Луқма

Аттестатсия истисно шудааст

№146 (3940) 04.12.2018

Вагарна нафаре чун Маҳмадсаиди Шарофиддин соҳибвазифа намегашт

Бо тақозои вазифа тасмим гирифтам оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақола омода созам. Бо ин мақсад хостам бо масъулини бахши кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суҳбат намоям.

- Ба шумо маълумот дода наметавонам, метавонед аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас кунед. Мо ба он ҷо ҳисобот медиҳем, — бо мағрурии ба худ хос ҷавоб дод мудири бахш Маҳмадсаиди Шарофиддин.

Аз ин посух аввал ҳайрон шудам, вале худро набохта, исрор кардам.

- Шумо ягон мактуб доред? — боз савол дод ҳамсуҳбатам.

- Не, — гуфтам, — нафаҳмидам, вагарна меовардам.

- Аз роҳбари дастгоҳ (манзур дастгоҳи раиси ноҳия аст) иҷозат гиред, — ин буд амри охирин ва қатъии мудири бахши танзим…

Албатта, ман аз баҳри суҳбат баромадам, вале…

Боиси таассуф аст, ки чунин «масъулин» дар ҷомеаи имрӯзаи мо кам нестанд. Ин гунаҳо аз афташ пеш аз ба кор қабул шудан аз аттестатсияи тахассусӣ нагузаштаанд. Вагарна… Ё шояд «гузаш­таанд».

Абдухолиқ Мирзозода, «Садои мардум»