Мо, мардуми тоҷик, ин рӯзи фархундаю таърихиро бесаброна интизорӣ доштем ва ба хубӣ медонистем, ки рӯзҳои наздик дар пойтахти мамлакатамон — шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» доир мегардад ва аз бисёр кишварҳои дунё меҳмонону вакилон ба кишвари соҳибихтиёри мо ташриф меоваранд, зеро дигаргуншавии иқлими сайёраи замин, тӯфону обхезию шамолҳои шадид, обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолию нестшавии ҷангалзорон, фаромадани селу тарма, норасоии оби тоза дар минтақаҳои ҷаҳон сол то сол зиёдтар ба мушоҳида мерасад. Дар баробари ин, мушкилоти глобалӣ, ҳамзамон, дар аксари мамлакатҳои дунё, маҳз, норасоии оби ошомиданӣ боиси нигаронии мардуми он минтақаҳо гардидааст.
Ин омилҳои муҳиму тақдирсозро ба назар гирифта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста зимни суханрониҳояшон аз мушкилоти кунунии дигаргуншавии вазъи иқлими ҷомеаи ҷаҳон, камшавии оби ошомиданию обшавии пиряхҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҳарф зада, аз мардуми ҷаҳон даъват ба амал меоранд, ки обҳои ошомиданиро бояд оқилонаю сарфакорона истифода намоянд, аз истеъмоли обҳои ифлосу ғализ қатъиян худдорӣ кунанд, чунки бисёрии бемориҳои сироятӣ, маҳз, аз истифодаи обҳои ифлосу нопок сар мезанад.
Бо ташаббус ва пешниҳодҳои оқилонаю инсонпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳон вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини оби тоза, ҳифзу нигоҳдошти пиряхҳо то ба имрӯз корҳои зиёде анҷом дода шуданд, чунки инсон, олами набототу ҳайвонот, майсаю шукуфа ва гулу гиёҳу растанӣ ба об алоқамандии ногусастанӣ доранд. Об неъмати хеле бузург буда, тозаю озода нигоҳ доштани он қарзи виҷдонию имонии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Ҳамин тариқ, бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Дaҳсолaи бaйнaлмилaлии aмaл «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 — 2028 Дaҳсолaи бaйнaлмилaлии aмaл «Об — бaрои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, вобаста ба ҳар пешниҳоду ташаббусҳои башардӯстонаи Роҳбари давлати мо қатъномаҳои махсуси СММ қабул гардиданд.
Мебинем ва пайваста мушоҳида менамоем, ки ташаббусҳои пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар қиёс бо дигар кишварҳои дунё бештар ба назар расида, онҳо хеле муҳиму саривақтӣ, самаровар ва назаррастаранд. «Ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад», — таъкид менамоянд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ин буд, ки пас аз ташрифи вакилону меҳмонон нахуст, 10-уми июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» форуми байналмилалии парлумонӣ доир гардид. Форум асосан бо мақсади татбиқи пешниҳоду ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми фаъолу барҷаста доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» баргузор карда шуд. Дар форум вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони давлатҳои аъзои Форуми парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҷавонони фаъолу ташаббускор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ мулоҳизарониҳо атрофи тағйирёбии иқлим дар кураи замин, норасоии об, аҳамият ва истифодаи сарфакоронаи он, устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, камбизоатӣ, ҳалли мушкилоти марбут ба занону ҷавонон, татбиқи имконоту неруи пурраи занон тавассути сиёсати оилавӣ, таҳкими шарикӣ, табодули таҷриба барои баланд бардоштани огоҳию саҳмгузорӣ оид ба рушди устувор ва пешниҳоду ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти обу пиряхҳо баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар форум «Эъломияи Душанбе» қабул гардид, ки дар он амалҳои мушаххаси аз тарафи вакилони парлумонҳо барои муайян намудани афзалияти устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқу тавонмандиҳои ҷавонон, амнияти об ва амалҳо оид ба тағйирёбии иқлим баҳри ноил шудан ба Рӯзномаи Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, инчунин, Ҳадафҳои рушди устувор комилан таҷассум гардиданд.
Вакилони парлумонҳои зиёда аз бист кишвари дунё, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Молдова, Туркия, Ҷопон, Покистон, Австрия, Непал, Руминия, Малайзия, Босния ва Ҳерсеговина, инчунин, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақаҳои мухталиф низ дар форум ширкат варзиданд.
Ҳамин тариқ, дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» то 13 июн идома ёфта, дар кори он беш аз 2 ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии зиёда аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, масъулину мутасаддиён, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмони минтақавию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Дар конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла, чунин изҳор намуданд: «Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки бештар аз як миллиард одам дар кураи Замин ба оби тоза тамоман дастрасӣ надоранд. Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан беш аз панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо, мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус, бароямон ниҳоят мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр намоем. Сабаби ягона ва асосии «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, ки ташаббускори он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, маҳз ҳамин аст. Аз дигар лиҳоз, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳиму зарурӣ муттаҳид созем. Мо азму талошҳои худро барои гузаштан ба «иқтисоди сабз» дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ дорад. Маҳз, ба ҳамин хотир ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дастгирии ҳамҷониба ёфт ва тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии СММ, аз соли оянда сар карда, 21 март ҳамасола ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад».
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» бо қабули уҳдадориҳо ва иқдомҳои нав дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки ин ташаббус иқдоми ниҳоят муҳиму зарурӣ ва саривақтӣ барои мардуми манотиқи олам ба шумор рафта, баъди дар амал татбиқ гаштани ин ҳадаф садҳо миллион мардуми сайёра аз мушкилоти оби ошомиданӣ раҳоӣ хоҳанд ёфт. Аксари иштирокдорони чорабинӣ изҳор доштанд, ки сокинони минтақаҳояшон аз оби тозаи ошомиданӣ садсолаҳо боз танқисӣ мекашанд ва аз ин рӯ, минбаъд ба ин масъалаи мубрами рӯз бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҳалли мушкилии пешомада дар ин ҷода ҳамкориҳои доимию ногусастаниро бештар роҳандозӣ менамоянд.
Албатта, ин ҳама иқдомот ва ибтикороти башардӯстона, маҳз, ба шарофати ранҷу заҳматҳои бесобиқаи Роҳбари ғамхору ташаббускори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ривоҷу равнақи тоза гирифта, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварданд, ки ин боиси аҳсант, офарин ва ифтихори махсус мебошад…
Дар фароварди андешаҳо аз кулли сокинони кишвари тозаистиқлоли хеш даъват ба амал меорем, ки баҳри ҳалли мушкилоти обу иқлим бетарафӣ зоҳир накунанд, оби ошомиданиро самаранок истифода ва тоза нигоҳ доранд, зеро имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро чун як кишвари ташаббускору фаъол ва Роҳбари оқилу хирадманди давлати моро ҳамчун абармарди беназиру пешоҳанги ҷаҳони сиёсат ба хубӣ мешиносанду эътироф менамоянд.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»