Бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит барои донишомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Солҳои пеш мардуми ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ фарзандонашонро барои таҳсил ба макотиби олии мамлакат кам мефиристоданд. Ҳоло ҳар як падару модар орзу дорад, ки фарзандаш соҳибмаълумот шавад.
Тамоми умр бо ҳамсарам ба кори деҳқонӣ машғул шуда, 8 фарзандро ба воя расондем. Аз онҳо як нафар соҳиби маълумот шуд, ки ҳоло дар хизмати халқу Ватан аст. Бародари хурдиаш ба ӯ пайравӣ намуда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуд ва ҳоло дар курси сеюм таҳсил дорад. Соли равон фарзандамон, хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и деҳаи Худгифи Соя хоҳиши аз тариқи квотаи президентӣ донишҷӯйи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шуданро кард. Оид ба ин масъала бо мудири шуъбаи маориф Сӯҳроб Охунзода ҳамсуҳбат шудем.
- Мегӯянд, ки «Майдон аз далер аст». Агар дониши хуб дошта бошад, касе садди роҳ шуда наметавонад, — гуфт ӯ.
Аз суҳбати мудири шуъбаи маориф рӯҳбаланд шуда, ба фарзанд гуфтем:
- Аз гуфтаҳои мудир хулоса барор, воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шумо тамоми шароитро фароҳам овардааст.
… Довталабон хеле зиёд буданд. Раиси комиссия намояндаи Вазорати маориф ва илм Носир Бердиев, дотсенти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Тоҷиддин Хокироев, мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Аланазар Абдураззоқов дониши хонандагонро аз рӯи адолат баҳогузорӣ намуданд ва фарзанди мо сазовори квотаи президентӣ шуд. Ба воситаи рӯзнома ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, ба он кас умри бобаракат ва сарбаландӣ орзу мекунем.
Солиҳ БАДАЛОВ, Назирамо БАДАЛОВА, сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ