Ба мо муроҷиат мекунанд

Ба қадри осоиштагӣ ва оромӣ расем

№15 (4598) 20.01.2023

photo_2022-12-26_15-17-58Мӯйсафеди асобадасте вориди ҳуҷраи корӣ шуд. Ӯро ба курсӣ шинондем. Пеши бари мӯйсафедро ордену медал ва нишонҳо оро медод. Маълум аст, ки шахси хизматкарда ва рӯзгордида аст.

Вақте ки каме роҳат шуд, даст бардошта, дар ҳаққи мо, барои ободию тинҷии кишвар дуо кард. Сипас, аз мо ҳолу аҳвол пурсида, арзи матлаб намуд:

- Ман «Садои мардум» ва дигар газетаҳоро мунтазам варақ мезанам. Дар Вахш зиндагӣ мекунам, имрӯз барои табобат ба Душанбе омадам, ҳамзамон хостам аз шумо ҳам хабар гирам. Хавотир нашавед, шикояте надорам. Баръакс, шукрона мекунам, ки ҳоло Тоҷикистони азизамон ором аст, дар фазои тинҷию осудагӣ зиндагӣ мекунем, сарвари номдору хирадманд дорем.

Маълумамон гашт, ки Маҳмадраҳим Раҷабов ба синни 83 расидааст ва дар давоми умр пастию баландиҳои зиёдро паси сар кардааст. Соҳиби панҷ писар, ҳафт духтар ва беш аз панҷоҳ набера аст.

Аз охири моҳи декабри соли 1958 то аввали моҳи январи соли 1962 дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар вилояти Одесса хизмат кардааст. Сипас, ба Тоҷикистон баргашта, корро аз Заводи нуриҳои азотии Вахш оғоз менамояд. Баъди чанд муддати фаъолият бо роҳхати корхонаи мазкур барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи шаҳри Лвови Украина фиристода мешавад. Солҳои 1965 — 1969 ба ҳайси мудири шуъбаи кадрҳои Кумитаи иҷроияи депутатҳои халқи ноҳияи Вахш кор мекунад. Солҳои 1970 — 1976 таҳсилро дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Москва идома медиҳад ва баъди анҷоми таҳсил солҳои зиёд дар ташкилоту муассисаҳои гуногуни давлатӣ дар вазифаҳои масъул кор мекунад. Яке аз фаъолони ҷомеа маҳсуб меёфт ва тайи 15 сол вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ ва ноҳияи Вахш буд. Солҳои 1979 — 1980 қарзи интернатсионалистиро дар ҳайати Армияи шӯравӣ дар Афғонистон адо кард. Вай ба сифати афсар дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ хизмат мекард. Сазовор гаштан бо ордени «Ситораи сурх» далели хизмати шоиста ва диловариҳояш мебошад. Маҳмадраҳим Раҷабов ҳамзамон бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «70 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст.

Ҳоло ҳам дар маҳфилу ҷамъомадҳо ширкат варзида, аз ҳаёти ибратбахш нақлҳо мекунад. Хусусан наврасону ҷавононро насиҳат мекунад, ки хонанд, хушахлоқу заҳматпеша бошанд, Ватанро дӯст доранд, оянда ҳамчун инсонҳои сазовор ба воя расанд ва ба миллату кишвар хизмати шоиста кунанд.

Вақте ки ба гуфтаҳои мӯйсафед гӯш андохтему маълумотномаю ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаашро варақ задем, вай аксеро аз ҷузвдонаш бароварда нигарист ва дар чеҳрааш осори маҳзунӣ пайдо гашт, бо дастони ларзон акси ду ҷавони навхатро ба сӯям дароз карда, ғамангез гуфт:

- Инҳо ҷиянҳоям, қурбонии ҷанги шаҳрвандианд. Ҳар гоҳе ба ин акс менигарам, дилам хун мешавад. Ба мисли Раҳматулло ва Файзуллои мо садҳо ҷавонони аз сад гул як гулашон нашукуфта, дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуданд. Худованд дигар он рӯзҳои наҳсро ба Тоҷикистон наорад. Ман ҷангу мушкилоти зиёдро дидам. Ҳамеша дуо мекунам, ки фарзандону наберагонамон, мардуми кишвари азизамон дигар рӯйи ҷангро набинанд.

Имрӯз мо — тоҷикистониён дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем, бояд ба қадри ин неъмати бузург расем, якдилу муттаҳид бошем.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»