Чанде пеш дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нахустин анҷумани Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он 200 нафар намояндаи мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин, коршиносон аз Норвегия, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Он бо ташаббуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ ва бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Раёсати СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ доир гардид.
Тавре зикр шуд, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани институти «Пробатсия» ба татбиқи бештари ҷазоҳои алтернативӣ, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд, мусоидат менамояд. Инчунин, имкон медиҳад, ки шахсони ҷиноятҳои нисбатан сабук содиркарда ба ҷомеа ва ҷабрдидаҳо ҷуброни зарарро пардохт намоянд ва дар муассисаҳои пӯшида адои ҷазо накунанд.
Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Мансурҷон Умаров иброз дошт, ки айни ҳол дар мамлакат 19 муассисаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, 13 муассисаи ислоҳӣ ва шаш тавқифгоҳи тафтишотӣ, аз ҷумла, муассисаи ислоҳии занона, муассисаи тарбиявӣ барои адои ҷазои ноболиғон ва муассисаи муолиҷавӣ мавҷуд аст.
Бино ба маълумоти ӯ, пас аз имзои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қисми зиёди маҳкумшудагони таҳти амали ин санад қароргирифта аз адои минбаъдаи ҷазо озод шуданд.
- То ба ҳол аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дар маҷмӯъ, 10277 нафар озод шудаанд, ки аз ҷумла, 288 нафарашон зан, 149 нафар ноболиғ, 858 нафар аъзои равияҳои экстремистӣ мебошанд. Ба беш аз 6100 нафар маҳкумшуда қонуни мазкур дар қисмати кам намудани муҳлати ҷазо татбиқ шуд ва ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд, — афзуд М. Умаров.
Зикр гардид, ки институти «Пробатсия» чор сол боз дар Қазоқистон, аз соли 2018 дар Ӯзбекистон ва аз оғози соли равон дар Қирғизистон роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳамоиш оид ба таъсиси институти «Пробатсия» ва истифодаи чораҳои алтернативии бе маҳрумият аз озодӣ, пешгирии ифротгаройӣ дар муассисаҳои пӯшида ва кор бо маҳбусоне, ки барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ маҳкум шудаанд, инчунин, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани маҳкумшудагон тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
М. УСМОН, «Садои мардум»