Бо ин унвон мақолае дар рӯзномаи «Садои мардум» (№ 122 (4072), аз 12 октябри соли 2019) ба табъ расидааст, ки дар байни ронандагони бо ҶДММ «Фирӯз»-и шаҳри Турсунзода шартномаи ҳамкоридошта ва кормандону мутахассисони он бо иштироки намояндаи ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд қайд кард, ки дар соҳаи нақлиёти автомобилии хизматрасонӣ ба мусофирон ронандагони соҳибкор дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо ҷамъияту терминалҳои мусофирбарӣ фаъолият менамоянд. Мувофиқи он, шахсони ҳуқуқӣ барои мусофирону ронандагон шароити зарурӣ муҳайё сохта, соҳибкорони инфиродиро бо нусхаи иҷозатнома, варақаи назоратӣ, роҳхат, нақшаи хатсайр, реҷаи кору ҷадвали ҳаракат ва ғайра таъмин месозанд, барои гузаронидани хизматрасонии техникии 1 ва 2, дарсҳои 20-соатаи ҳаракат дар роҳ, муоинаи ҳолати техникии нақлиёт ва вазъи саломатии ронандагон ҳар рӯз пеш аз оғози фаъолият шароит фароҳам меоранд.
Инчунин, соҳибкорони инфиродӣ (ронандагон) уҳдадоранд, ки аз хизматрасонии назоратчиёни техникӣ ва корманди тиббӣ, танзимгарон истифода баранд ва ҳаққи хизматашонро пардохт намоянд. Аммо ронандагони соҳибкори бо терминали мусофирбари ҶДММ «Фирӯз»-и шаҳри Турсунзода шартномадошта, мазмуну муҳтавои шартномаи ҳамкории бо шахси ҳуқуқӣ бастаашонро фаромӯш карда, уҳдадориҳои ба зиммагирифтаро аз ёд баровардаанд. Маблағҳои барои хизматрасонии танзимгарӣ, муоинаи ҳаррӯзаи пешазсафарии ҳолати техникии нақлиёт ва вазъи саломатиашон месупоридаро ба сари роҳхати аз шахсони ҳуқуқӣ мегирифта бор мекунанду нофаҳмиҳои зиёдеро ба вуҷуд меоранд.Масалан, роҳхат ҳамчун варақаи ҳисоботи қатъӣ дар асоси фармоиши № 75-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2011 «Оид ба тасдиқи «Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркард» ба ронандагон на якрӯза, балки ба муҳлати 7 рӯз дода мешавад. Он барои ба танзим даровардани кору фаъолияти нақлиёти автомобилӣ кайҳо боз (аз замони шӯравӣ) ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ истифода мешавад. Айни замон ҳаҷми мусофиркашонӣ, гардиши мусофирон, гузаштан аз муоинаҳои пешазсафарии ҳаррӯзаи техникӣ ва саломатии ронандагон, риояи реҷаи ҳаракат дар хатсайрҳо маҳз аз рӯи роҳхат муайян карда мешавад.
Гирифтани роҳхат, пардохтҳои ҳаққи гузаштан аз муоинаҳои ҳаррӯзаи ҳолати техникии нақлиёт ва вазъи саломатии ронандагон пеш аз оғози фаъолият, хизматрасониҳои танзимгарӣ ва ғайра дар асоси шартномаи ҳамкории байни ронандагону шахси ҳуқуқӣ сурат мегирад. Мувофиқи шартномаи номбаргардида ронанда уҳдадор аст, ки ҳолати коршоямии нақлиёт ва вазъи саломатиашро пеш аз ба кор баромадан аз муоинаи назоратчии техникӣ ва корманди тиббӣ гузаронда, на бар ивази ду муҳр, балки ба ивази хизматрасониашон як сомонӣ супорад. Ронанда барои дигар хизматрасониҳо (асосан танзимгарӣ) тибқи меъёри муайяннамудаи Вазорати нақлиёт - мувофиқи ҷойи нишасти мусофирон аз ҳаққи роҳкирои мегирифтааш 10 фоизашро барои ҳар як гардиш ба ҷамъияту терминалҳои мусофирбарӣ бояд супорад.
Дар терминали мусофирбарии ҶДММ «Фирӯз»-и шаҳри Турсунзода бо ронандаи нақлиёти тамғаи «ДЭУ-ТИКО», рақами давлатиаш 01-91 ВВ 07 Раҳмоналӣ Азизов, ки дар мақолаи «Аз «тасарруф»-и мусофиркашон то хунукназарии масъулон» ному насабаш зикр ёфтааст, дар шоҳидии директори терминал М. Замонов ва назоратчии техникии ҳамин ҷамъият С. Исоқов суҳбат доштем. Вай гуфт, ки дар хатсайри «Турсунзода-Комсомол» ба ивази 5 сомонӣ ба ҳар як мусофир хизмат мерасонад. Дар як рӯз дар хатсайр 3-4 гардишро ба ҷо меорад. Ба терминал танҳо дар оғози гардиши аввал шаш сомонӣ месупорад. Нақлиёташ се ҷойи нишаст дошта, дар як гардиш ба шаш нафар хизмат мерасонад. Дар се гардиш ронандаи номбаргардида ба 18 нафар мусофир хизмат расонида, 90 сомонӣ даромад мекунад, ки даҳ фоизи он 9 сомониро ташкил медиҳад. Яъне, бо маблағи хизматрасонии назоратчии техникӣ ва корманди тиббӣ ӯ бояд 11 сомонӣ ба хазинаи ҷамъият супорад.
Кормандони масъули ҶДММ «Фирӯз» низ тасдиқ карданд, ки ронандагони хатсайри болозикр ҳар рӯз ба ивази хизматрасониҳои терминал аз нисф камтари маблағи муқарраргардидаро месупоранд. Барои хизматрасонии танзимгарӣ ба ҷойи 9 сомонӣ чор сомонӣ месупоранд. Ин тадбир ба хотири он ҷорӣ карда шудааст, ки ронандагони қонунан фаъолияткунанда дар шароити шиддатноки рақобати носолим бо ронандагони ғайриқонунӣ фаъолияткунанда қарор доранд.
Дар хатсайрҳои ба ҶДММ «Фирӯз»-и шаҳри Турсунзода вобаста, мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон, зиёда аз 130 нафар ронанда худсарона, бе ягон ҳуҷҷати зарурӣ – патент, иҷозатнома, роҳхат, гузаштан аз муоинаи давравии тиббӣ, назорати ҳаррӯзаи техникӣ ва тиббии пеш аз сафар ба мусофиркашонӣ машғуланду ба ягон мақомот маблағ намесупоранд. Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро зарур аст, ки ин масъаларо ҳаллу фасл намоянд.
Дар ҳақиқат, бо фармоиши № 146 Вазорати нақлиёт аз 7 июни соли 2018 «Дар бораи тасдиқ намудани нархномаи хизматрасониҳои пулакии МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» нархи як роҳхат 1 сомонию 14 дирам муқаррар гардидааст. Аммо дар нархнома хароҷоти интиқоли роҳхатҳо аз муассисаи давлатӣ то интиқолдиҳандагону терминалҳои мусофирбарӣ, паҳнкунию ҷамъоварӣ ва коркарди аввалияи шахсони ҳуқуқиро ба эътибор нагирифтаанд. Дар нархномаҳои қаблан тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт ин ҷиҳати масъала ба назар гирифта шудааст.
Масофаи байни шаҳрҳои Турсунзодаю Душанбе 58 км-ро ташкил медиҳад. Ҳар моҳ терминали «Фирӯз» аз Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки дар бинои Вазорати нақлиёт ҷойгир аст, 700 дона роҳхат мегирад. Барои бурдану овардан, ба коркард супоридан ва баъди коркард бо таблограмма якҷоя бурдани роҳхатҳои коркардашуда роҳбарияти терминал як кормандашро се маротиба ба сафари хизматӣ мефиристад. Хароҷоти роҳкиро ва шабонарӯзии шахси се маротиба ба сафари хизматӣ омада 176 сомонию 40 дирамро ташкил медиҳад. Ин нишондодро ба сари ҳар адад роҳхат тақсим намоем, ба арзиши роҳхат 25 дирамӣ изофа мегардад.
Бо дарназардошти ҳолати боло ва муроҷиати роҳбарони терминалҳою ҷамъиятҳои аъзои ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» маҷлиси Шӯрои директорони он қарор қабул кард, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ роҳхат ба ивази 1 сомонию 50 дирам ба ронандагон дода шавад. Ҳангоми баррасии масъала дар маҷлис намояндаи ронандагон низ ҳузур дошт.Яъне, муомилоти пулии байни ронандагони соҳибкор ва ҷамъиятҳои мусофирбарии аъзои ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ ва фармоишҳои Вазорати нақлиёт сурат мегирад ва ба ҳеҷ «тиҷоратҳои пасипардагӣ» роҳ дода намешавад.
Вале аз тарафи баъзе аз масъулони терминали мусофирбари ҶДММ «Фирӯз»-и шаҳри Турсунзода хунукназарӣ зоҳир кардан нисбат ба иҷрои вазифаю уҳдадории хизматӣ дар ҳақиқат ҷой дорад. Баъзан ҳолати техникии нақлиёт ва вазъи саломатии ронандагонро рӯякӣ санҷида, назоратчии техникӣ ва корманди тиббӣ ҳаққи хизматашонро ситонида, ба варақаи роҳхат имзо ва муҳр мегузоранд. Аз ин хотир, рафтори онҳо дар Шӯрои директорони ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» 5 ноябри соли 2019 баррасӣ гардид ва ба назоратчии техникӣ С. Исоқов, корманди тиббӣ Д. Норбобоева сарзаниш эълон карда шуд.
ҶДММ «Дӯстӣ» ва ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон+Р» бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи мусофирбар» шартномаи ҳамкорӣ надоранд.
С. ГУЛОВ, директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»