гражданӣ ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо азму хоҳиш ва ба манфиати худ ба даст даровардан ва амалӣ намудани ҳуқуқи гражданиро муайян менамояд, ки тибқи он муносибатҳои озоди соҳибкорӣ кафолат дода мешавад.
Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки воситаҳои муҳими баамалбарории қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии шахс ба шумор рафта, метавонад бевосита аз ҷониби ҳар як шахс мустақилона ба амал бароварда шавад.
Дар моддаи 23 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон номум-кин будани маҳрум сохтан ё маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амали шаҳрванд муқаррар карда шудааст, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур «ба истиснои ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амали ҳеҷ касро маҳдуд сохтан мумкин нест».
Мутобиқи қисми 2 моддаи номбурда бошад, пешбинӣ гардидааст, ки «риоя накардани шарту тартиби дар қонун муқарраргардидаи маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрвандон ё ҳуқуқи машғул шудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар боиси беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми дигаре мегардад, ки маҳдудиятҳои дахлдорро муқаррар намудааст».
Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ чунин мешуморад, ки ҳуқуқи шахс ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз ҳуқуқи шахс ба меҳнат маншаъ мегирад, ба гурӯҳи иқтисодии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон мансуб буда, наметавонад ба ҳеҷ ваҷҳ ва асос маҳдуд карда шавад, ки ба сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии пешгирифтаи давлат асос меёбад.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, ки яке аз муҳим-тарин ҳуқуқҳои шахс дар шароити ташаккули муносибатҳои бозорӣ ва эътирофи афзалияти моликияти хусусӣ, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ дар заминаи баробарҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, танҳо дар асоси муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд маҳдуд карда шаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 4) ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1) соҳибкориро ҳамчун фаъолияти мустақилонаи ба таваккали худ амалишавандаи шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба сифати соҳибкор бақайдгирифташуда муайян менамояд, ки он барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ равона карда шудааст, ки чунин арзёбии фаъолияти соҳибкорӣ ба табиати ҳуқуқию иҷтимоии иқтисоди озоди бозорӣ, малакаву маҳорат ва кордонии фардии ҳар шахс мувофиқ мебошад.
Мувофиқи қонунгузорӣ, ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсони дорои қобилияти пурраи амалдошта метавонанд машғул шаванд, то ки онҳо дар бастани аҳдҳо мустақил бошанд, таваккали фаъолиятро дарк намуда, оид ба уҳдадориҳои худ мустақилона ҷавобгариро ба зимма ги-рифта тавонанд.
Ҳамчунин машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ҳукми қонунӣ гирифта, барои машғул шудан ба баъзе намудҳои фаъолият иҷозатномаи мақомоти дахлдори давлатӣ зарур мебошад ва иҷозатнома (литсензия)-ҳуҷҷатест, ки барои амалӣ гардонидани намуди муайяни фаъолият ба муҳлати дар он зикргардида аз тарафи мақоми ваколатдор ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода мешавад.
Ҳамчунин Суди конститутсионӣ иброз менамояд, ки сатҳи ташак-кули ҷомеа аксаран бо танзими ҳуқуқии дурусту одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, хусусан муносибатҳои меҳнатӣ вобастагӣ дошта, ҳолати қонунгузории миллӣ ва ҳолати воқеии кор дар самти амалишавии ҳуқуқ ба меҳнат на танҳо нишондиҳандаи баланди маърифати фарҳангию маънавии ҷомеа мебошад, балки ин иқдом бевосита ба равандҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлат низ таъсири худро мерасонад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳифзи он, дар муносибатҳои меҳнатӣ манъи ҳама гуна маҳдудиятро муқаррар карда, ҷалб кардани шахсро ба меҳнати маҷбурӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, манъ намудааст.
Дар қисми дуюми Эъломияи Созмони Умумиҷаҳонии Меҳнат «Дар бораи принисипҳои асосӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат ва механизми амалишавии он», ки 18 июни соли 1998 дар шаҳри Женева аз ҷониби Конфронси генералии Созмони Умумиҷаҳонии Меҳнат, ки дар як вақт Созмони байналмилалии мазкур мақоми ваколатдори соҳаи қабул ва татбиқи меъёрҳои байналмилалии соҳаи меҳнат маҳсуб меёбад, қабул карда шудааст, муқаррар гардидааст, ки давлатҳои аъзои Созмон, сарфи назар аз он, ки санадҳои байналмилалии онро дар соҳаи меҳнат ҷонибдорӣ намудаанд ё накардаанд, уҳдадоранд принсипҳои асосии ин санадҳои байналмилалии ин Созмонро риоя намуда, ҷиҳати татбиқ ва амалишавии онҳо мусоидат намоянд ва яке аз принсипҳои умумиэътирофнамудаи ин санадҳо, ин принсипи манъ будани ҳама гуна табъиз дар соҳаи меҳнат ва касбу кор мебошад.
Тибқи муқаррароти моддаи 23-юми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 ҳар як инсон ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби озоди касбу кор, шароити одилонаю мусоиди меҳнат ва ҳимоя аз бекориро доро буда, бидуни ягон табъиз, дорои ҳуқуқи пардохти музди баробари меҳнат мебошад.
Тибқи моддаи 6 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 давлатҳои ширкаткунандаи Паймон ҳуқуқ ба меҳнатро, ки иборат аз ҳаққи ҳар як инсон барои дарёфти имконияти таъмини зиндагӣ тавассути меҳнате, ӯ онро озодона интихоб менамояд ва ё озодона ба он розӣ мешавад, эътироф намуда, ҷиҳати таъмини ин ҳуқуқ тадбирҳои лозима меандешанд.
Муқаррароти зикршудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пурра дар моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуда, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кафолати ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии инсон ва шаҳрванд тамоми дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро низ кафолат дода, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба меҳнатро ҳамчун вазифаи муҳимтарини ҷомеа эътироф намуда, ҳифзи он, ҳамчунин ҳимоя ва ғамхории нисбати коргарро яке аз вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ менамояд.
Чунончӣ, дар моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст».
Аз ин рӯ, тибқи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳр-вандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».
Муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ танзими ҳуқуқии худро ёфтаанд.
Дар асоси моддаи 4 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, давлат ҷиҳати ҳавасмандгардонии шахс баҳри амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии худ ба меҳнат дар баробари як қатор кафолатҳо, инчунин хизматрасонии ройгонро барои интихоби касб, мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор, ҳимояи судии ҳуқуқи меҳнатӣ ва ёрии тахассусии ҳуқуқӣ ва ҳимоя аз бекорӣ кафолати қонунӣ бахшида, ҷиҳати амалишавии онҳо сиёсати иҷтимоии худро ҳамаҷониба пеш мебарад.
Ҳифзи меҳнат аз ҳуқуқ ба меҳнат сарчашма гирифта, ҳамчун кафолати муҳими амалишавии ҳуқуқи шахс ба меҳнат маҳсуб меёбад. Амалишавии ҳуқуқ ба меҳнат машғул шудан ба фаъолияти гуногун аз ҷониби ҳар як шахс, чунончӣ, тавассути пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вобастагии амиқ дошта, бо ин тарз инсон метавонад талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоию маишии худро қонеъ намояд.
Ҳуқуқи конститутсионии шахс ба меҳнат дар шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ зоҳир гардида, маъмултарини он машғул шудан ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ ба шумор меравад ва давлат бо мақсади аз байн бурдани монеаҳои ҳуқуқӣ ва содда кардани раванди татбиқи ин кафолати конститутсионӣ, тавассути фаъолияти меъёрэҷодкунӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии локалие, ки аз ҷониби субъектони фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд, набояд ҳуқуқу озодиҳои шахсро поймол намуда, бар зарари манфиатҳои инсону шаҳрванд, ки тибқи моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт арзиши олӣ эътироф карда шудаанд, равона карда шаванд.
Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ худ фаъолияти субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, бояд дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ, ошкорбаёнӣ, илмият, касбият ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ амалӣ карда шавад.
Бо назардошти ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намоянда-гони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 №25-ро, ки бо фармоиши субъекти ваколатдор тавассути ба амал баровардани фаъо-лияти ҳуқуқэҷодкунӣ 25 сентябри соли 2012 таҳти №92 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ҳамчун омили маҳдудкунандаи ҳуқуқи конститутсионии шахс ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ, меҳнат ва интихоби касбу кор арзёбӣ намуда, ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисми якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ мешуморад.
Ҳамзамон Суди конститутсионӣ бинобар ваколатҳои густурдаи аҳамияти давлатию ҷамъиятӣ доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муҳим ва хусусиятнок будани онҳо, инчунин ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намудани фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-ро мувофиқи мақсад мешуморад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон
қ а р о р к а р д:
1. Банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012 №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Консти-тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надорад.
2. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ваколатҳои густурдаи аҳамияти давлатию ҷамъиятӣ доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муҳим ва хусусиятнок будани онҳо, инчунин ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намудани фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» мувофиқи мақсад мебошад.
3. Қарор қатъӣ буда, аз рӯйи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рӯзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов