Бозгашт ба мавзӯъ

Аз ҳуқуқвайронкунии судя то парвандаи фаромӯшшуда

№147 (4097) 07.12.2019

фывфывфыв28-уми сентябри соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» (№115 (3752) таҳти унвони «Аз эътирози прокурорӣ то ҳалномаи судӣ: кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ?» мақолаи муаллифи ин сатрҳо ба нашр расид. Муҳтавои мақола, ки аз интишори он беш аз ду сол сипарӣ гардид, шояд дар хотири хонанда ва мақомоти дахлдор намонда бошад. Аз ин рӯ, мехоҳем барои ниҳодҳои марбута бори дигар аз он ва чораҳои андешидаи мақомот ёдовар шавем.

 26 — уми июни соли 2012 таҳти №337 раиси собиқи ноҳияи Восеъ «Дар бораи додани 0,21 га қитъаи замин барои сохтмони «Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ» ба Қурбоналӣ Сафаров қарор ба тасвиб расонид. Дар асоси он ба Қ. Сафаров на аз заминҳои бекорхобидаи ноҳия, балки аз дохили муассисаи давлатӣ – Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ дар ноҳияи Восеъ замин ҷудо карданд.  Қ. Сафаров, ки дар маркази зикршуда солҳо ба ҳайси сардухтур фаъолият дошт, баробари соҳиб шудани қитъаи замин дар он корҳои сохтмониро анҷом дод. Тибқи талаботи моддаи 29- уми  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми зарурати додани намудҳои замин, ба вижа, заминҳои иншооти солимгардонӣ барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ, танҳо дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Мутаассифона, кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия талаботи моддаи мазкурро ба назар нагирифта, барои ба Қ. Сафаров бахшидани қитъаи замин ба раиси ноҳия пешниҳод манзур кардаанд.

Аммо, бо гузашти чанд сол ва иваз гардидани кадрҳои роҳбарикунанда, мақомоти прокуратураи ноҳия ба саҳеҳии ҳуҷҷатгузории замин шубҳа карда, санҷиш гузаронид. Қ. Сафаров ҳуҷҷатеро иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта, ба мақомоти прокуратура пешниҳод намудааст. Кормандони мақомот баҳри қонунан дуруст будани иҷозатнома аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ талаб карданд, ки маълумот диҳад. 29-уми июни соли 2016 вазорат ба дархости прокуратура ба таври хаттӣ чунин маълумот додааст: ки «…тибқи муроҷиати раиси ноҳияи Восеъ аз 3-юми июни соли 2011, №1-122, барои сохтмони Маркази солимгардонӣ дар замини бекорхобидаи Маркази бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳия ба соҳибкор Г. Содиқова бо мактуб аз 7-уми июли соли 2011, №1-3/1305-1744 розигӣ додааст. Оид ба сохтмони маркази зикргардидаи Сафаров Қ. дар вазорат ягон ҳуҷҷат мавҷуд нест».

Яъне, вазорат ба соҳибкор Г. Содиқова дар замини беморхона иҷозати сохтмон додааст, вале онро собиқ сардухтур Қ. Сафаров соҳиб шудааст. Прокуратураи ноҳия баъди дастрас намудани ҷавоб пайи кушодани гиреҳи ин муаммо мешавад. Дар рафти тафтишот муайян мегардад, ки Қ. Сафаров барои дастрас намудани қарори раиси ноҳия ва аз худ кардани 0,21 гектар замини марказ, мактуби №1-3/1305-1744 ВТ — ро, ки ба соҳибкор Г. Содиқова мутааллиқ буд, ба нафъи хеш истифода бурдааст. Прокурори ноҳия  Ӯ. Пӯлодӣ қарори раиси ноҳияро аз 26-уми июни соли 2012, №337 хилофи қонун шуморида, ба он эътирози прокурорӣ овардааст. Иқтибос аз эътироз:

«Бо қарори зикршудаи раиси ноҳияи Восеъ ба шаҳрванд Сафаров Қурбоналӣ барои сохтмони «Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ» аз ҳисоби заминҳои ҳудуди Маркази зидди бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ дар ноҳияи Восеъ, масоҳати 0,21 га қитъаи замин, воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Қараеви ҷамоати шаҳраки Восеъ, барои истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Қарори мазкур бо асосҳои зерин ғайриқонунӣ дониста мешавад.

…Қ. Сафаров барои дастрас намудани қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва истифодаи замини марказ, мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1-3/1305-1744-ро, ки аз 7-уми июли соли 2011 ба шаҳрванд Содиқова Г. дода шудааст, истифода карда, ба ин васила мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба гумроҳӣ андохтааст. Дар асоси қарори зикршудаи раиси ноҳия бошад, ба Сафаров Қ. ғайриқонунӣ қитъаи замин барои сохтани маркази солимгардонии шахсӣ ҷудо карда шудааст.

Қарори мазкур бо дағалона вайрон кардани талаботи қонун, инчунин, дар асоси ҳуҷҷати қалбакӣ, қабул гардидааст, ки бояд бекор карда шавад…

Дар асоси гуфтаҳои боло, моддаи 25 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта,

ТАЛАБ МЕКУНАМ:

1. Қарори раиси ноҳияи Восеъ таҳти №337 аз 26-уми июли соли 2012 «Дар бораи додани қитъаи замин ба шаҳрванд Сафаров Қурбоналӣ барои сохтмони «Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ» бекор карда шавад… ».

Эътирози прокурорро масъулони МИМҲД-и ноҳия эътироф карда, мавриди баррасӣ қарор доданд. Раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода дар асоси он 1-уми декабри соли 2016 «Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Восеъ таҳти №337 аз 26-уми июли соли 2012» қарори нав қабул кард, ки дар он омадааст:

«1… Қарори раиси ноҳияи Восеъ, №337 аз 26-уми июли соли 2012 «Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ» дар қитъаи замини интихобшуда ба шаҳрванд Сафаров Қурбоналӣ, бинобар хилофи қонун буданаш бекор карда шавад…».

Вале беэътибор донистани қарор ба қазия нуқта нагузошт ва баҳсро то ба суд кашонд. Қурбоналӣ Сафаров беэътибор шудани қарорашро беасос донис­та, бо аризаи даъвоӣ аз рӯи кирдори М. Ғафурзода ба Суди ноҳия муроҷиат кард. Аммо бо сабабҳои номаълум Суди ­ноҳияи Восеъ аз баррасии даъво худдорӣ ва онро ба Суди ноҳияи Фархор ирсол намуд. Яъне, парвандаи гражданиро бо даъвои Қ. Сафаров суди ноҳияи дигар баррасӣ кард. Судя З. Раҳимзода 20 — уми июни соли 2017, №430/17 ҳалнома баровард. Дар бораи чӣ гуна якҷониба, ноодилонаю ғайриқонунӣ баррасӣ намудани парванда, ба манфиати даъвогар ҳал ва қабул шудани ҳалнома дар мақолаи қаблан нашршуда навишта будем. Судя мурофиаҳои судиро бидуни намояндагони Прокуратураи ноҳияи Восеъ, ки маҳз дар асоси ваҷҳу далелҳои онҳо қарор бекор шуд, гузарондааст. Мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ҳамчун далел барои соҳиб шудани замин асос карда, қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ №615 аз 1-уми декабри соли 2016 қабулшударо ғайриқонунӣ шуморида, беэътибор донистааст. Баъди нашри мақолаи «Аз эътирози прокурорӣ то ҳалномаи судӣ: кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ?» Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои фаврӣ андешида, ба ҳалномаи мазкур розӣ нашуда, нисбат ба он эътирози назоратӣ оварда, пурсидааст, ки ҳалномаи суди марҳилаи якум бекор карда, парванда барои баррасӣ ба ҳамон суд, вале дар ҳайати дигар ирсол шавад.

Судяи Суди вилояти Хатлон А. Сафозода парвандаро ҳамаҷониба, холисонаю одилона омӯхта, 4 — уми апрели соли 2018 «оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ» таъинот қабул кардааст, ки нусхаи он ба мо дастрас шуд. То чӣ ҳад мизони қонун риоя шудан, кадом моддаи кодексҳои марбута аз ҷониби судяи Суди ноҳияи Фархор дағалона вайрон гардидан, пурра дар таъинот тавзеҳ ёфтааст. Инак, чанд иқтибос аз он таъинот:

«… Мувофиқи талаботи моддаи 13 қисми 2-юми Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худ­ро нигоҳ дошта, роҳбарии мурофиаро анҷом медиҳад, ба шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро фаҳмонда, оид ба оқибатҳои содир кардан ё накардани амалҳои мурофиавӣ огоҳ месозад…

… Аммо суди марҳилаи якум бар хилофи талаботи моддаи мазкур амал карда, ҳалномаи бармаҳал қабул кардааст.

Чунончӣ, тибқи талаботи қисми 2- юми моддаи 150-уми КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ давраи мустақили мурофиаи гражданӣ ба ҳисоб рафта, мақсадаш таъмини дурусту саривақтии баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳо буда, гузарондани он бо ҳар як парванда ҳатмист. Суд омодасозиро бояд бо иштироки тарафҳо, намояндагони онҳо ва шахсони манфиатдор анҷом диҳад.  Аммо, тавре аз маълумоти парванда бармеояд, суди марҳилаи якум ин талаботро ба эътибор нагирифта, амалҳои дар таъиноташ оид ба омодасозӣ нишондодаашро дар асл ба иҷро нарасонда, тартиби гузарондани омодасозиро риоя накардааст…

… Аз тарафи суди марҳилаи якум ба асос гирифтани мактуби зикршудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нодуруст буда, дар ин маврид, бегона кардани қитъаи замини беморхонаи касалиҳои пӯсти ноҳияи Восеъ танҳо бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат мегирифт, суди марҳилаи якум онро мавриди баҳодиҳӣ қарор надодааст. Ба ғайр аз ин, суди марҳилаи якум мактубро ҳаматарафа мавриди таҳқиқ қарор надода, онро нодуруст маънидод кардааст, ки ин минбаъд барои қабули ҳалномаи бармаҳалу беасос замина гузоштааст.

Бо асосҳои боло ва бо даст­расии моддаҳои 371 — 373-юми КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя таъин кард:

Парвандаи гражданӣ бо даъвои Сафаров Қурбоналӣ ба ҷавобгарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ «Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Восеъ таҳти №615 аз 1-уми декабри соли 2016, бо эътирози назоратӣ ва таъиноти мазкур барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суди марҳилаи назоратӣ ирсол карда шавад».

Баробари мутолиаи таъинот кас дар тааҷҷуб меафтад. Чӣ боис гардид, ки суди марҳилаи якум З. Раҳимзода ба хотири ҳифзи манофеи як нафар болои қонунгузории мамлакат пой гузорад? Ҳоло ҳама ҳолати ҳуқуқвайронкунии судяро, ки суди вилоят ошкор кардааст, рӯи коғаз наовардем. Чанд ҳолати дигари аз ҷониби ӯ риоя нашудани моддаҳои алоҳидаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро суди вилоят дар таъиноташ собит кардааст. Ин ҷо суоле пеш меояд: Вақте судя баҳси гражданиро бо чунин шеваи корӣ баррасӣ менамояд, бо парвандаҳои ҷиноятӣ чӣ гуна муносибат мекарда бошад?

Ҳарчанд аз қабули таъиноти суди вилоят 1 солу 7 моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, мутаассифона, парванда ба фаромӯшӣ рафтааст. Ба иттилои як манбаъ, ҳоло парванда барои баррасии назоратӣ ба Суди ноҳияи Темурмалик ирсол шудааст, вале дар он ҷо низ то ба ҳол хомӯшанд. Борҳо ба суди ноҳия занг задем, то сабаби ба таъхир афтодани баррасии парвандаро пурсон шавем, вале касе гӯширо набардошт.

Муовини раиси ноҳияи Восеъ Алихон Худоёрзода дар робита ба ин масъала гуфт, ки «Қонунӣ будану набуданашро суд бояд муайян кунад. Биноро аллакай сохтаанд, агар суд ба манфиати даъвогар ҳал кунад, онро ба феҳристи иншооти ҷашнӣ ворид мекунем. Агар ғайриқонунӣ бошад, мо ҳам тарафи қонунем. Охири корро интизорем».

Мақоли хуби халқист : «Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу». Ҳоло даъвои судӣ поён наёфтаю аллакай ҷаноби Худоёрзода бинои соли 2013 бунёдёфтаю фаъолиятдоштаро дар соли 2021 ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба «истифода» доданист. Боз як роҳи ба чашми Давлату Ҳукумат хокпошӣ.

Ҳама далели дар мақола дарҷгардида, аз ҳуҷҷату санадҳои расмии мақомоти давлатӣ истифода шудаанд. Интизорем, ки суди марҳилаи назоратӣ ба баҳс чӣ гуна нуқта мемонад.

Ёқуби СОДИҚ,  «Садои мардум»