Дар интихоботи парлумонӣ, ки 1-уми марти соли 2015 баргузор гардид, баробари дигар аҳзоби сиёсӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (фаъолияташ дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 манъ шудааст) низ номзадҳояшро пешниҳод кард. Раиси он — Муҳиддин Кабирӣ ва яке аз узви фаъоли ҳизб Саидиброҳими Назар бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ ба шаҳри Кӯлоб омада, бо фаъолон вохӯрӣ доир намуданд. Аъзои ҳизби мазкур дар як тарафи толор нишаста, ба ғайриҳизбиён ва аъзои дигар ҳизбҳои сиёсӣ бо нигоҳи гургона менигаристанд.
Муҳиддин Кабирӣ, ки хадамоти махсуси давлати «дӯст»-у ҳамзабону «бародар» ӯро хуб омода карда, маҳорати баланди ба боварии мардум даромаданро омӯхтааст, зимни баромад тавре худро вонамуд кард, ки гӯё ҳадафаш нигоҳ доштани сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум аст. Аммо сокинони Кӯлоб, ки бераҳмиҳои ғайриинсонӣ ва ваҳшонияти наҳзатиҳоро дида буданду чеҳраи воқеии онҳоро ҳатто аз рӯи ниқоб мешиносанд, ба ягон сухани онҳо фирефта нашуда, бо далелҳои таърихӣ онҳоро ноумед карданд. Дар бахши суолу ҷавоб Кабирию Саидиброҳим Назарро суолҳои омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ музтару хиҷолатзада кард. Муаллим гуфта буд:
- Ҷаноби Кабирӣ ва Саидиброҳими Назар, пешвои шумо — Абдуллоҳи Нурӣ дар як баромадаш гуфта буд: «Ҳар як тире, ки мо ба ҳаво мезанем, малоикаҳо онро бурда, дар синаи кӯлобиҳо мезананд». Имрӯз шумо ба кадом рӯй аз мардуми ин минтақа тақозои дастгирӣ мекунед?
- Масъалаи дигар ин аст, ки агар шумо ватану миллати тоҷикро дӯст доред, хуб огоҳ ҳастед, ки ҷавонони тоҷик аз гумроҳӣ ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» пайваста, зидди давлати қонунии Сурия ҷангида истодаанд. Онҳоро ваъдаи биҳишт ба «ҷиҳод» бурдааст. Шумо ҳамчун ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон барои пешгирии ин амали ба мардуми мусулмон иснодоваранда ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатардошта чӣ тадбирҳо андешидед? Ман надидам, ки ҳар дуи шумо ё дигар аъзои ҳизби наҳзат дар ин бобат лоақал як маротиба аз тариқи телевизион ва ё матбуот сухане гуфта бошед.
Ҳар ду роҳбари ҳизб аз суолҳо ҳайратзада шуданд. Кабирӣ бо чеҳраи тағйирёфта ба худсафедкунӣ пардохта, роҳи аз вазъият баромаданро пайдо кард. Ӯ иғворо истифода карда, гуфт: «Шумо медонед, ки ҳозир ҳамаи толор бар зидди шумо мехезанд, шумо муҳити толорро вайрон кардед. Аҳли толор суханони шуморо қабул надоранд. Мо якдигарро бахшидем, шарт нест ёдоварии он рӯзҳо. Вобаста ба саволи дигаратон бошад, мо имкони дар телевизион баромад кардан надорем».
Аз рӯи гуфти насли калонсол, собиқ Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон (ҳоло ТТЭ ҲНИТ) мардуми минтақаи Кӯлобро душмани ҷонӣ дониста, алайҳи онҳо ҷиҳодро фарз эълон доштанд. Ҳангоми асир гирифтани мардуми Кӯлоб наҳзатиҳо аз шеваи сахттарин — уқубат, вазнинтарин шиканҷа, ваҳшоният истифода мекарданд. Дар чанд китоб даҳшати мақтулони ба «Сардхонаи Кӯлоб» овардашуда, тасвир шудаанд. Бино ба гуфти сокинони калонсоли ин шаҳри бостонӣ, он ҷавонони ҷасуре, ки баҳри ҳимояи давлату миллат ва ҳифзи якпорчагии Ватан зидди мухолифин мубориза мебурданд, наҳзатиҳо дастгир карда, гӯшу дасту пояшонро мебуриданд, зинда месӯзонданд. Дар даҳонашон мазут ҷӯшонда, мерехтанд. Сарашонро аз танашон ҷудо карда, ба падару модарашон мефиристоданд. Каллабуриҳое, ки феълан ДИИШ мекунад, наҳзатиҳо онро 26 сол пеш шурӯъ карда буданд. Аъзои ТТЭ ҲНИТ аз террористони ДИИШ-у Толибону Ал-Қоида бераҳмтаранд. Аъзои ДИИШ зидди нафароне меҷанганд, ки бо онҳо на ҳамқавманду на ҳамзабон. Наҳзатиҳо бошанд, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳаммиллати хешро сар мебуриданд.
Ҳизби наҳзат, қабл аз мамнӯъ шудан дар Тоҷикистон, дар ихтиёр ҳафтавори «Наҷот» ва сомонаи расмии «nahzat.tj» дошт. Мутаассифона, на дар ҳафтавор ва на дар сомона ягон маротиба дар хусуси ботил будани ҷиҳод дар Сурия ва ҷилавгирии ҷавонон аз рафтан ба ин давлат ҳеҷ матлабе нашр накард. Баръакс, ҳамвора матолибу мақолаҳое интишор мекарданд, ки саропо хусусияти экстремистӣ, барангехтани кинаю адовати миллию нажодӣ ва даъват ба тазоҳуроту гирдиҳамоӣ доштанд. Тариқи ин расонаҳо кӯшиш мекарданд, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ «сиёҳ» нишон диҳанд. Тамоми манфиати миллиро зери пой намуда, рисолату супоришҳои аз ҷониби хоҷагон додаро содиқона иҷро мекарданд.
Он омӯзгор хуб дарк карда будааст, ки ин гургчашмон ҳеҷ гоҳ назарашон ба Давлату Ҳукумат нек намешавад. Билохира, боз амнияти кишварро халалдор карда, қасди ғасби ҳокимият намуданд. Ин дафъа низ тирашон хок хӯрд. «Амалиёт»-и 26 сол қабл аз ҷониби хоҷагонашон тарҳрезишуда ин бор низ бебарор анҷомид. Ҳоло Кабирӣ зери «боли» «хоҷа»-ҳояш аз дигар давлатҳо ҳанӯз ҳам гӯё дар «мубориза» бар зидди Тоҷикистону мардуми шарафманди он мебошад, вале ҳеҷ ватанфурӯшу хоин ба ҳадаф намерасад.
Ёқуби Содиқ,
«Садои мардум»