Аз тасдиқи маъюбӣ то имтиёзҳо

№103 (4843) 26.08.2024

efcf6b544fbbfd92f71069155fa1d570Бино ба иттилои сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Қудратулло Қурбонов, дар 6 моҳи аввали соли 2024-ум 17372 нафар барои муқаррар ва тасдиқ намудани гурӯҳи маъюбӣ муроҷиат намуда, ба 16733 шахс маъюбӣ муқаррар шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 2616 нафар кам аст.

- Дар ин муддат ҳамагӣ 6070 (2139 кӯдак) маъюб бори нахуст расман ба қайд гирифта шуда, 4096 кас (1269 ҳолати фавт, аз ин шумора кӯдакон 153 нафар) аз маъюбӣ бароварда шудаанд. Теъдоди маъюбон дар ҷумҳурӣ ба 164631 нафар расидааст, ки аз ин шумора 17 ҳазору 678 нафар гурӯҳи I, 80 ҳазору 243 нафар гурӯҳи II, 33058 нафар гурӯҳи III ва кӯдакони то 18-сола 33648 нафарро ташкил медиҳад.

Маълум гашт, ки маъюбӣ бинобар нуқсони модарзодӣ дар ҷумҳурӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Таҳлилҳое, ки мутахассисон дар 6 моҳи аввали соли равон байни кӯдакон гузарониданд, маълум намуд, ки аз 2139 кӯдаки маъюб 1264 нафар ё 59 фоизи он дорои бемориҳои нуқсони модарзодӣ мебошанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, никоҳи хешутабори наздик яке аз омилҳои маъюбии модарзодӣ мебошад. Сабаби дигари маъюб­шавӣ таваллуд дар хона аст. Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ байни кӯдакони маъюбе, ки ба рӯйхат гирифта шудаанд, 57 ҳолати он бинобар таваллуд дар хона мебошад.

Яке масъалаҳои муҳим хизматрасониҳои тавонбахшӣ, бахусус дар деҳот, аст. Дар робита ба мавзуъ Қудратулло Қурбонов гуфт: «Айни замон 43 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, марказ ва шуъбаҳои хизмат­расонии иҷтимоӣ дар хона, 6 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон ва 58 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, ятиму бесаробон, маъюбон ва пиронсолон, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, шаҳрвандони бемории ВНМО ва сил, занону кӯдакони аз минтақаи амалиёти ҷангӣ баргардонидашуда ва дигар шахсони дар ҳолати душвор қарордошта хизмат мерасонанд». Таъкид шуд, ки ҳамасола фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор, махсусан Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мавриди омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор гирифта, камбудиҳо муайян ва баҳри ислоҳи онҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Маъюбон аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд? Ба ин суол Қудратулло Қурбонов чунин посух гуфт:

- Имтиёзҳо барои шахсони маъюб дар санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», муқаррар шудааст. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, кӯдакони маъюб ба тавонбахшӣ, дастрасии ройгон ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ, ёрии тиббӣ, табобати санаторию курортӣ, тарбияи томактабӣ, таҳсили умумӣ, тарбия ва таълим дар хона, тарбияи беруназмактабӣ, тарбия ва таълим дар муассисаҳои будубоши доимӣ, истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти имтиёзноки ҳақи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ 50 фоиз аз маблағи умумӣ ҳуқуқ доранд. Ғайр аз ин, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» маъюбон ҳуқуқ доранд, ки дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ройгон табобат гиранд.

Татбиқи имтиёзҳои зикршуда ба зиммаи шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар зерсохторҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор мебошад.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»