Артиши ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат, марзу буми ватан будааст.
Дар ин робита, аз саҳифаҳои таърихи ниёкон маълумоти зиёдро метавон дастрас кард. Маълумоти аввалинро дар бораи дастаҳою гурӯҳҳои махсуси мусаллаҳ аз модаркитоби инсоният — «Авесто» пайдо кардан мумкин аст. Аҷдодон бори аввал дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён (550 — 330 сол пеш аз милод) артиши касбӣ ташкил намуда буданд. Артишҳои давлатҳои Сосониён (224 — 651) ва Сомониён (619–999) дар замонашон яке аз пурқудраттаринҳо ба шумор мерафтанд.
Ҳоло, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дорад ва Қувваҳои Мусаллаҳ бунёд намудааст, омӯзиши мероси ҳарбии назариявии гузаштагонамон аҳамияти хоса пайдо намудааст ва вазифаи ҷонию имонии ҳар як пажӯҳишгари соҳа аст, ки таҷрибаи низомӣ, сабақи таърихи артиши миллиро дастраси омма ва онҳое гардонад, ки ҳаётро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.
Мавзӯи ҷанг ва санъати ҳарбӣ дар эҷодиёти шоирону нависандагон ҳеҷ гоҳ дуюмдараҷа набуд. Ҳаким Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» таърихи илми ҳарбиро аз қадим то асри даҳи мелодӣ ба тариқи назм тасвир намудааст. Тасвири ҷанг ва сулҳро Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мансури Муборакшоҳ ва дигарон аз нигоҳи фалсафӣ ба авҷи аъло расонидаанд. Ҳамаи ин далел ба он аст, ки мавзӯи ҷанг ва таълими низомӣ қисми ҷудонашавандаи маърифати маънавии миллат будааст.
Мансури Муборакшоҳ дар асари «Одоби ҳарб ва шуҷоат» аз назари илмӣ оид ба ташкили артиш, сохтори он, таъминот бо лавозимоти ҷангӣ, тактика ва стратегияи низомӣ, таълиму тарбияи ҳарбиён андешаҳои ҷолиб баён кардааст, ки то ба ҳол аҳамият гум накардаанд. Ин асар дар самти омӯзиши санъати ҳарбии тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказии ибтидои асрҳои миёна ба сифати сарчашмаи нодири илмӣ хизмат карда метавонад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ бадхоҳони дохилию берунӣ бо дахолати давлатҳои хориҷӣ бо баҳонаҳои гуногун ва бо дастгирии гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилӣ Тоҷикистонро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ намуданд. Ин ҷанг тамоми кишварро фаро гирифт. Сохторҳои фалаҷгардидаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ муқобили гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиноятпеша истодагарӣ карда натавонистанд. Дар ин гуна вазъият артише лозим буд, ки давлату миллатро аз мухолифини яроқнок муҳофизат карда тавонад. Бо ин мақсад фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти N ФП-14 аз 4 январи соли 1992 дар бораи ташкили Кумитаи мудофиа, таҳти N 363 аз 30 сентябри соли 1992 баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 1992, N ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» қабул карда шуданд. Сипас, 18 декабри соли 1992, Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» аз 4 ноябри соли 1995 ва «Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2005, N103 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам оварданд.
Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар муддати кӯтоҳ дар ҷойи холӣ таъсис ёфт. Ҳангоми суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, 23 феврали соли 2019, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон аз ҷузъу томҳои ҳарбии он чизе ба мерос нагирифт. Бо даъвати Сарвари давлат баҳри муҳофизати сарҳад қисмҳои ҳарбии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон сафарбар шуданд. Бо вуҷуди душвории зиёд, заминаҳои асосии таъсиси сохтори ташкили штатии Артиши миллии тоҷик соли 1993 гузошта шуд. 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 аз се навъи қӯшун — хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд. Дар тобеияти Вазорати мудофиа ҷузъу томҳои низомии алоҳида, ба монанди литсейи ҳарбӣ, донишкадаи ҳарбӣ, полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ амал мекарданд. Минбаъд дар заминаи ислоҳоти ҳарбӣ сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт. Дар заминаи Коллеҷи олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт. Бо дарназардошти таҳдиди хатарҳои муосир, навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ — Қӯшунҳои зудамал, бо фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ — Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил ёфт. Соли 2005 Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд
Ҳоло бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфтааст. Он дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфт.
Дар солҳои 1993 — 2020 артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсисёбӣ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонистаанд, ки садоқатро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созанд.
Мусаллам аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин, дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ, такмил дод. Айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон таҳсилро идома дода истодаанд.
Аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беш аз 5000 нафар ҷавон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм карданд. Ҳоло зиёда аз 90 дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне, мутахассиси соҳаи низомӣ мебошанд.
Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиа 1400 нафар таҳсил доранд ва онҳоро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд. Вазорати мудофиа ҳар сол дар асоси қарордод беш аз 200 нафар хизматчии ҳарбиро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии давлатҳои пешрафта мефиристад. Ҳар сол беш аз 150 нафар афсар курсҳои такмили ихтисосро дар марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ хатм мекунанд.
Бо захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаю таҷҳизот таъмин намудани ҷузъу томҳо низ ҳалли худро ёфтааст. Зимнан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии кишварҳои ҳамсоя аз ҳама таҷрибадортар аст, чунки як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар гузошт, таҷрибаи ҷангӣ андӯхт ва онро такмил медиҳад.
Алҳол ҷаҳони муосир пур аз тазодҳост. Муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар гардида истодаанд. Пӯшида нест, ки дар марказҳои бузургтарини илмӣ ва таҳлилӣ садҳо нафар мутахассис паҳлуҳои гуногуни фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро меомӯзанд. Ин олимон ва таҳлилгарон маълумоти заруриро гирд оварда, баҳри иҷрои мақсадҳои худ истифода мекунанд. Дар ин вазъият, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар маркази диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад. Ҳар як ҳодиса, рӯйдод бояд воқеъбинона таҳлил ва баҳогузорӣ шавад, то шаҳрвандон доир ба онҳо мавқеи давлатро донанд ва дарк намоянд.
Алҳол шарти асосии солимии давлатҳою ҷомеаҳо огаҳӣ пайдо кардан аз ҷиҳатҳои мусбату манфии ҳаракату ҷараёнҳои мухолиф ба шумор меравад. Барои фаҳмишу дарки дурусти онҳо шаҳрвандон бояд манбаъҳои боэътимоди илмию таҳлилӣ дошта бошанд.
Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти кишвар ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ ва пушту паноҳи давлату миллат аст.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон