Ба қадри кӣ бештар мерасанд?

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

Шогирди кунҷкове аз устод пурсид:

- Бигӯед, одамон бештар ба қадри кӣ мерасанд: шахсоне, ки зиёд сухан мекунанд ё онҳое, ки кам гап мезананд?

Устод ҷавоб дод:

- Аз субҳ то субҳи дигар  дар ботлоқ қурбоққаҳо дод мезананд, вале касе ба онҳо аҳамият намедиҳад. Хурӯс танҳо вақти дамидани субҳ фарёд мезанад, вале одамон бархоста аз паи кор мераванд.

 Чӣ муҳимтар аст?

Замоне заврақбоне аз дарё пири иззатмандеро мегузаронид. Нохост пирамард ба об афтид. Заврақбон худро ба об афканда,  пирамардро наҷот дод.

- Ман аз ту бисёр миннатдорам, — гуфт пирамард. — Намебудӣ, ғарқ мешудам.

- Бале, — гуфт худписандона заврақбон. — Ба куҷо равонаед?

- Ба шоҳигарии Лян сафар дорам, — ҷавоб дод пирамард.

Заврақбон хеле кунҷков буд ва савол додан гирифт:

- Барои чӣ ба шоҳигарии Лян меравед?

- Маро ба он ҷо шоҳ даъват намуд. Мехоҳад, ки мушовири худ гирад.

Заврақбон бо хашм ба пирамард рӯ овард:

- Дар дунё адолат нест! Шумо тамоман шиновариро наметавонед. Ман бошам, ҳамчун моҳӣ оббозӣ мекунам. Чаро подшоҳ шуморо ба ҳайси мушовир интихоб кард, на маро?

Пирамард ҷавоб дод:

- Ту заврақбонӣ, барои ҳамин фикр мекунӣ, ки аз ҳама муҳим шиноварист. Деҳқон бошад, фикр мекунад, ки муҳим парвариш намудани биринҷ аст. Шикорчӣ дар андешаи он аст, ки дар шоҳигарӣ муҳим шахсест, ки шикор карданро донад. Лек ҳама иштибоҳ мекунанд, зеро ҳақиқат дигар аст. Бояд баъзеҳо нағз шиноварӣ намоянд, дигарон хуб ҳосил ғундоранд. Як идда тарзи дуруст шикор кардани ҳайвонотро донанд. Ту то ҳол ин ҳақиқатро дарк накардаӣ ва то охири умр заврақбон хоҳӣ монд.

 Кӣ гунаҳкор?

Шоҳзода Чи ҳамроҳи дарбориён ба шикор баромад. Чун ба кӯле наздик шуд, қуеро дида нишон гирифт, вале тираш хато хӯрд. Қу тарсида дар байни найзор пинҳон шуд ва ин замон дарбориён баланд ва якҷоя фарёд заданд.

- Чӣ хел паррондани бобарор!

- Шоҳзодаи мо тирандози беҳтарини Хитой аст!

- Тирҳои шоҳзода бехатоанд.

Муддати зиёд дарбориён ба тирандозии шоҳзода сано хонданд. Баъди бозгашт аз шикор шоҳзода аз донишманде пурсид:

- Оё мерасад замоне, ки дарбориёни ман сухани рост гӯянд?

Донишманд гуфт:

- Агар шоҳзода назмро дӯст дорад, дарбориён ба вай шеър мехонанд. Агар мусиқиро дӯст дорад, вазирон най менавозанд. Агар шоҳзода ҳақиқатро писандад, дарбориён ба вай рост хоҳанд гуфт. Агар вазирон дурӯғ мегӯянд ва лаганбардорӣ мекунанд, пас шоҳзода дурӯғ ва лаганбардориро меписандад.

 Тарҷумаи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»