Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши сафи ҷавонони тоҷик барои гирифтани таълимоти динӣ дар замони бесарусомониҳои солҳои навадум дар давлатҳои исломӣ буд. Замоне ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ чандон фаъол набуданд. Онҳо аз уламои динии кишварҳои хориҷӣ таълим гирифта, бо адабиёти динӣ ва ҷараёнҳои бегона ошно шуданд. Қисми зиёди ин ҷавонон барои паҳн намудани ақидаҳои тундрав ва ғояҳои ифротӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иғвоангези мамлакатҳои алоҳида ҷалб гардиданд. Мутаассифона, бисёре аз толибилмон, ки дар хориҷи кишвар таҳсили динӣ намудаанд, имрӯзҳо ба ҳайси имомхатиб ва сархатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият ва ба таври махфӣ бо ташкилотҳои ифротӣ ҳамкорӣ доранд, ақидаи тунди онҳоро аз номи мазҳаби ҳанафӣ таблиғ менамоянд.
Зимнан, терроризм ва экстремизм зуҳуротеанд, ки барои амнияти миллӣ, давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарноканд. Вазъи ҷинояткории мансуб ба терроризм ва экстремизм дар ҷумҳурӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вақтҳои охир ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ҷиҳати зиёд намудани нуфуз ва пайравонашон аз тамоми имконият истифода мебаранд. Таҳлил ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳанд, ки беш аз 90 фоизи дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 50 фоизи онҳо аз 18 то 30 – сола аст.
Дар шароити имрӯзаи геополитикии ҷаҳон, ки муносибатҳои байниминтақавӣ мураккаб мегарданд, маҳз надоштани таҳкурсии маърифати динӣ ва дунявӣ, арзиши миллии фарҳангӣ, худшиносии шаҳрвандӣ, садоқатмандӣ ва ватандӯстӣ гароиши ҷавонони Тоҷикистонро ба равияҳои бегонаи тундрав ба миён меоранд.
Бо дарназардошти омилҳое, ки боиси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, чорабиниҳои пешгирикунӣ — профилактикӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба роҳ мондааст. Ба туфайли ин тадбирҳо шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ нисбат ба солҳои пеш кам шудааст. Хушбахтона, аз соли 2018, бинобар сабаби дарк намудани мақсаду мароми ба ном «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ, ягон нафар шаҳрванд ҷиҳати иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳона ба хориҷа сафар накардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки «терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мутаассифона, кирдору рафтори бархе ҷавонон, ки гирифтори доми фиреби равияҳои хатарноки экстремистиву террористӣ, афкору андешаҳои барои миллати мутамаддину фарҳангии мо бегона ва махсусан, хурофоту бегонапарастӣ шуда, ҳатто ба тарзи либоспӯшии бегона тақлид мекунанд, ташвишовар буда, аз ҳамаи мо андешидани чораҳои қатъиро тақозо дорад. Бояд фаромӯш накунем, ки мазҳаби худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом — Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад.
Вақтҳои охир дар байни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии фаъолияти ҷиноятидошта «Гурӯҳи 24» ба амалҳои тундгароӣ даст зада, дар хориҷи кишвар, хусусан, давлатҳои Аврупо, барои бадном кардани давлат ва миллати тоҷик, ҳамчунин, барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва мазҳабӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Пешвоёни ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» ва пайравони онҳо ба афзалият ва молу мулки хоҷагони хориҷӣ дода шуда, ҳувияти миллӣ, нангу номус ва арзишҳои олии инсониро фурӯхтаанд. Ин аст, ки дар гӯшаву канори гуногуни Аврупо ба иғвоангезӣ нисбат ба давлат ва халқи тоҷик машғул ва бозичаи дасти душманони миллати тоҷик мебошанд.
Агар ҳар яки мо дар ҷомеа фаъол бошем ва қарзи шаҳрвандиро содиқона иҷро намоем, чунин хатару омилҳои номатлуб аз байн мераванд. Бояд дуруст дарк намоем, ки аксари созмон ва ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ барои рӯйпӯш намудани кирдорҳои ҷинояткорона ба худ номҳои исломӣ гузоштаанд. Аъзои гурӯҳҳои моҷароҷӯ дар асоси меъёр ва ҷаҳонбинии ифротӣ даст ба қатлу куштори оммавӣ, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ зада, аз номи дини мубини ислом ҷиноятҳои махсусан вазнини зидди башариро содир менамоянд.
Дар ҳайати пешвоёни калидии Хилофати исломӣ, яъне, «Давлати исломӣ», пайравони равияи «Салафия» нақши асосӣ доранд. Ақидаи Худошиносии ташкилоти экстремистии «Салафия» хилофи таълимоти «Қуръон» ва суннат мебошад. Ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» аз дигар ташкилотҳои байналмилалии ифротӣ бо бераҳмии махсус фарқ мекунад. Онҳо бо рафтору кирдорҳои ваҳшиёна аҳли башарро ба тарсу ҳарос оварда, сиёсати ҷиноятиашонро, ки бар хилофи арзишҳои олии дини мубини ислом мебошад, талқин менамоянд. Бояд зикр кард, ки ҷангиёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» воситаи нашъадори «Каптагон»-ро истеъмол мекунанд, ки эҳсоси тарсро аз онҳо дур ва эҳсоси бераҳмиро зиёд мегардонад.
Аз «Каптагон», ки соли 2011 дар озмоишгоҳҳои махсуси НАТО дар Болгария истеҳсол шудааст, дар инқилобҳои Миср, Тунис, Либия ва Украина ҷангиён истифода мебурданд. Вақти истифодабарӣ тапиши қалб, гармии бадан ва фишори хун зиёд мегардад. Нафаре, ки «Каптагон»-ро истифода мекунад, бузург шудани ҷигарашро эҳсос карда, неруи зиёдатиро соҳиб мешавад ва иштиҳои хӯрдану нӯшидан ва ҳатто эҳсоси хоб карданро гум мекунад (онҳо метавонанд то се шабонарӯз хоб накунанд). «Каптагон» чун таблетка истифода шуда, дар муддати кӯтоҳ ба майнаи сар таъсир мерасонад.
Хушбахтона, ҷавонони кишвари мо ҳақиқатро дарк кардаанд ва соҳиби нангу номуси тоҷикона буда, мисли ниёгони хеш хокдони бобоиро дӯст медоранду барои муҳофизати он ҳатто ҷони ширинро дареғ намедоранд. Дар ин маврид мехостам аз фоҷиаи нангине, ки чанде пеш, аниқтараш, шаби 6 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, ёдовар шавам. Гурӯҳи террористӣ – экстремистӣ иборат аз 24 нафар соати сеи шаб ба дидбонгоҳи «Ишқобод», воқеъ дар деҳоти «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҳуҷум намуда, панҷ марзбон ва корманди милитсияро ба қатл расониданд. Дар рафти муқобилат бо ин гурӯҳи террористӣ — экстремистӣ се ҷавон — Ғаниҷони Давлат, Абдураҳим Халилов ва Наимҷон Сайолимов аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Бобоҷон Ғафуров қаҳрамонӣ нишон доданд. Хусусан, Ғаниҷони Давлат ва Наимҷон Сайолимов ба хотири ҳифзи хоки Ватан ва осудагии сокинони кишвар ҷони хешро дареғ надоштанд. Ин корномаи ҷавононе, ки аз сад гул як гулашон нашукуфта буд, намунаи ибрат аст ва бояд ҷавонони кишвар давомдиҳандаи кори эшон бошанд.
Мисоли боло далели он аст, ки ҷавонони мо сол то сол ҳақиқатро хубтар дарк мекунанд. Вале ин маънои онро надорад, ки мо бо ҳамин қаноатманд шавем ва ба корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ нуктаи таммат гузорем. Баръакс, ҳар фарди солимақл бояд саъй намояд, ки ин раванд хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад, зеро соли 2020 дар кишварамон маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба нақша гирифта шудаанд. Бинобар ин, мо набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳем ва гузаштаи наздики пур аз дарду доғамонро фаромӯш созем. Зарур аст, ки танҳо ба хотири ваҳдати миллӣ ва ободии Тоҷикистони азиз заҳмат кашем. Устод Рӯдакӣ барҳақ фармудаанд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Сафиало АЗИЗУЛОЗОДА, генерал — майори милитсия, сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва минтақаи Рашт