Зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳён хабарнигоронро бо дастовардҳои нимсолаи якуми соли 2023 шинос намуда. Аз ҷумла зикр шуд, ки ин муддат дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филмҳои кӯтоҳи «Сарчашма» (дар таҳияи П. Шарифов), «Захм» (дар таҳияи и В. Шеров) ва филми ҳунарии «Се хоҳарон» (таҳиягар М. Исмоилов) доир шуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо мақсади ташвиқоти соҳаи кино дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҳти унвони «Тоҷикистони ягона – Бадахшон нигини он» (15-23 июни соли равон) филмҳои истеҳсоли МД «Тоҷикфилм» намоиш дода шуд.
Дар шаш моҳи сипаришуда дар МД «Тоҷикфилм» филмҳои тасвирӣ, мустанад ва ҳунарии «Се хоҳарон» дар таҳияи Муҳаммадрабии Исмоил, филмҳои мустанади «Тоҷикон»-и Рустам Шоазимов, «Теппаи таърихии Қӯрғон» («Хатлонфилм») филмҳои ҳунарии «Ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ ва «Ҷанг бадбахтӣ меорад»-и таҳиягар Осим Орифпур («Суғдфилм»), ва филми тасвирии «Алифбо» ва ғайраро омода шуд.
Ин муддат омодагӣ барои банаворгирии филмҳои ҳунарии «Зиндагӣ зебост» дар таҳияи Далер Раҳматов, «Ҳадди орзуҳо»-и Умедшо Мирзоширинов, «Девона» дар таҳияи Соҳибёр Толибов ва филми ҳунарии кӯтоҳи «Модар» дар таҳияи Нигина Раҷабова оғоз шуд.
Таваҷҷуҳи бештар ба таҳияи филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахгарон», ки ба ҳаёти Ҷомӣ ва Навоӣ бахшида шудааст, равона гардид. Ин филми таърихӣ дар ҳамкорӣ бо киносозони Ӯзбекистон офарида мешавад. Алҳол эҷодкорони ҳарду ҷониб ба интихоби мавзеъҳои таърихӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машғуланд.
-Навгонии дигар дар фазои кинои тоҷик ин дар сатҳи баланд гузаронидани Киноҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Таърихи рушди тоҷикон» мебошад, ки мо ба ин чорабинии муҳими фарҳангӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаем. Боварӣ дорем, бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнвораро дар сатҳи баланд мегузаронем, — гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён
Тилло НЕКҚАДАМОВ,
«Садои мардум»