Миннатдорӣ ба навраси тоҷик
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар кишвари Хабаровск ба навраси тоҷик Бахтиёр Усмонов барои ҷасораташ изҳори миннатдорӣ ва мукофот тақдим намуд.
Тантанаи мукофотсупорӣ дар мактаби №23-и шаҳри Хабаровск, ки Бахтиёр он ҷо таҳсил мекунад, баргузор гардид. Зикр шуд, ки ҳангоми бозӣ дар ҳавлии назди хонаашон Слава ном дӯсташ ба чуқурии оби гарм афтидаасту Бахтиёр ӯро аз он ҷо берун овардааст. Дар беморхона гуфтаанд, ки бо вуҷуди сӯхтани 40 фоизи баданаш Слава зинда мемонад.
Ҷасорати навраси тоҷик — Бахтиёр Усмоновро якчанд нашрияи Россия инъикос кардааст.
Китоби бузург
Бино ба иттилои нашрияи динӣ — маърифатии «Ас- салам» (Нижний Новгород) дар Туркия китоби муқаддаси «Қуръон»-и маҷид дар шакли хеле бузург ба нашр расидааст, ки назираш дар ҷаҳон нест. Онро, ки 70 килограмм вазн дорад, дар ду сол барои чоп омода кардаанд. Дарозии китоб 98 ва бараш 71 сантиметр буда, дар долони масҷиди Буюк Чамлиҷаи шаҳри Истанбул ба намоиш гузошта шудааст.
«Made in yovon»
Ҳангоми тамошои яке аз марказҳои савдои шаҳри Нижний Новгород хостам ҷӯроб харидорӣ кунам. Аз миёни навъҳои гуногуни он ҷӯроби ороиши рах-рахдоштаро интихоб кардам, зеро зебо ва нарм буд. Рафиқам низ ҳамин молро интихоб кард. Баъди бозгашт аз сафар яке аз он ҷӯробҳоро ба писарам туҳфа намудам. Вай онро хуб тамошо кард ва табассумкунон гуфт:
- Падар, ин ҷӯробҳоро аз Россия овардед?
- Бале.
- Ин моли Тоҷикистон – «Маде ин Ёвон», истеҳсоли ширкати «Ваҳдат» аст, — гуфт ӯ.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»