Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар оғози асри XX сафири Чин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дод, ки 1 июн кӯдакони ятимро ҷамъ оварда, барояшон ид барпо намояд. Илова бар ин, дар ин рӯз, аниқтараш, 1 июни соли 1949 дар шаҳри Женеваи Швейтсария бахшида ба мушкилоти насли наврас конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
Соли 1949 намояндагони Конгресси байналмилалии занон, ки дар шаҳри Париж доир шуд, даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ҳамин тавр, аз 1 июни соли 1950 ҳар сол Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.
Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид «Изҳороти ҳуқуқи кӯдак» қабул ва аз ҷониби аксар кишварҳои дунё эътироф гардид. Ҷиҳати тавсеа бахшидани ин раванд соли 1979 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар ба таҳияи лоиҳаи Созишномаи ҳуқуқи кӯдак шурӯъ намуд. Ба ин кор ҳуқуқшиносон, ходимони дин, омӯзгорон, рӯҳшиносон, ҷомеашиносон, табибон аз кишварҳои гуногуни дунё ҷалб гардида, 20 ноябри соли 1989 он тасдиқ шуд.
26 январи соли 1990 созишнома барои имзо пешниҳод гардида, 61 давлати дунё онро имзо карданд. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 1993 ин созишномаро эътироф намуд.
Дар заминаи ибтикори зикршуда беш аз 60 сол аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодии кӯдакон ва таъмини зиндагии арзандаи онҳо ҷаҳду талош дорад. Созмони байналмилалии ЮНИСЕФ муайян кардааст, ки соли 2018 ва панҷ моҳи соли 2019 ҳалокати кӯдакон афзоиш ёфта, муҳоҷирату паноҳҷӯӣ онҳоро таҳдид мекунад.
Созмонҳои хайриявии байналмилалӣ кӯдакони муҳоҷиру паноҳҷӯ ва беҳуқуқи дунёро бо номи «насли гумному фаромӯшшудаи таърих» муаррифӣ менамоянд. Бахусус, кӯдаконе, ки имрӯз хаймашин, дарбадар ва беватананд. Ба андешаи коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, як ҳафта дур мондани кӯдак аз таҳсил, ояндаи ӯро ба хатар рӯ ба рӯ месозад.
Тавре аз матолиби расонаҳо бармеояд, ҳоло ҳазорон кӯдаки Сурия, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Яман, Нигерия, Чад, Мянмар ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мушкил мувоҷеҳ мебошанд. Аз рӯи маълумоти ЮНИСЕФ, танҳо дар қораи Африқо беш аз 168 миллион кӯдак дар корхонаҳо машғули кори вазнинанд.
Дар Афғонистон 2,5 миллион кӯдак барои рӯзгузаронӣ дар корхонаҳои истеҳсоли ангишт, сурма, маъдантозакунӣ, таъмири мошин, истеҳсоли хишт ва ғайра кор мекунанд. Солҳои охир ҳазорон кӯдаки ин кишвари ҷангзада аз ҷониби гурӯҳҳои ҷудоихоҳу даҳшатафкан зери назорат қарор гирифта, ба амалҳои террористӣ, кишти маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа ҷалб гардидаанд.
Боиси сарфарозӣ аст, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддунамон дар ҷодаи таълим ва тарбияи кӯдакон таҷрибаи ғании гузаштагонро ҳифз кардааст. Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакони мамлакат шароити созгор фароҳам аст.
Қиёси вазъ нишон медиҳад, ки амну осоиш яке аз дастовардҳои асосӣ дар самти ояндасозии онҳо маҳсуб мегардад. Бо мақсади тавсея ва тақвият бахшидани ин раванд қонунҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, наврасону ҷавонон амал мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» нисбат ба падару модароне, ки ба тарбияи кӯдакон бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ноодилона рафтор менамуданд, муҷозот муқаррар кардааст. Тибқи омори расмӣ, ҳоло 35 дарсад аҳолии кишварро кӯдакон ташкил менамоянд.
Сол аз сол зиёд шудани боғчаҳои бачагона, муассисаҳои таълимию мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ, литсейҳо, гимназияҳо, майдончаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи кӯдакони кишвар баҳри иштирок дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ, тайёр кардани варзишгарони хурдсол дастовардҳои муҳим дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Вазъи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки падару модарон ва омӯзгорон дар сарнавишти кӯдакон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бетараф бошанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ин нукта таъкид гардидааст. Зарур аст, ки барои ба воя расонидани кӯдакон ҳамчун ворисони арзанда якҷоя талош намоем.
Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»