Ҳар қадар аз умри Истиқлолияти давлатӣ дар фазои амну осоиштагӣ сипарӣ мегардад, ҳамон қадар қимат, моҳият ва муҳимияти он бештар дарк мегардаду шинохта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ мефармоянд: «Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Табиист, ки бадхоҳони миллат озодӣ, пешрафти моро дар оғози расидан ба истиқлолият хоҳон набуданд. Ҳама тадбирро андешиданд, то номи Тоҷикистон дигар дар харитаи ҷаҳон набошад.
Аз он рӯзгори даҳшатбор қариб 30 сол сипарӣ мегардад. Дар арафаи таҷлили ин санаи барои миллат ва мардуми кишвар муҳим қарор дорем. Бешак, шукри ин неъматро ба ҷо меорем ва бо эҳтироми хосса номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба забон меорем. Маҳз хиради воло, сарсупурдагӣ ва талошу заҳматҳои Сарвари давлат буданд, ки сулҳ дар кишвари ҷангзада ва даҳшатбор пойдор гардид.
Магар метавон он рӯзҳои пур аз фоҷиаи миллатро аз ёд бурд? Не. Пеши назаранд ҳама. Ҳукумати қонунӣ фалаҷ ва баъд сарнагун гардид. Додситони кулли ҷумҳурӣ шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ваҳшиёна кушта шуд. Президенту вакилони мардумиро гаравгон гирифтанд. Ба Кумитаи амнияти миллӣ ҳуҷум оварданд. Ҷомеаи кишварро ҳолати беқонунӣ, беназоратӣ фаро гирифт. Адолат, ҳақиқатро поймол карданд. Дуздӣ, ғорат, куштор ба авҷи аъло расид. Садои тир дигар садоҳоро хомӯш мекард, маҳв месохт. Ҳама гуна ҳукмро силоҳдорон ва сарварони онҳо мебароварданд. Гуруснагӣ, беморӣ ривоҷ ва густариш меёфт. Хавфи аз байн рафтани давлату миллат ба вуҷуд омад.
Бо эҳсоси ин хавф ва дарки масъулияти милливу ватандорӣ вакилони мардумӣ зарур шумурданд, ки ҷамъ биёянду тадбири дуруст биандешанд. Кӣ Сарвари давлат мешавад? Кӣ зимоми онро ба даст мегирад? Оре, сарваре бояд интихоб мегардид, ки бо ҷасорату эҳсоси баланди ватандӯстӣ сина сипар мекард ва бо ҷанг меҷангид, оташу алангаи онро хомӯш менамуд ва гурезаҳоро бармегардонд. Муҳимтар аз ҳама, ба хотири амну осоиштагӣ, сарҷамъӣ, иттиҳод дар вазнинтарин шароит ба музокирот менишаст, гузашт менамуду афв мекард. Чунин шахс дар он рӯзгор вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Вақт, замон собит сохт, ки вакилони мардумӣ ба хотири пойдории миллат ва давлат ҳақиқату адолатро аз ҳама чиз муҳимтар арзёбӣ ва шахси арзандаро интихоб намуданд.
Сарвари давлат ҳамон гуна, ки савганд ёд карда буданд, ба он содиқ монданд. Яъне, тамоми неруву ғайрат ва ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқ сарф намуданд. Дар он рӯзгор бо садоқату муҳаббати бепоён изҳор доштанд, ки то дил дар сина метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам. Дар ҳақиқат, бахшиданд.
Таърих гувоҳ аст ва шоҳиди барҳақ. Ба он рӯ меорем ва бояд ҳамеша рӯ биёрем, ба хотири сабақ андӯхтан, сабақи дуруст андӯхтан. Роҳбари мамлакат ҳанӯз дар оғози фаъолияти роҳбарияшон, дар он замон ки ҳеҷ кас умед ба хомӯш намудани оташи ҷанг, пойдории сулҳ, ободии кишвар надошт, изҳор доштанд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Алҳол сулҳ пойдор ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу мардумаш хушбахтанд. Кишвар соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ буда, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад. Дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ аст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад.
Ба ин ҳама, албатта, шукр ва аз ҳар як дастоварду пешрафташ ифтихор мекунем.
Раҳматулло ХОЛОВ, прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи II