Мулоҳиза

Ба қадри гулҳои шукуфон бояд расем!

№82 (4032) 09.07.2019

guli-lola-1024x576Чанд соли охир дар шаҳри Душанбе сабзазоркунӣ вусъат ёфта, дили кишварн сарсабзтарин пойтахти кишварҳои ИДМ эътироф шуд. Тибқи маълумоти мавҷуда, соли ҷорӣ кормандони соҳаи коммуналӣ дар маҷмӯъ 6 миллион адад гул, аз ҷумла 400 ҳазор бех лола шинонданд.

Ҳар саҳар ҳангоми ба кор омадан, вақте аз гулзори атрофи Сирк гузар мекунам, ­табъам хира мешавад. Зарфҳои пластикиву шишагин, коғази маҳсулоти ғизоӣ, пучоқи офтобпарасту мева, ки ашхоси бефарҳанг партофтаанд, ҳусни гулгаштро доғдор мекунанд. Бонувони фаррош чашми рӯз накафида, атрофи Сиркро ба тоза кардан шурӯъ мекунанд, вале ин роҳи ҳал нест. «Тозагӣ он ҷо нест, ки фақат  мерӯбанд, тозагӣ он ҷоест, ки онро ифлос намекунанд», — гуфтаанд. Агар  маърифати шаҳрнишинии меҳмонону сокинони пойтахт  баланд мебуд, партовро на ба роҳу ҷӯю гулгаштҳо, балки ба қуттиҳои партов, ки дар дурии 50 метр ҷойгиранд, мепартофтанд. Баъзеҳо ҳатто  зарфҳои холию халтаҳои пластикиро 5 — 10 метр дуртар аз қуттиҳои партов афкандаанд.

Дар шаҳри Исломободи Покистон «Доманаи кӯҳ» ном боғи истироҳатиест, ки хеле назаррабост. Ба он 24 соат аз дуру наздик меҳмонон меоянд. Он хеле тозаву озода буда, атрофаш чунин овезаҳоро насб кардаанд: «Покизагӣ аз имон аст. Атрофи худро покиза нигоҳ доред!». Бисёр хушоянд буд, вақте дидем, ки кӯдаки 3 — 4  сола зарфи шарбати нӯшидаашро ба қуттии партов мепартофт.

30 январи соли 2018 Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид. Ҷиҳати иҷрои он бо ҷалби мақомоти гуногун чорабиниҳо таҳти унвони «Одоби шаҳрнишинӣ» роҳандозӣ шуд. Дар баробари ин, мебояд аз тариқи ВАО, омӯзгорону мураббияҳои мактабу кӯдакис­тонҳо, волонтёрон корҳои тарғиботиро пурзӯр кард. Масалан, роликҳои тарғиботии шабакаи телевизионии «Баҳористон» дар хусуси танҳо ба қуттии партов партофтани партов шоистаи таҳсин аст. Дар шабакаи телевизионии пойтахти Таиланд шаҳри Банкгог ҳар шом барномаи танқидиеро намоиш медиҳанд, ки дар он ашхоси ба роҳу ҷӯй партов мепартофтаро ба навор гирифтаанд. Наворбардорон асосан бо мотосикли барқӣ, ки беовоз аст, ҳаракат намуда, вайронкунандагони тартиботро сабт мекунанд. Ин барнома сербинандатарин барномаи телевизионӣ дар Таиланд ба шумор меравад.

Ин таҷрибаро метавон дар шабакаи телевизионии «Душанбе» истифода бурд. Тавре ки  амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ронандагонро ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ водор намуд, нишон додани вайронкунандагони одоби шаҳрнишинӣ шаҳрвандонро ба риояи тозагӣ водор хоҳад  кард.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»